Бахшҳо

«Тоҷик эйр» нархи чиптаи хатсайрҳои дохилиро боло бурдан мехост

Нақби «Шаҳристон» чанд рӯз боз баста шудааст.


Барои омадан ба Душанбе ва рафтан ба Хуҷанд тариқи ҳавопаймо ҳам мушкилиҳо зиёданд. Дар ғурфаҳои чиптафурӯшӣ чипта нест, одамони талабгор ҳам зиёданд. Гузашта аз ин ба мо гуфтанд, ки «ҳоло чиптаро қимат мехаред», иброз намуданд чанд тан аз мусофироне, ки хоҳиши сафари Хуҷанд доштанд. Ганҷина Гулбобоева, як масъули нуқтаи чиптафурӯшии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» набудани чиптаро тасдиқ намуда  илова кард, ки то 3- уми ноябри соли равон мушкили норасоии чипта вуҷуд дорад. Ҳамсӯҳбатамон ба миён омдани ин мушкилотро дар афзоиши муштариёни чипта ва зиёд будани мусофирони ин хатсайр  унвон намуд. Бону Гулбобоева болоравии нархи чиптаро аз самти Хуҷанд ба Душанбе беасос хонда қайд намуд, ки арзиши як чиптаи ҳавопаймои «Тоҷик эйр» аз  Хуҷанд ба Душанбе 371 ва агар мусофир бор дошта бошад, 381 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Зумрад Яхшимуродова, як сокини пойтахт аз норасоии чипта ва болоравии нархи он изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард ки чиптаро ба хатсайри мазкур бо арзиши 420 сомонӣ дастрас намудаст: «Бархе аз мусофирон ишора ба он мекунанд, ки аз хунукиҳои рӯзҳои ахир ва маҳкам шудани роҳҳо, як гурӯҳи пулдорон  истифода бурда, чиптаро бо нархи аслияш харида, қиматтар мефурӯшанд».

Сайдалӣ Зарифов, сардори раёсати танзими монополияи табиии хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки ширкати «Тоҷик эйр» дар самти хизматрасонии дохилӣ ба субъекти монополияи табиӣ дохил мешавад ва масъулини ин ширкат борҳо дар хусуси афзойиши арзиши чиптаҳояшон ба мо муроҷиат карданд, вале мо розӣ нашудем: « Онҳо мехостанд, нархи чиптаро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд аз 78 доллари ИМА, ки ҳоло аст, ба 100 доллар боло бардоранд, вале мо нагузоштем, ки ин тавр шавад.   Онҳоеро, ки чиптаро бо нархи аслияш мехаранду қимат мефурӯшанд, дигар мақомотҳо, аз  қабили прокуратура бояд чораҷӯӣ намоянд, на хадамоти зиддиинҳисорӣ, ин ба  масъулияти мо нест».

Номбурда, иброз намуд, ки бо гарон шудани нархи сўзишворӣ ва хароҷот нархҳо низ арзон ва гарон мешаванд. Сайдалӣ  Зарифов ҳамчунин илова кард, ки дар ҳоли ҳозир парвоз бо ҳавомаймои АН-28 ба самти Хуҷанду Хоруғ 78 доллар арзиш дошта, ним сол боз бетағйир боқӣ мондааст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)