Бахшҳо

Чаро "эҳтиромона"-ро намешавад ислоҳ кард?

Яке аз ғалатҳои “ҷонсахт”, ки ахиран фарогир шуда ва ба ҳеч васила намешавад онро ислоҳ кард, ҳамин калимаи “эҳтиромона” аст.

“Эҳтиром” исми маънӣ (муҷаррад) аст, ба саволи “чӣ?” ҷавоб мешавад. Мисли шуҷоат, шарм, иззат ва аз ин қабил. Ҳамон қадар ки “шуҷоатона”, “шармона” ва “иззатона” гуфтан ғалат бошад, ҳамон андоза “эҳтиромона” низ ғалат аст. Яъне “она” анҷомае нисбатсоз аст, ки ба сифат мепайвандад (на ба исм) ва навъи амалеро баён мекунад, ки сифати манзуреро ҳамроҳ дорад. Ба иборати дигар, агар бихоҳем, анҷомаи мазкурро бо он калимаҳо бипайвандем, аввал бояд аз он исмҳои маънӣ (муҷаррад) сифат бисозем. Яъне “боэҳтиромона”, “бошармона” ё “бешармона”, “бошуҷоатона” ё “шуҷоона” ва ғайра. Аммо дар мавриди “боэҳтиромона” бояд гуфт ки бидуни “она” ҳам “бо эҳтиром” навиштану гуфтан кофист, ҳатто шартан метавон “боэҳтиром” (пешояндро часпида) навишт.

Шояд касоне эътироз кунанд, ки пас чи тавр аз калимаи исмии “мард” ба воситаи анҷомаи “она” сифат сохта шудааст? Дар посух бояд гуфт, ки дар ин маврид аз калимаи “мард” на ҷанбаи исмии он, балки ҷанбаи сифатии он, ки ба маънои шуҷоат ва диловарӣ ва сифоти дигар аст, манзур гардидааст ё чизе, ки нисбат ба ҷинси музаккар (дар муқобили муаннас) дорад, ки ҳамчунин навъе аз сифат аст (қайд). Ё вақте “хизмати хирсона” мегӯйем, манзур аз “хирс” сифати нодонӣ ва ҷаҳолат аст.

Маншаи ин ғалат корбурди иштибоҳӣ аз вожаи “эҳтироман” мебошад, ки дар навиштору гуфтори ҳамзабононамон ба маънои “бо эҳтиром” меояд ва дар қиёси калимаҳое чун “сидқан”, “эҳтиётан”, “зӯран” сохта шудааст. Пас, лозим аст, минбаъд аз ин мафҳум ба сурати “бо эҳтиром” (боэҳтиром) ё “эҳтироман” кор бигирем. “Муҳтарамона” низ саҳеҳ аст.

Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”, Фейсбук)
Мӯҳр
Вахоб
номаъкул карди. Калимаи эхтиромона бисёр гуворо буда дили инсонро нарм мекунад, хатто дар муоширати хамзабононамон Эрону точикони Афгонистон фаровон истифода мешавад. Аз шабакаи Озодагон эхтиромона хохишмандам чоп намоед.

монен гуфтан бгиран ягон бади надора хамаи забонхо вобаста ба вакту замон иваз мешаванд!! бачои як калимара як сол фикр кадан хатогии дига касора ёфтан ягон техника ё технологияи Нав фикр кни намешава?!!

тоҷик
Вахоб,
туро чи ба ин баҳсҳо ва мантиқу илму вожа
ту бра гусфвндота бчарон хдтам бху бчар бгард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)