Бахшҳо

Таҳияи Кодекси маданӣ ба ҷойи гражданӣ. Ҳимояи қонунӣ аз қадру қимату нангу номус

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷойи Кодекси гражданӣ тарҳи Кодекси маданиро бо иловаи чанд боби нав таҳия ва ба Дастгоҳи раисиҷумҳур ирсол кардааст.

Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ имрӯз, 5 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳанӯз соли 1999 мехостанд номи кодексро маданӣ гузоранд, аммо бо сабаби вуҷуд надоштани ҳамфикрӣ миёни зиёиёни тоҷик номи он Кодекси гражданӣ шуд.

Ӯ афзуд, ахиран дар ҳамоише дар Хоҷа Оби Гарм 90 донишманд аз Кодекси маданӣ ном гирифтани он пуштибонӣ карданд: “Баъд аз таҳлилу баррасиҳои зиёд ва омӯзиши кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои шарқӣ ба хулосае омадем, ки Кодекси маданӣ дуруст аст, на гражданӣ. Баъзеҳо гуфтанд, ки ин арабӣ аст, ҳамрадифашро ёбед. Аммо баъди омӯзиш маълум шуд, ки ин калимаи арабӣ набуда, аз Сурия ба Арабистон омадааст. Дар луғатҳои мо он ба маънии шаҳр ва робитаи маданӣ омадааст. Он аз ҷамъи шаҳрвандон иборат аст ва ҳамин ҷамъи шаҳрвандон ба ҳамдигар ниёз доранд ва бояд дар муносибат ва робитаи маданӣ қарор дошта бошанд. Ман розӣ нестам ба онҳое ки мегӯянд, ин арабӣ аст, ин русӣ аст, мебахшед ҳамаи инҳо, агар арабӣ бошанд, мо дигар чӣ дорем? Чизе ки аз араб аст аз мо низ ҳаст. Ҳамаро ба араб додан дуруст нест. Маданӣ молӣ мо буд, ҳаст”.

Оқои Раҳимзода дар идома гуфт, “ҳар чи зудтар бояд ба моли худ соҳиб шуд, соҳиб, ки нашудӣ ҳамсоя мегираду баъдан афсӯсхурӣ мекунем. Кодекси маданӣ муҳим аст, муносибати давлат ба шаҳрванд ва шаҳрванд бо давлат бояд маданӣ бошад”.

Ба қавли раҳбари Маркази миллии қонунгузорӣ, 14 ниҳод бо шумули Кумитаи забон ва истилоҳот ва Академияи илмҳои Тоҷикистон барои аз гражданӣ ба маданӣ табдил додани номи кодекс хулосаи мусбӣ додаанд. Маҳмад Раҳимзода таъкид кард, ба тарҳи нави кодекс 8 боби нав илова шуда, се боби он масъалаҳои ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ, ба мисли қадру қимат, нанг, номусро дар бар мегирад, ки ба гуфтаи ӯ ба фаъолияти журналистон низ дахл доранд.
Мӯҳр
мадани яне дига конуно бемани гуфтай мардакбори.

Ali
O grazhdanisha taghir doded bisyor khub, kodeks-sha kay taghir medihed.

Бисёр шархи ачиб: "Аммо баъди омӯзиш маълум шуд, ки ин калимаи арабӣ набуда, аз Сурия ба Арабистон омадааст".
Магар дар Сурия арабхо зиндаги намекунанд?

арабшинос
Кариб 60%-и калимаи забони точики арабиянд.

Аслаш - civil law. Дар назария ва тачрибаи тарчумони, тарчума хамеша аз забони асл хуб аст. Калимаи "мадани" маънои "civil"- ро ифода менамояд.

Икром
ҷунбуҷули калимабозӣ
мазмуни кодекс гап намезанану оиди ном бахс!
ана сатҳӣ ҳуқуқшиносони мо
тавба

Хитоб ба нафароне, ки худро "доно"-и баф мегиранду заҳмати донишмандонро масхара мекунанд: Кани як меёри ҳуқуқӣ ба қонунҳо пешниҳод кунен?! Кани ақалан як талаботи қонунҳора иҷро кунен?! Э барои шумо (баъзе "доноҳо") интихоботу райъпурсӣ, шароити муроҷиат ба мақомоти давлатӣ муҳайё кардан ҳам дар бисёр ҳолат ҳуқуқтона истифода намебарен. Ақалан донишмандора дастгирӣ кунен.

Ҳама кор аз "калимабозӣ" сар мешавад. Аввал мақсад ба як калима гуфта мешава ана баъд ҳаёт ҳаму қати мерава. Тақдирам як калима ҳал мекна.

Sams
hazorho sol madani guftaand. Millati tojik bo tamaddun mashur ast. Biguzor qonuni madani dosta boshem

مدنی
قانون مدنی صحیح

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)