Бахшҳо

Ректори Донишгоҳи тиббӣ: Намегӯям фасод нест, баднафсҳо ҳастанд

Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи фасод дар ин муассисаи таълимӣ хеле паст шудааст, вале ҳанӯз пурра решакан нагардидааст.

Убайдулло Қурбон, имрӯз, 26 январ дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки агар гӯяд дар муассисаи тобеяш коррупсия нест, нодуруст аст: “Дар сатҳи хеле ва хеле паст аст. Ҳозир гӯям, ки нест, нодуруст мешавад, зеро ҳангоми санҷишу дигар чорабиниҳо дар кафедраҳо шояд ягон омӯзгор, ягон баднафс пора гирад”.

Ӯ таъкид намуд, ки барои мубориза алайҳи фасод дар донишгоҳ сандуқи арзу шикоят ва суроғаи электронии раёсат доранд, ки ҳар донишҷӯй бевосита метавонад, ба ректор муроҷиат кунад: “Агар ягон сигнал пайдо шавад, ҳамон лаҳза вокуниш мекунем, чораҷӯӣ мекунем. Шукрона дар ин масъала феълан вазъ дар донишгоҳ солим аст”.

Оқои Қурбон илова кард, ки қаблан овозаҳо паҳн мешуданд, гӯиё қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ ба ивази 25 ҳазор ва ҳатто 75-85 ҳазор доллар сурат мегирад: “Инҳо афсонае беш нестанд. Дар ин масъала виҷдони мо тоза аст”.

Ректор изҳор дошт, ки дар пайи ташкили Маркази миллии тестӣ, овозаҳо дар бораи фасодкорӣ дар Донишгоҳ кам шудаанд ва ӯ ҳамчун шаҳрванди оддӣ метавонад дар фасли тобистон як-ду ҳафта ба истироҳат равад: “Давоми 8 сол имкони рафтан ба истироҳат надоштем, зеро моҳҳои июн-август вазнинтарин даври фаъолияти ректор буданд. Бояд ба як реҷаи муайян фаъолият мекардем, то аз фасод ҷилавгирӣ кунем”.

Тибқи иттилои раёсати Донишгоҳи тиббӣ соли гузашта, 1410 донишҷӯро қабул кардаанд ва феълан дар ин муассиса 8 ҳазору 120 нафар таҳсил мекунад.
Мӯҳр
Вакте, ки маориф, илму маърифат бо фасод олуда шуд, дигар аз пешрафти он умедатонро канед. То замоне, ки маоши муаллиму олим барои зиндагии миёна кифоят накунад фасодро аслан решакан карда намешавад. Шумо таваккуъ доред бо ин шароите, ки муаллим дорад фасодро аз байн баред??? Бояд ба асли мушкилот пардозед то ин бемори илоч шавад.!!!

Дар хакикат хизмати шоёне барои сохаи тиб намудааст. Мардум пеш аз маркази тести хам бо саводи худ донишчу шудаанд. Бехтарин кадр дар сохаи тиб мебошанд. Чаррохи беназир хам мебошанд. Аз наздик мешиносам. Ба вазифаи вазири тандурусти хам зебанда аст, сирф ба хотире ки фойдааш ба мардум мерасад. Муваффак бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)