Бахшҳо

Як сол бе Суҳроб Шарипов: Набудани ӯ эҳсос мешавад...

Имрӯз, 19 январ аз даргузашти Суҳроб Шарипов, донишманди тавоно, сиёсатшиноси маъруф ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва вакили парлумон як сол пур мешавад. Ӯ 19 январи соли 2015, бар асари бемории камхунӣ дар синни 52 дунёро падруд гуфт. Дар зимн “Озодагон” аз коршиносон, соҳибназарон ва афроде, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, пурсид, набудани Суҳроб Шариповро чӣ гуна эҳсос кардаанд?

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, донишманди тоҷик

Суҳроб, руҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод, тавонист воқеияти маризи Тоҷикистонро бишносонад ва ӯ дар пайи сохтани як фазои солими сиёсии Тоҷикистон буд. Воқеан, мардонагии ақлӣ дошт, ки аз дониш ва таҷрибаи амиқи ӯ дарак медод. Ба хусус дар тирамоҳи соли 2011 як фикри пайғомбаронаро дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон гуфта буд, ки фазои монологи сиёсии Тоҷикистон бояд дигар карда шавад, ки ба дили ҳама мезанад. Ӯ бисёр хуб сарчашмаҳои ҳақиқат, нуфуз ва қудрати сиёсиро дар Тоҷикистон шинохта буд ва то ҷое тавонист фазои гуфтугӯи солимро байни ҳизбҳо, гуруҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ташкил кунад. Мутаассифона, сиёсатмардон роҳи дигарро пеш гирифтанд.

Абдулло Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ

Ман на танҳо як хонанда, балки як дӯст ва шогирдашон албатта набудани ӯро эҳсос мекунам. Албатта эҳсос мекунем, ки як машваратчии беғараз, як оинаи соф, як касе, ки таҷрибаи ӯ барои роҳнамоӣ ба мо хеле муҳим буд, имрӯз кам шудааст, намерасад. Дӯстон, устодон ҳастанд, ҳар як тояш ҷои худро доранд ва ҷойи устод Суҳроб Шарифов дар зиндагии мо холӣ аст ва мо онро дар ҳақиқат эҳсос мекунем. Ман ҳамроҳи устод солҳои тулонӣ ҳам дар Дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳам дар Маркази тадқиқоти стратегӣ кор кардаам ва дар корҳои ҳам идорӣ, илмӣ ва ҳам сиёсӣ ҳамроҳ будем, бино бар ин як шинохти бевосита аз он кас дорам ва сифатҳои бисёр ҷиддии шахсиятиаш ҳеч гоҳ аз ёд намеравад. Хусусан, ҳалол будан дар кор ва беғараз будан аз хислатҳои некӣ ӯ буданд. Дар як хонаводаи зиёӣ руста ва тамоми хислатҳои як зиёизодаро дар худ доштанд. Дигар ин ки бисёр марди босавод ва дар соҳаи худ соҳиби сухан ва мавқеъ буданд. Ҳамеша нафаронеро, ки бо мушкилие наздашон меомаданд, дастгирӣ мекарданд.

Талабшоҳ Салом, рӯзноманигор

Фикр мекунам, на танҳо хабарнигорону рӯзноманигорон, балки хонандаҳои ҳамешагии расонаҳо низ ин халоро эҳсос кардаанд. Зеро марҳум Суҳроб Шарипов на танҳо бо ВАО робита ногусастанӣ дошт, балки замони раҳбариаш дар Маркази мутолиоти стротежӣ фазое ба вуҷуд овард, ки хабарнигорон ба коршиносони ин марказ дастрасии доимӣ доштанд. Аммо бо рафтани ӯ аз раёсати МТС дари коршиносон ба рӯйи хабарнигорон баста гашт. Гузашта аз ин Суҳроб Шарипов ягона мансабдоре буд, ки соли 2012 алайҳи ройгон тамдид кардани муҳлати будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикстон садо баланд карда буд. Фикр мекунам, ин хусусиёт аз ҷасурию демократ ва як сиёсатмадори мудерну хушбин ба ормонҳои демократӣ, пойбанд ба манофеи миллӣ будани Суҳроб Шарипов дарак медод, ки албатта, ин ҳама мӯҷиби ҳифзи ӯ дар ёдҳо мешавад.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон

Аз нуқтаи назари вазифавӣ ҷойи ҳеч кадоми мо холӣ намемонад. Шахсиятҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд ин вазифаҳоро адо кунанд, лекин ҷойи шахсиятҳое чун Суҳроб Шарипов, ҷойи муҳаббат ба онҳо, зарурати шахсияте мисли Суҳроб дар ҷомеа ҳамеша холӣ мемонад ва онро ҳеч каси дигар пур карда наметавонад. Суҳробҷонро ҳамчун фарзанди устодам аз синфи сеюм мешинохтам. Бо ӯ як муносибати бародарона доштам ва ҳамчун дӯст, ҳамкасб, чун касбияташ олӣ буд, аз ин ҷиҳат ҳам бо ӯ муносибати бисёр хуб доштем. Ба сифати муовинашон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ чандин солҳо кор кардем, дар ин солҳо боз ӯро аз наздиктар шинохтам, ки як мардонагие дорад, як ватандӯстие дорад, як садоқате дорад ба Президенти кишварамон, ба ватани азизамон, ба ҷумҳурии бисёр соҳибистиқлоламон. Махсусан, ман бояд таъкид кунам, ки дар масъалаи ҳифзи соҳибистиқлолӣ мавқеи мо бо ҳам бисёр наздик буд. Ғайр аз ин, вақте ба парлумон рафтанд, ҷойи Суҳроб воқеан ҳам холӣ буд ва тариқи телефон бо ҳамдигар суҳбат мекардем, чун вақти вохӯрӣ аслан надоштем. Ӯ дар парлумон буданд ва мо дар ин ҷо якдигарро асосан бо телефон ё табрик мекардем, гоҳ аҳволпурсӣ мекардем, ки он ҳам гоҳ-гоҳ буд, зиёд набуд. Акнун пушаймонам, ки чаро дар вақташ бештар суҳбат накардем, маслиҳат накардем. Таъкид мекунам, ки дӯстони зиёд дорем ва ҳамаи онҳо аз Суҳроб Шарипов ҳамеша ёд мекунанд. Марказ ҳам хотираҳои дӯстонро аз шодравон Суҳроб Шарипов ҷамъоварда истодаанд, то аз онҳо ягон китобе кунад.

Ёқуби Саид, хабарнигор

Воқеан, марҳум Суҳроб Шарипов бо рафтани худ ҷоеро дар майдони матбуоти Тоҷикистон холӣ гузоштааст. Гарчанде бо ҳамаи назарҳо ва гуфтаҳои ҷаноби Шарипов намешуд розӣ буд, вале ҳамеша бо иштиёқ мешуд назарҳояшро мутолиа кард. Ҳоло ки вай нест, аз тими ҳукуматӣ касе пайдо намешавад, ки иқдомҳои ҳукуматро бо мантиқ ва далел ҳимоят кунад. Гарчӣ марҳум Шарипов як ҳукуматгаро буд, вале ҳамзамон мешуд ӯро як сиёсатмадори воқеъбин ном бурд. Барои мисол, ӯ буд, ки гуфта буд, демократияи воқеӣ дар Тоҷикистон танҳо баъди соли 2050 имкон дорад. Дурустии ин сухан ба худаш рушантар буд, аммо барои мо, фикр мекунам, паёмаш ин буд, ки дар солҳои наздик демократияи воқеӣ дар кишвар роҳ нахоҳад ёфт. Чизе ки мо баъд аз марги он ҷаноб мушоҳида мекунем.
Мӯҳр
Мухочир
Худо рахматаш кунад пешгуи он кас барвахт накшакашишуда будааст худо умри Рустами Эмомалиро дароз кунад баьди 2020 30 соли дигар рохбари кунад дар ин пешрафти техналогияи муосир фарзандхои инхо худшон демократ мешаванд шумо чи мегуед? Кози домуло хочи Акбар Турачонзода хам суол дода будан он кас гуфта буданд дар ин 50 соли охир Точикистон исломи шуданаш номумкинаст вот это ищо факт е не?

Мухочир
Чаро каментари ман нест?

....чи касе буд, ки мегуфт: - Сухроб кафшхоят, ку???
Вокеан, хам на пайи монду на Хайдар...гуё, ки дируз буд, имруз нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)