Бахшҳо
18 янв 2016 13:27Тоҷикистон / Сиёсат

2,5 пешниҳод ба ёвари Президент

Иршод СУЛАЙМОНӢ

(Чанд сухане, ки бояд дар хатми Анҷумани XIV-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфта мешуданд)

Шанбеи 16 январ Анҷумани XIV-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор ва Зинатуллоҳ Исмоилиён раиси нави он интихоб гардид. Дар Анҷуман бештарини рӯзноманигорон барои аз байн бурдани табақабандии расонаҳо ба давлативу ғайридавлатӣ таъкид намуда, аз намояндаи давлат -- Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хоҳиш мекарданд, ки дар ин росто вориди амал шаванд. Ман низ ба раёсати нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ёвари раисҷумҳур, ҷаноби Раҳмонзода 2,5 пешниҳод доштам, ки бояд дар шакли нуқтаназар пешниҳод мекардам. Аммо чун ҷаноби Раҳмонзода баъди анҷоми суханронӣ бо далели ҷаласа доштанашон, рафт, ман ҳам дархостеро, ки барои суханронӣ дода будам, пас гирифтам. Зеро мухотаби нуқтаназари ман мушаххас буд ва бе ҳузури эшон он пешниҳоди бесуроғаро мемонд. Имрӯз тасмим гирифтам, назаротамро аз тариқи расона изҳор кунам ва барои ифодаи таъкид дар даруни нохунак биёварамшон:

“Иршод Сулаймонӣ, вакил аз гуруҳи расонаҳои “Озодагон”. Дар қадами аввал аз ҳамаи ҳамкасбону ҳамқаламону ҳамаламон ташаккур мекунам, ки як раис ва раёсати шоистаро интихоб карданд. Ва барои раис ва раёсати нав таманнои кори ҳалол мекунам ва умедворам ба нафъи миллату давлат хидмат кунанд. Ҳамчунин, як ташаккури хос ба ҷаноби Раҳмонзода Абдуҷаббор, ки ҳарчанд эшон ёвари идеологии раисҷумҳур мебошанд, вале ба баррасии масъалаи муносибати ҳокимияти иҷроия бо расонаҳо на аз нуқтаназари идеологӣ, балки бештар аз зовияи илмӣ пардохтанд. Ва ҳар касе таваҷҷуҳ карда бошад ҳамин шакли тафаккуре, ки Раҳмонзода ба намоиш гузоштанд, агар хосияти амалӣ бигирад ва ҳама мансабдорони мо чунин як тафаккурро на дар суханронӣ, балки дар воқеият нишон бидиҳанд, ба нафъи давлату миллат хоҳад буд. Хусусан дар ҳамин шабу рӯз, ки фаъолияти расонаҳо ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ вориди буҳронитарин марҳила шудааст.

Пешниҳодоте, ки мехостам дар шакли нуқтаназар баён кунам:

1. Дар мавриди табақабандии расона ва рӯзноманигорон. Инҷо як чизро бояд, бигӯям, ки хеле сол мешавад ба таҳқиқи журналистикаи сиёсӣ машғулам ва дар ин замина баъзе аз осори мунташира дар кишварҳо ва донишгоҳҳои ғарбиро низ мутолаа кардаам. Дар натиҷаи ҳамин омӯзиш ба хулосае расидам, ки расонаҳо на аз нигоҳи илмӣ (назариявӣ) ва на аз нигоҳи қонунӣ наметавонанд, ки мухолиф, яъне оппозитсиюни ҳукумат бошанд. Балки ба андешае расидам, ки ҳокимияти иҷроия бояд расонаҳоро ба сифати ёвар ва ҳамкори худ дар мудирияти давлат бишносад. Аз сӯйи дигар расонаҳо бояд дар мавриди муваффақияти ҳукумат самимона истиқбол кунанд ва дар мавриди камбуд ва номуваффақияташ интиқод дошта бошад ва ҳатто интиқоди шадид. Яъне, гуфтан мехоҳам, ки барои он ки ҳамин табақабандӣ аз байн биравад бояд навъи нигоҳ ва тафаккур тағйир дода шавад. Дувум, бояд ҳамин табақабандӣ аз қонунгузории соҳавии мо барҳам дода шавад. Барои мисол дар моддаи 7-и қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” омадааст: “Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд”. Ҳамин гуна табақабандии қонунӣ дар қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” то андозае аз миён бардошта шуд. Барои ҳамин пешниҳод мекунам, ки ҳамин гуна табақабандӣ аз қонунгузории соҳавии мо ихроҷ шаванд. Албатта, сабабҳои ба тафаккур табдил шуданди ҳамин пиндор омилҳои дигаре низ доранд ва таҳлили илмиву сиёсии амиқ мехоҳанд, ки ҷояш ин Анҷуман нест;

2. Дар ин ҷо дар мавриди меҳвари сиёсати давлат ва президент будани масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва нақши расонаҳо дар тарвиҷи он сухани бисёре гуфта шуд. Барои он ки Иттифоқи журналистон дар раванди ҳамин ҳаракат иштироки фаъол дошта бошад, пешниҳод дорам, аз нафароне, ки минбаъд ба узвияти иттифоқ пазируфта мешаванд ба таври қотеъ талаб шавад, то ном ва номи хонаводагии худро ба шакли миллӣ тағйир диҳанд. Ҳамчунин, ки ҳоло бар асоси қарори Анҷуман масъалаи номнавсии дигарбораи аъзо пешбинӣ шудааст ва ба аъзои собиқадор ҳам тавсия дода шавад ба номгузории миллӣ эҳтиром бигузоранд;

2,5. Ва ба унвони ним пешниҳод, аз ҷаноби Раҳмонзода мехоҳам барои тезтар гум шудани табақабандие, ки дар боло тавсиф шуд, дар сафарҳои дохилию хориҷии Президенти Тоҷикистон журналистони расонаҳои бонуфузи ҷамъиятиву хусусиро низ ворид кунанд. Бисёр мехостам, ки на роҳбарони расонаҳо, балки рӯзноманигорони эҷодиро, ки ҳатман ин сафарҳоро ба таври мудовим пӯшиши хабарӣ бидиҳанд. Афғонистон дар назари мо қашоқтарин кишвар аст, вале дар сафари тобистони соли 2015-и Раиси иҷроияи ин кишвар, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ шоҳид будам, ки аксари рӯзноманигорони расонаҳои хусусиву ҷамъиятии бонуфузи ин кишвар аз ҳисоби давлат ширкат доштанд. Бори дигар ба раис ва раёсати нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барори кор мехоҳам”.
Мӯҳр
сайид
Салом бародари Иршод. Ман як гуфтани барои Шумо дорам, агар амин матни худатон бошад, хаминро точикии фахмо нависонед. чи худнамои мекунед ин кадар.

Мухтарам Иршод Сулаймони!
Таклифхои Шумо кобили мулохизаанд, вале ман хамчун хамкасб ва хампешаи Шумо таклифи Шуморо рочеъ ба аз нав ба кайдгирии журналистон ва дар шакли милли пешниход намудани ном ва номи хонаводагии онхоро кабул надорам. Зеро ба назари банда имруз худ ба шакли милли пешниход намудани ному нааб низ ин як табакабандие шудааст. Агар ба арком нигаред, мардум имруз ба ду табака чудо шудаанд: табакаи мардуми одди ва мансабдорони давлати. Агар таваччух кунед, махз хамин мансабдорони давлатиянд, ки имруз ному насабашонро милли карда истодаанд. Вале мо рузноманигорон ва хатто муаллимону дигар табакахои ахоли аз чихати моли имкони тагйири ному насабашмонро надорем ва мачбурем, ки ному насаби худро хифз кунем. Ин аст, ки Шумо хам ба ба касбият диккат дихед ва ба ному насаби мо коре надошта бошед.
Ман хатто ному насаби фарзандонамро руси кардам. Чунки фарзандони мо хеч гох ба мансаби давлати рох намеёбанд, ва мансабхо аз авлод ба авлод хохад гузашт. Ин аст, ки бигзор дар хамон табакаи худ бо хамон ному насаби худ боки мо низ авлодан боки монем.

Чоми
Иршод, дигар "хеле сол мешавад ба таҳқиқи журналистикаи сиёсӣ машғулам" нагуед, айб аст. Аз замоне, ки факултетро хатм кардед, 90 сол гузашт. Кудаку чудак химоя кард. Шумо бо хамон вохимахо ва такаббури ба худ хосатон хам илм ва хам журналистикаро бо ин тахкикатон шарманда кардед!

Кор ба ҷое расидааст, ки дигар журналистони воқеӣ ба дуруст будани аъмоли ҳукумат як зарра бовар надоранд. Чи гуна мешавад корҳои ин ҳукуматро таъриф ва ҷонибдорӣ кард? Ба фарзи мисол, камера насб карданд, мардум фикр кард, ки барои назорати тартиботи роҳ аст, вале дар амал манбаи пулғундорӣ шуд, сафед дараро таъмир карданд, мардуми сода фикр кард, ки мераваду лижаронӣ мекунад, аммо дар амал ҳич нафар ҳатто аз табақаи миёна имкони ба сафед дара ворид шуданро надорад, чи расад ба он ки лижаронӣ кунад, монанди ҳамин ҳар навгоние, ки мешавад ҳар коре ки ҳукумат мекунад, асли мақсадашро мефаҳмӣ, барзарари мардум аст, на ба фоидаи мардум. Барои ҳамин фикр мекунам, ки ҳич кадом журналисти бо ҳайсият розӣ намешавад ки аз ҳукумат тамҷид кунад.

salom barodar khubast ki tojikiro ba shakli komiltar menavisi vale yak zarra tavajjuh namo bar jumalotat ҳамаламон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)