Бахшҳо

200 сомонӣ ба ҷои 1 рӯзи ҳабс: Ҷазои нав барои мансабдорони порахӯру фолбинҳо

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро тасдиқ кард, ки тибқи он мансабдорони порахӯр ба ивази ҷарима метавонанд аз маҳбас озод шаванд.

Илёс Идрисзода, муовини раиси Оҷонсии зидди фасод, зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ изҳор дошт, ки барои фасодкорон ҷазои алтернативӣ пешниҳод мешавад. Аз ҷумла афроде, ки аз рӯи моддаи 319 - гирифтани пора, 320-додани пора, 321-иғвои порадиҳӣ даст ба ҷиноят мезананд, метавонанд ба ивази ҷарима аз маҳбас озод гарданд.

Ҳаҷми ҷарима 200 сомонӣ ба ҷои ҳар рӯзи маҳбас муайян гардид. Идрисзода ҳадаф аз роҳандозии ҷазои алтернативиро коҳиши хароҷоти нигоҳдории фасодкорон дар маҳбасҳо хонда, илова намуд, ки роҳи ислоҳ танҳо маҳбас нест.

Ба иттилои манбаъ фасодкорон баъди пардохти ҷарима то се сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо маҳрум хоҳанд шуд.

Дар баробари ин фолбину ҷодугарҳое низ, ки бо сӯиистифода аз боварии динии мардум ба корафтодаҳо зарар расондаанд, метавонанд аз ҷазои алтернативӣ истифода баранд. Тибқи қонунгузорӣ ба фолбину ҷодугарҳое, ки аз боварии корафтодаҳо сӯиистифода мебаранд, аз 3 то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Аммо тибқи тағйироте, ки имрӯз Маҷлиси намояндагон қабул кард, фолбинҳо метавонанд ба ивази 200 сомонӣ барои як рӯзи ҳабс аз маҳбас озод шаванд.
Мӯҳр
Бехтарин тагйирот. Акнун мансабдорон нотарсида порая гирифтан мегиранд. То имруз агар онхо аз чазо метарсиданд, дигар барояшон чазо нест. Масалан агар пештар порахур як сол хукм мегирифт, хозир бар ивази як сол (365х200 = 73 000) хамаги 73 хазор сомони чарима месупораду халос.
Бояд баръакс чазо барои мансабдорон бештар мешуд, то онхо аз хамс тарсанд, на ин ки бо чарима халос шаванд.

егыт
27000 доллар да се сол... (курс 8)
БАД НЕ!

Шарифчон
Намешуд ки барои хар як рузи чазо барои мансабдор 1000 сум мукааррар мекарданд,барои фолбин дусад ва барои мардуми одди 100 сум.Чунки ин дусад сум барои мо сум аст барои мансабдор як завтрак.Мешуд аммо намекунанд чунки мансабдор худашонанд.

Ватандуст
Мансабдор ки аст? духтуру муаллиму милесаи одди ё ин ки РАИСИ НОХИЯВУ ВАЗИРУ КАБИР?

Озодагон илтимос чавоб медодед. Ойо дуохони ба беморон мань АСТ? Илтимос!

амин
бояд тамоми коргарони давлати ки ба порахури ном баровардаанд ба руйхати сиех дохил кунанд, аз кори давлати махруму номашон дар газетахо чоп шавад
мардуми точик табармусулмон аст - ба хуби намефахмад бояд чуб зани

Кобули
220 хазор сомон дар се сол, хамин тавр?

Сино
Шарм намедорен ба ами конунотон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)