Бахшҳо

Кадрҳо мераванд, меоянд. Натиҷа?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бо оғози тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон ин баҳс боз дар ҷомеаи Тоҷикистон доғ мешавад, ки тақрибан хулосаашро Умари Хайём гуфтааст: “Аз омадану рафтани мо суде ку?”

Сиёсати кадрӣ аз номуваффақтарин бахшҳои кори ҳукумат дар Тоҷикистон аст, ки ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси таҳлили бузургтарин марказҳои илмиву таҳқиқотии олам дар асри навин ҷаҳонро се чиз -- КАДР, САРМОЯ ва ИТТИЛООТ идора мекунанд. Дар мисоли Ҷопон, Чин, ИМА, Олмон ва баъзе кишварҳои дигар мо мебинем, ки ин се унсури идоракунандаи ҷаҳон чун як занҷира ба ҳам пайваст буда, ин кишварҳо натиҷаҳое хуб ба бор овардаанд. Дар баъзе кишварҳои дигар танҳо яке аз ин се унсур мояи рушди давлатҳост. Аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар ва аксари кишварҳои содиркунандаи нафт. Дар ин давлатҳо сармоя ҳарфи аввалро дар қудрат ва идоракунӣ мезанад. Вале дар баъзе кишварҳои дигар аз ин се унсур ҳеч кадоме дуруст кор намекунад ва ҳамоҳангӣ миёни онҳо дида намешавад. Бештарини ин гуна кишварҳо давлатҳои қашшоқу мардуми камбағал доранд. Мутаасифона Тоҷикистон дар саффи онҳост.

Дар Тоҷикистон ҳамоҳангии муҳиме миёни ин се унсури аслии идоракунии ҷомеа мушоҳида ва эҳсос намешавад. Барои доштани иттилоот ба сармоя ниёз дорем ва барои доштани иттилоот сармоя надорем. Аз сӯйи дигар барои ҷалб ва пайдо кардани сармоя кадр лозим. Кадрҳо ё нестанд ё...

Оё гуфтан метавон, ки тағйироти кадрии ахир дар Тоҷикистон, ки ба назари коршиносон боз давом дорад, ниёзҳои мардум ва ҳукумати иҷроияро бароварда месозад? Оё вазъияти буҳронӣ мунҷар ба пазируфта шудани кадрҳои муҳим ва болаёқат мешавад ва ҳамин зарурати як тими кадрҳои нерумандро ба вуҷуд меовард? Яъне, оё тағйироте дар сиёсати кадрӣ мешавад ё не? Ҳама медонанд, ки сиёсати кадрӣ ин самти умумии кор бо кадрҳост, ки дар асоси тавофуқи мабдаъҳо, методу қаволиб, механизмҳои мудирият ба хотири бароварда кардани ҳадафҳо амалӣ карда мешавад. Оё кадрҳое, ки дар Тоҷикистон сари мансаб омаданд ҳадафҳоро бароварда мекунанд? Агар ба вазъияти соҳаҳо нигоҳ кунем маълум мешавад ки, на! Зеро аксари соҳаҳои кишвар мушкили сангин доранд ва омадану рафтани мансабдорон дигаргуниеро ба бор намеоварад. Онҳо меоянду мераванд, аммо мушкили соҳа ҳамоно боқӣ мемонад.

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ЧӢ ХОСИЯТ ДОРАД?

Тейлор яке аз намояндагони барҷастаи мактабии классикии менеҷмент асоси сиёсатии кадриро дар таъини кадрҳо ба мансабе медонист, ки дар он ҳамон кадр имкони дигаргуниҳои зиёдеро ворид кардан дорад. Намояндагони барҷастаи илм ҳеч вақт дар сиёсати кадрӣ унсурҳое чун ҷуғрофиё, фасоди молӣ ва дӯстиву хешу табор буданро муҳим нашумурдаанд. Шадид шудани буҳрони иқтисодӣ, низоми иқтисоди бозории ҷаҳонӣ ва авҷ гирифтани муносибатҳи сиёсӣ бар асоси равандҳои иҷтимоӣ сиёсӣ дар Осиёи Миёна моро ҳушдор медиҳанд, ки ба сиёсати кадрии дарозмуҳлат рӯй биоварем ва тағйироти кадриро дар асоси ҳарчи зудтар берун шудан аз буҳрон ва поён додан ба давраи гузариши Тоҷикистон амалӣ кунем. Ва бароварда кардани ин дурнамо пеш аз ҳама вазифаи аслии кобинаи имрӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бояд сиёсати кадрии Президенти мамлакатро муваффақ кунанд. Ҳоло тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон мазмунан дар шакли куҳан боқӣ монда, шаклан дигар шудааст. Агар пештар ҳама мансабдоронро дар ҷаласаи ахири сол ҷамъ карда мансабҳояшонро бо ҳам иваз мекарданд, ҳоло тағйироти кадрӣ хосияти давраӣ пайдо карда мансабҳо иваз карда мешаванд. Ғолибан дигаргуниҳои кадрие, ки ҳам сурат мегиранд чандон қобили мулоҳиза нестанд. Чаро ки аслан, як мансабдор ба ҷойи дигаре меравад ва барои мардум маълум аст, ки вай дар вазифаи собиқаш чӣ кор карда буд ва ҳамин донишу таҷрибаро дар он низ анҷом медиҳанд. Яъне тағйироти бетағйир.

Вале ниёзи бештари мардум аз ин тағйирот чизи дигарест. Барои мардум ва ҷомеа хеле муҳим аст, ки чаро фигураҳои нав ба ҳайати ҳукумати кишвар намеоянд? Чаро кадрҳо аз ҳисоби нафарони ҷомеаи маданӣ, соҳибкорони муваффақ ва дигар пештозони ҷамъиятӣ таъин намегарданд?

КАДРҲО ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Маълум аст, ки тамоми низомҳо ва сиёсатҳову тағйироти кадрӣ дар марҳилаи аввал, барои он амалӣ мешванд, ки мардум аз фақру бенавоӣ раҳо ёбанд ё кишвар аз вазъи буҳронӣ берун шавад. Марҳилаҳои баъдии он ба хотири ба пешрафти давлат ва ба саодат расондани аҳолии як кишвар ҳаст. Аз ин нигоҳ сиёсатҳои кадрии мо ба хотири наҷоти мардум аз фақру бенавоӣ пешбинӣ мешаванд ва аммо аксари мансабдорони мо марҳилаи аввали озмоишро намегузаранд ва инро дар менеҷмент сиёсати кадрии заиф таъриф мекунанд. Яъне, онҳо ҳанӯз кадре нестанд, ки бо бенавоён созиш карда тавонанд. Дар сиёсати кадрии мо бештар навъи сиёсати кадрии ангезанда дида мешавад, то сиёсати кадрии сатҳи хуб, яъне сиёсати кадрии тадбирӣ. Ҳол он ки дараҷаи ниҳоии сиёсати кадрии беҳтаринро сиёсати кадрии фаъол ташкил мекунад ва дар Тоҷикистон нишонаҳои гузаштан ба сиёсати кадрии фаъол тақрибан дида намешавад ва заминаҳое, ки ҳам гузашта мешаванд умедворкунанда нестанд.

Ҳамеша масъулияти мансабдорон аз он иборат буд, ки соҳаеро, ки ба роҳбарӣ мегиранд пешрав кунанд ва дар маҷмӯъ вуҷуди институти мансабдорӣ ба хотири пешрафти давлат ва ба саодат расидани миллат мебошад. Таҷрибаи наздик ба бисту панҷ соли истиқлоли Тоҷикистон собит кард, ки аксарияти мансабдорони тоҷик ба рисолати асливу касбиашон камтар содиқ мебошанд ва бештар ба хотир суду манфиати зиёд мансабталошӣ мекунад. Таҷрибаи як қисм мансабдорони тоҷик дар даврони истиқлол нишон дод, ки соҳаи зери роҳбариашонро то он дараҷае хароб мекунанд, ки солҳо зарур, то он соҳа дубора ба по истод шавад. Ва агар ба он соҳа як нафари воқеӣ биояд, агар не, не! Бештарини мансабдорони мо розиянд, сахтарин ҳарфҳои раиси ҷумҳурро дар ҷаласаҳои кории ҳукумат таҳаммул кунанд ва шадидтарин танқидҳои матолиби ВАО-ро хуш бипазиранд, аммо судҷӯиро дар мансаб дошта бошанд.

Тағйироти зуд-зуди кадрӣ дар мансабҳои баланди давлатӣ, рушди кунди кишвар ва ҳамеша вазъи буҳронӣ доштани иқтисод нишонаи он аст, ки институти кадрии мо заъфи бисёре дорад ва он то ҳанӯз ба ҳайси як ниҳоди иҷтимоии таъсиргузор дар раванди рушди миллӣ шакл нагирифтааст. Савол ҳам ин ҷост, ки барои шакл гирифтани ин институт тағйироти кадрӣ муҳим аст ва ё тағйири сиёсати кадрӣ?!
Мӯҳр
Мухочир
Бародар Иршод е хар ду,харчи хами шумо хасти якчи нимчи мегуед набошам хамин сайтхохам дар назарамонбад мешавад худо хифзатон кунад акои Рачаби Мирзора хам рози кунед ята нимта нависад боки худо хофиз

ман
Оё кадрҳое, ки дар Тоҷикистон сари мансаб омаданд ҳадафҳоро бароварда мекунанд?
Бале дустам. масалан рохбарои ТВ Сафина ин корро кард. Сафинара ба пураги хароб кард, хама чавонони лаёкатмандро аз кор пеш кард, маблагхои Бучети давлатиро ба бачахои худаш таксим кард, онхоро сохиби мошинхои гаронарзиш кард, барномахои фархангиро пурра аз эфир дур кард. Ба чои барномахо сериалхои руссиро пахш мекунад то кудакони мо аз хурди бусидану ишкварзиро дуруст ёд гиранд. Кард ку. Хар чизе, ки ба фарханги милли мо рабт дорад барои рохбари Сафина"Кишлокис". Ва хар чизе, ки ба фарханги гарб рост меояд ун барояш хушаст, масалан зани точик аз чи камаст, ки се шавхар накунад (Дар ин хусус сухбат дар барномаи Дугонахо буд), ё чаро духтари 15 солаи мардумро марди 50 сола дар ру ба руи 10 милион тамошобин набусад.(Дар барномаи Маликаи хушхиром) ё инки чаро зебогии лабу пойхои як модари точикро шавхараш нею коргардон эхсос кардааст (дар барномаи Ногуфтахо) ва гайраву гайра.,,, Рохбари Сафина умуман ба давлату милати мо содик нест, лекин кор карда истодааст, КАДРИ "ЧАВОН"-хадафхои миллиро пиёда месозад--аммо кадом миллат ин сулест бе чавоб ,,,,

Агар суде набошад барои ягон НАФАР кадрхо иваз намешаванд, каллаварамхо...

Кадршинос
о, махмадоно, ягон чи дар сиёсати кадри нафахми, вазъияти вокеиро надони, чи вохима мекуни

Мана Зиннатуло Исмоилов таъин шуд ку. Магар он кас аз пештозони чомеаи мадани ва чамъияти нестанд ми? Хастанд. Худи Асадулло Рахмон хам аз хисоби чомеаи журналистон, яъне аз хисоби Шумо сабзида расидаанд. Инро хам дар назар гиретон

Балх
Шаф-шаф-шаф-шаф. Как всегда! О бародар, ягон харфи конкрет бугу! И гапора кампири момам пеш ай мурдануш мегуфт мара. Ай кампира фарк надори? Иша гирем, комша монем? Ку бугу?

НЕКИ АМИ БАЧА БО АМИ ФИКРХОИ ПУЧУ БЕ МАЪНИАШ БИСЁР ХУДНАМОИИ КАДЕСТАЙ.. ЯК САВОЛ АГАР АМИ ИРШОДА ЯГОН ВАЗИФА ДИХАНД АЗ УХДААШ МЕБРОМАДА БОША..... ЯК РАФИКИ НАЗДИКАМ КИ ИРШОДА ДАР ДАВРАИ АСПИРАНТИШ МЕШИНХОТ ХАР ГОХЕ МАКОЛАХОИ БЕСАРУ БЕ КУНИ УРО МЕХОНАД, ФАКАТ ЯК СУХАН МЕКУНАД. У МЕГУЯД ХАМИ ИРШОД АЗ УХДАИ НАВИШТАНИ РИСОЛАИ НОМЗАДИАШ БАРОМАДА НАТВОНИСТ, ДИГАР ЧИ ХОЧАТ БА ТАХДИЛУ БАРРАСИХОИ МАКОЛАХОИ СИЁСИААШ. ИНСОН АВВАЛ ЯК БА ХУДАШ НАЗАР КУНАДУ БАЪДАН БА ХОЛИ ДИГАРОН ХАНДАД ГУФТААНД БУЗУРГОН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)