Бахшҳо

Аслов дар бораи қабули Кабирӣ ва сафари Президент ба Эрон

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Эрон наметавонад ба муносиботи ду кишвар таъсиргузор бошад, вале афзуд, ки дар паҳлӯи ҳайати Тоҷикистон ҷой додани Кабирӣ хилофи бародарӣ ва шарикии ду кишвар буд.

Аслов, имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан Душанбе бо Эрон мушкиле надорад ва хостори мураккаб сохтани муносибот бо ин кишвар нест: "Чунин ниятро надорем".

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки бо Эрон якчанд лоиҳаи созишномаро рӯи даст доранд ва дар сурати ҳамоҳанг шудани ин созишномаҳо дар назар аст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон ташкил гардад.

Дар мавриди “нота”-и Тоҷикистон ба Эрон Аслов изҳор дошт, ки он на нигаронӣ аз ширкати Кабирӣ дар конфронси Теҳрон, балки талош барои ҷалби таваҷҷуҳи Эрон ба ҳамкориҳои минтақавию миллӣ буд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 декабр бо нишони эътироз аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба сафири Эрон дар Тоҷикистон --Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ёддошт супорида буд.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар ёддошт аз ҷумла омада буд:“Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”.

Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабри соли 2015 идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мӯҳр
salom .digar in xabarnigoro kor nadoran ,1 gap doran baroi chi Kabiri dar nazdi namoyandahoi Tojikisnon shisht.oxir diar saval eft nashud.oxir 1 savoli teton ki baroi ygon rohi hali problema boshad. bovar kuneton e ne az Kabiri sar karda tomomi hamun odamhoi dar hukumat kor mekunan ygontash dar fikri mardum nestan .in gapoi hamashon megan afsona

Kdkfkx
ОЗОДАГОН АЗ НАБАРОРЕД КИ НОМИ КОНФРОНС ВАХДАТ БУД

Хабари бехтарини руз. Сафари Пешвои миллат ба Эрон вокеан сафари таърихи хохад буд. Дар холе, ки тамоми кишвархои чахон дар холи бехтар кардани муносибат бо Эрон хастанд мо набояд муносибатро бо бародари худ бад намоем. Аз имконияти Эрон баъди лагви тахримот бояд бехтарин имконотро барои Точикистон истифода намоем. Эрон хеч гох душмани Точикистон набуд ва нахохад буд. Ин душманони ду кишваранд ки талош доранд муносибат хатчадор шавад. Аммо рохбарияти кишвар зиркау хушёранд ва ба ин амал рох нахоханд дод. Зихи дустии ду кишвари хамзабон ва хамфархангу дуст!

""НОТА"-барои чалби таваччухи Эрон ба хамкорихои минтакавию милли"-хандаовар..."Озоди", хамин раис хай як гизала шид-шидда, и кадар гарангуш карден.

Ooo. Hamun hoji halim muovini vaziri mudofea bud yo muovini kabiri

Ба окои шарифчон: чаро ин сафарро таърихи мегуи? Чаноби оли пеш аз ин хам сафархои зиёде ба эрон дошт шартномахои мухимеро ба имзо расонд бинобар ин ин сафар таърихи нахохад буд. Дуюм инки шумо касе хастед дар эрон хастеду аз холи эрон хабар надоред тамоми кишвархои минтакаи араби сатхи хамкориро бо эрон кохиш ва баъзехо комилан катъ карданд. Ки мехохад бо эрон хамкори кунанд. Ман як точики ориёии миллатгаро ва нажодпарастам аммо дуст намедорам бо эрон ба гайр аз хамкорихои иктисоди ва илми техники ягон хамкори дигар дошта бошем зеро аз нигохи фарханги мазхаби ва кулан идеалоги (акидахои сиёси) эрон авалин душмани мо хохад буд хато пеш аз яхудиёну узбакхову дигар душманонамон. Озодагон маро наранчону чоп кун!
manon,

Dev
Эрондидаи эроншинос,
Shumoya noranjoda guftaniyam,ki in safar tarihi meshavad, chunki mo az Iron ustuhonhoi zijoidro intizorem in dafa.
""НОТА"-барои чалби таваччухи Эрон ба хамкорихои минтакавию милли"-kajf po tadzhikskij.Chida mokati hamkori nameknen ira notara bgren!

Эроншинос! Ту агар эмонат нисбати мазхабат сахт бошад ягон эрони туро аз мазхабат бегона намекунад. Пас ин гапоя мон. Россия дар ислом нест аммо бо эрон муносибати хуб дорад. Мана 3 милион литр сузишвории дизели ба точикистон равон кард. Боз мехохад, ки Точикистонро ба бозори фуруши сузишвории Эрони дар осёи миёна табдил дихад. Мана чои кору фоида. Сабсатахои тафрикандози барои чи лозим.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)