Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 04:54

Шаҳри Чкаловро Бӯстон бояд номид ё Кимиёканд?

5 феврал 2016, 10:26

Умед ҶАЙҲОНӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода ки обанбори Қайроққум ва даҳ шаҳру ноҳия, аз он ҷумла шаҳри Чкаловро номгардон кунад.

Мақомот гуфтаанд ки номгардонии шаҳру ноҳияҳо ва обанбор бар асоси моддаҳои 10, 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” бо пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад. Ёдоварӣ мешавад ки моддаи 18 банди 4-и Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад, “ҳангоми номгузорӣ ва тағйир додани номи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин манфиатҳои умумидавлатӣ ҳамчунин шароитҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва дигар шароитҳои маҳаллӣ, инчунин афкори мардум ба инобат гирифта мешавад”.

Моддаи 19-и ҳамин Қонун муқаррар мекунад ки “ҳангоми номгузорӣ ва тағйири номи вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳо такроран додани номҳое, ки мутаносибан дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд, мумкин нест (ҚҶТ аз 5.08.09с, №546)”.
Ҳамчунин моддаи 7-и Қонуни ҶТ “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” муқаррар кардааст ки “номе, ки ба объекти ҷуғрофӣ дода мешавад, бояд аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдорро инъикос намуда, чун қоида аз се калима зиёд набошад ва ба тарзи муқаррарӣ ба низоми амалкунандаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ дохил шавад. Додани номи якхела ба ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар доираи як воҳиди марзиву маъмурӣ манъ аст”.

Тағйири номи шаҳри Чкалов ба Бӯстон дақиқан бо моддаи 19-и Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 7-и Қонуни ҶТ “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” муғойир ва носозгор аст, зеро ки маркази ноҳияи Масчо дар вилояти Суғд низ Бӯстон ном дорад. Ин носозгориро мешавад бо такя бар моддаи 18-и Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таваҷҷуҳ ба торихчаи бунёди шаҳри Чкалов барканор кард. Чунон ки медонем, торихчаи шаҳри Чкалов аз бунёди корхонаи истихроҷу коркарди кониҳо ва маводи кимиёӣ дар соли 1949 оғоз меёбад. Аз ҳамин хешкории он корхона метавон ду истилоҳро гирифт ва аз онҳо ҷойном сохт. Он истилоҳот “кон” ва “кимиё” ҳастанд. “Кимиё”-ро дар форсии тоҷикӣ ба маънои “химия” ба кор мебаранд ва манзурамон низ дақиқан ҳамин дониш ва хешкории он корхона аст. “Кон” дар забони форсӣ аз “*kanθā-“ ба маънии “кандан” дар эронии бостон рӯидааст. Дақиқан аз ҳамин вожа дар забони суғдӣ ду вожа падид омада ки дар ҷойномҳо чун пасванди макон ба кор мерафтаанд: яке “-kaθ” ки дар форсии тоҷикӣ “-кат” шуда (чун Панҷекат) ва дигаре “kanδ” ки бештар дар ҷойномҳои Фарғона ба кор мерафта ва дар форсии тоҷикӣ “-канд” гаштааст. Ин ду пасванд ба маънои “ободӣ; русто, шаҳр” дар гузашта дар номгузорӣ корбурди фаровон дошта ва дар номи Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Бунҷикат, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯканд омадаанд. Дар пайравӣ аз ин ҷойномҳо ва бар асоси муқаррароти қонунҳои ёдшуда, метавон ҷойноми “Кимиёканд”-ро сохт ки номе муносиб барои ин шаҳри санъатӣ ва созгор бо фарҳанги номгузории миллии тоҷикон аст.

Аз онҷое ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани номи даҳ шаҳру ноҳия ва обанбори Қайроққумро баррасӣ ва тасвиб накардааст, пешниҳод мешавад ки шаҳри Чкалов расман Кимиёканд номида шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ИКТИСОДШИНОС

  • 5 феврал 2016 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ПЕШНИХОДИ МАНТИКАН ДУРУСТ ВА ХУБ МЕШУД,КИ ОН МАВРИДИ ТАВАЧЧУХИ МАКОМОТИ КОНУНГКЗОР ГАРДАД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ма тарафдори онум ки Чкалов Кимиеканд ва Кайроккум Ориеканнд Номгузори шава.
Посух додан
  • Мавлон.

  • 5 феврал 2016 21:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтар, ки номи Кайроккумро, ба номи олими оламшумули точик Ибн Сино иваз мекардед, зеро номи Бустон дорем. Маркази нохияи навбунёди Масчох Бустон ном дорад! Дуввумин номхои кадимаи Гончи ва Тавилдара мебоист монд ва инчунин номи Кумсангир.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ном бояд равон ва хушсадо бошад.Исми Бустон хуб лекин Умедчон хуб кайд карданд. бо ин ном шахрак дорем. Номи Кимиёканд бошад. номи хуб . лекин андаке талффузаш душвортар.Ба фикри ман агар номи шахр ГУЛОБОД мебуд хубтар буд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!