Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:22

Пешниҳод: 10 феврал Рӯзи Акбари бузург номида шавад

10 феврал 2016, 12:40

Дар маҳфиле, ки 10 феврал ба хотири ёдбуди Акбари Саттор, раҳбари пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” баргузор шуд, пешниҳод гардид, ҳамасола имрӯз ҳамчун “Рӯзи Акбари бузург” таҷлил шавад.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР, ки дар ин маҳфил китоби “Акбари бузург”-ро муаррифӣ кард, бо зикри хидматҳои бузурги Акбари Саттор дар наҷоти матбуоти миллӣ пешниҳод кард, ҳамасола 10 феврал, дар ҷомеаи журналистӣ ҳамчун “Рӯзи Акбари бузург” ҷашн гирифта шавад.

Муҳаммади Эгамзод, як масъули Вазорати умури хориҷӣ Акбари Сатторро аз муаллифони идеяи таъсиси расонаҳои тоҷикӣ дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик унвон кард.

Китоби “Акбари бузург” мақолаҳову ёддоштҳои дӯстону ҳамкорон ва ҳамсабақони Акбари Сатторро гирди ҳам овардааст. Мубтакирони нашри китоб гуфтанд, он дар оянда такмил хоҳад шуд ва аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи раиси пешини Иттифоқи журналистон хотироте доранд, даъват шуд, онро навиштаву пешниҳод созанд.

Сайёфи Мизроб ҳамчунин хостори таъсиси ҷоизае ба номи Акбари Саттор барои журналистони тоҷик шуд.

Акбари Саттор рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашт. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.

Баъди даргузашти ӯ мактаби таҳсилоти миёнаи №25-и деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • sayof

  • 10 феврал 2016 13:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хизматхояшро нависед, кани ба мардуми дехот чи хизмате расидааст?
Посух додан
  • п

  • 10 феврал 2016 13:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи лозим аст хамин вохимахо? Худро шарманда накунед журналистон. Чи кор кардааст, ки бузургаш бихисобем?
Посух додан
  • Мухочири бекор

  • 10 феврал 2016 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як пешниход..11-феврал РУЗИ МУХОЧИРИНИ КОРИИ БЕЧОРАИ ТОЧИК е не??
Посух додан
  • Tajik

  • 10 феврал 2016 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз мурдапарасти.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз каламоти Араби мардумро барҳазар медоранду худ аз он истифода мекунанд. Бародар ҳамон Акбар=бузург меша. Чаро хдтона шарманда мекнен. Озодагон титргузорит аслан хуб нест яьне ҷалбкунанда нест.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!