Бахшҳо

Посухи Қ.Қосим: Кӣ амволи давлатро ба Кабирию Назарзода ғайриқонунӣ фурӯхт?

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки масъули идора ва хусусигардонии амволи давлатӣ дар кишвар мебошад, имрӯз, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки дар мавриди амволи ғайриқонунӣ хусусикардаи Назарзода ва Кабирӣ феълан тафтишот идома дорад ва "мо ахболи иловагӣ надорем".

Қодири Қосим афзуд, ки баъди ба моликияти давлат ворид намудани амволи ғайриқонунии ин афрод, масъулини Кумита барои истифодабарии минбаъдаи он чораандешӣ хоҳанд кард.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 2 феврал иттилоъ дод, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи кишвар даҳҳо амволи давлатиро ғайриқонунӣ хусусӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод дар 12 биною иншооти хусусигардонидаи Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷиши дурустию асоснокии хусусигардонии амволи давлатӣ гузаронида шуда истодааст: “Танҳо дар 8 иншоот муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст”.

Дар мавриди амволи Муҳиддин Кабирӣ масъулини Оҷонсӣ изҳор доштанд, ки гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ 42 биноҳои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигари ӯ ва наздиконашро ошкор гардидааст. Оҷонсӣ мегӯяд, Кабирӣ низ даҳҳо амволро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
Аммо дар мавриди он, ки кадоме аз масъулини давлатӣ дар хусусигардониҳои ғайриқонунӣ даст доранд, иттилое ироа нагардид.
Мӯҳр
п
Конун дар Точикистон бозича шудааст. Чи хеле ки хукуматдорон хоханд хамон хел тобаш медиханд. Айб аст ин гуна давлатдории асримиенаги.

хакталош
кадоме аз масъулини давлатӣ дар хусусигардониҳои ғайриқонунӣ даст доранд, номбар ва ба чавобгари кашида шаванд, то ба дигарон панд шавад.

охир ин раиси мухтарами кумита саломатиаш хуб нест, чаро гам метиедша?

Сохибкор аз хисор
Зарар ба бонк! охир бонкдорон худашон сохибкор Азизов Окилро ба бонки Агробанки Вахдат даьват кардан фармон аз боло гуфтан маблаги калон ба суратхисоби онхо гузарондан зимистон хунук омад сохибкор зарар дид гармхонаи Вахдатро гирифтан 4 сол пеш фоизхои пулро гирифтан имруз корупсия санчида баромадан боз бечора сохибкоро гунахгор карда ба махкама кашиданиян. Точикистон аз маниии!

Мухтарам Раиси Кумита! Мардумро нодон ва беакл хисоб накунед. Хамаи амволи давлатро гайри конуни ба пулдорон фурухтаед. Мисол тамоми иншооту базахои ЧСК "Промстрой"-ро бо 100 000 долар фурухтед, ки ин гуё бе пул мебошад

Имруз баъди душмани миллат баён кардани давлат молу амволи Кабириву Назарзода ва ..... баррасси мекунед, вале онхое, ки имруз рохбарони идорахоро дар даст доранд, молу амволашонро ки баррасси мекунад. Бояд хар яки онхо аввал "пояшонро аз андозаи курпа дарозтар кунанд" баъд ба баррасси мепардозанд. Вой бар ахволи мардуми бечора, ба ки бовар бикунад???????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)