Бахшҳо
02 фев 2016 14:30Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

(VIDEO) Кумита: Занҳо бо ташаббуси мардон ба Cурияву Ироқ рафтаанд

Бештари занону духтарони тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ қарор доранд, бо ташаббуси мардон онҷо рафтаанд. Ин нукта имрӯз, 2 феврал дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон ва оила зикр гардид.

Маҳбуба Азимова, масъули кумита мегӯяд, танҳо теъдоди ночизи бонувон худашон тасмим гирифтаанд, ки ба он кишварҳои дар ҳоли ҷанг бираванд. Ӯ аз ироаи теъдоди занону духтарони тоҷикистоние, ки дар ин ду кишвари Ховари Миёна қарор доранд, бо далели махфӣ будани маълумот худдорӣ варзид, аммо гуфт, бештари онҳо аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказанд. Хонум Азимова афзуд, “онҳо пушаймон шудаанд, вале роҳҳои баргардониданашон хеле мушкил аст”.

Идигул Қосимзода, раиси навтаъини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон яке аз сабабҳои аслии ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтани занони тоҷикро “беэътиноии модарон” арзёбӣ кард: “Агар меҳру муҳаббат ва эҳтиром миёни модару фарзанд бошад, ягон фарзанд модари худро партофта намеравад. Фикр мекунам, мо модарон дар ягонҷо беэтиноӣ кардем, ки фарзанди мо ба ин роҳҳо рафтаанд”.

Мӯҳр
Аҳмад
Салом! дуруст қайд кардед, ки ин фарзандоне, ки ба Сурия ва ироқ рафтаанд ба хотири набуди муҳаббат аз тарафи волидон ва наздикон аст. вале саволи асосӣ инҷо аст, ки кумитаи кор бо занон барои робитаи самимӣ модарон ва фарзандон чи корҳои анҷом додааст? кумитаи кор бо занон барои мустаҳкам шудани ин робитоҳо дар ҷомиа чи кор кардааст? Оё вазифаҳои худро ба хуби анҷом додааст? мо мусулмонон маъмулан ба вазифаҳои худ амал намекунем ва ҷавононро ба корҳои хуб ва шоиста ташвиқ намекунем вале аввалин қадами корамон танбеҳ аст ва ин аз назари равоншиноси ва улуми тарбияти комилан хато аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)