Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:21

Тӯйи кишоварзони Тошканд барои барканории “Гитлер”

5 феврал 2016, 11:24

Барканории ҳокими вилояти Тошканди Узбакистон, ки бо лақаби “Гитлер” маъруф аст, мардумро чунон хурсанд кардааст, ки ҳатто гӯсфанд кушта тӯй барпо кардаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарии Осиёи Марказӣ хабар додааст.

Деҳқонони ин вилоят гуфтаанд, аз он ки аз ин ҳоким халос шудаанд, Худоро шукр мегӯянд. “Вай бо ҳама бо “ту-ту” ҳарф мезад ва ҳатто деҳқонони 80-соларо дашном медод. Мардумро ғулом медонист ва ба ҳамин хотир тақрибан ҳама аз вай норозӣ буданд”,-афзудаанд кишоварзони вилояти Тошканд.

Аҳмадҷон Усмонов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ аз вазифа барканор шуд. Вакилон якдилона пешниҳоди раисиҷумҳур -- Ислом Каримов дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани ӯро дастгирӣ карданд.

Аҳмадҷон Усмонов, генерал-майори милисаи Узбакистон аст. Баъди ҳаводиси Андиҷон ҳокими вилояти Андиҷон шуд. Сокинон ӯро фарди хеле сангдил меномиданд. Ба гуфтаи онҳо, солҳои роҳбарии Усмонов ҳолатҳои боздошти одамон ба авҷи аъло расид. Ба иттилои Uzmetronom, мардум ба Усмонов лақаби “Гитлер”-ро доданд. Баъди ҳокими вилояти Тошканд шудан ҳам мардум рӯзи хуш надоштанд.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ бо пешниҳоди Ислом Каримов Содиқ Абдуллоев иҷрокунандаи вилояти Тошканд таъйин шудааст. Абдуллоев то кунун ҳокими вилояти Зангиота буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи дар Узбакистон раиси вилоятро парлумон ба кор мемонаду мегирад. Дар мо призидент ку. Хай чи фарк дорад. Дар мо агар президент гуяд парлумон не намегуяд ку.
Посух додан
  • Darvesh

  • 5 феврал 2016 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кухистони,
Medanamsh chiyu va namedanamsh chi
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Друст медани.
Посух додан
  • Tajik

  • 9 феврал 2016 13:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А бачаи озодагон Зангиота гуфтани вилоят нест дар УЗБЕКИСТОН.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!