Бахшҳо

Диплом ва 100 сомонии ҳафтаномаи “СССР” ба Ангела Меркел

Ҳафтаномаи “СССР” ба Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дипломи вижа тақдим кардааст.

Сайёфи Мизроб, сардабири ин ҳафтанома ба “Озодагон” гуфт, ин диплом имрӯз, 15 феврал тавассути муовини аввали сафир Зилке Клёвер ба Ангела Меркел тақдим гардид: “Дипломи вежа ва 100 сомонӣ бо купюраҳои 1, 5, 10 ва 20-сомона, ба сарвазири Олмон, бону Ангела Меркел дар сафорати Олмон дар Тоҷикистон супурда шуд”.

Ҷаноби Мизроб мегӯяд, ин диплом барои "сухани орифона ва пайғамбарона”-и Ангела Меркел, ки дар яке аз шумораҳои ҳафтаномаи “Миллат” нашр гардид, тақдим гардидааст. “Миллат” дар шумораи №6 (54) аз 10 феврали соли 2016 аз қавли хонум Меркел навишт: “Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ, 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар Сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусалмонон 1 Худо, 1 паёмбар ва 1 Китоб доранд, вале хиёбонҳояшон ба хуни ҳамдигар сурх шудааст!
Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар!
Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар!
Ва куштаҳои 2 тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷҷеҳ нестем дин чист!”


Сардабири нашрияи “СССР” мегӯяд, дар гузашта низ онҳо барои беҳтарин матлаб диплом ва ҷоизаи пулӣ тақдим кардаанд: “Газетаи мардумии СССР ҳар моҳ, ё семоҳа, барои матлаби беҳтарине, ки дар дилхоҳ матбуоти даврӣ, шахсӣ, ҳукуматӣ ва ё ғайриҳукуматӣ, нашр мешавад, ба муаллиф ё муаллифон 100 сомонӣ ва сипоснома тақдим мекунад. Чанде аз хабарнигорони маҳаллӣ аз ин ҳаққи қалами мо бархӯрдор шудаанд ва ин амали моро тасдиқ мекунанд”.


Диплом ва 100 сомонии ҳафтаномаи “СССР” ба Ангела Меркел
Мӯҳр
Дар хакикат содда будаед. Шахси доро ва вазифадор гап, ки зад бетахлил кабул мекунеду боз тухфа медихед. Муслумононро аз илм дур шуданд ва душманон онхоро аз илм дур сохатнду байни якдигар чангашон дохтанд. Меркелро нагуфтед, ки рафта аз Катару Дубайю Абудабию Кувайт назар кун. Ин ду се давлтаро валангор сохтану байни якдигар чанг дохтанд дигар асту Худопарасти дигар. Содда нашавед.

adl
Магар хамин хукумати меркел набуд ба мисли худошан баринхо бо бахонаи аслихаи атоми вориди хоки ирок шуда хазорхо мардуми мусалмонро нобуд карда чикадар мардумро бе хонаю дар карданду имруз боз аз меркелу дигархо хушомад мезанед.

Фирдавсӣ
Аз эрониён, турку аз тозиён
Нажоде падид ояд андар ҷаҳон,
На эронӣ, на турку тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

Ҳоҷӣ
Бале бобои Сайёф,роҳи беҳтарини таблиғи "СССР"-ро ёфтед! Шояд Меркел ба ивази 100 сомони ба газета як ним миллион доллар хайр кунад. Хочешь жить,умей вертится!

кунҷков)
Ҳамин сухани Ангелабонуро ман дар ягон ҷо наёфтам, агар ягон кас донад ҳаминҷо корад...

[b]Фирдавсӣ

Сухан хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.

in diplomat 4i hel jurat karda ba islomu muslimin pishand zadast! hamu shogirdoi gitleri natsist ast!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)