Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 11:16

Амонатбонк бинои навашро ба Чин дар гарав гузоштааст

19 январ 2016, 15:25

Руҳулло Ҳакимзода, раиси бонки давлатии “Амонатбонк” мегӯяд, бинои навбунёди ин ниҳоди молиро, ки бояд сохтмонаш то соли 2017 анҷом ёбад, дар гарави Чин гузоштаанд.

Ҷаноби Ҳакимзода имрӯз, 19 январ дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, барои анҷоми сохтмони бинои нав аз Бонки давлатии рушди Чин қарз гирифтаанд. Ӯ афзуд, ба ивази ин қарз, ки бо фоизҳои паст барои 10 сол дода шудааст, бинои бунёдшавандаи бонкро гарав гузоштаанд.

Ба иттилои раҳбари "Амонатбонк", қарзи Чинро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар гардиши бонк қарор дорад, бозпас хоҳанд дод. Руҳулло Ҳакимзода гуфт, феълан таҳхона ва ошёнаи якуми бинои нав бунёд шуда, анҷоми сохтмон соли 2017 дар назар аст.

Сохтмони бинои нави Амонатбонк моҳи марти соли гузашта оғоз гардида, тибқи лоиҳа аз 10 ошёна, бо 180 утоқи корӣ, 20 утоқи машваратӣ, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, конференсзал барои 100 нафар, ошхона ва тавақкуфгоҳи зеризаминии 2-ошёна иборат хоҳад буд. Дар маҷмӯъ бинои нав барои фаъолияти 750 нафар кормандон бо шароити мусоиди корӣ пешбинӣ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Zafar

  • 19 январ 2016 23:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Chi lozim kori behuda hamachizro doda tamom kardaed

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!