Бахшҳо

Даъвати андозгурезон аз зиндон: Андозро саривақт супоред!

Мақомоти андози Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион андозгурезҳои зиндониро нишон дода, аз оқибати саркашӣ аз пардохти пули давлат ҳушдор доданд.

Дар намоиши телевизионӣ, ки шоми 16 феврал пахш гардид, маҳкумшудаҳо барои ҷиноятҳои молиётӣ, аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуданд, ки андозро пинҳон накунанд ва саривақт пардохт намоянд. “Ҳар касе андозро насупорад, ҷояш ин ҷост”-таъкид карданд бархе аз маҳбусон.

Шеваи нави даъват барои супоридани андоз дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон иҷрои буҷаи давлатии имсоларо, ки нисбати пешӣ 3 миллиард сомонӣ бештар мебошад, дар шароити буҳронӣ мушкилзо арзёбӣ мекунанд.

Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди иҷрои буҷаи соли равон изҳор дошт, ки хушбин аст. Ӯ гуфт, дар аввали ҳар сол буҷаи давлатӣ вазнин арзёбӣ мешавад, аммо дар пайи чорабиниҳои масъулини андоз нақшаи буҷа барзиёд иҷро мегардад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз соли 2015 нақшаи даромади андозро 101,3 фоиз таъмин кардаанд ва талош мекунанд, ки соли равон низ нақшаро барзиёд иҷро кунанд: "Мо худ камбудиҳо дорем. Бисёр имкониятҳое ҳастанд, ки истифода набурдаем. Муҳим давлат тинҷ бошад, буҷаро иҷро мекунем. Дар ин хусус хушбинем".

Қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пасманзари иҷро накардани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат дар соли 2015 изҳор дошт, ки вазъ дар соли 2016 метавонад бадтар шавад.
Мӯҳр
ягонташа бо азоб кушта намоиш медодан ана ба.д мардум шояд метарсид ба хар хол хилаи хуб

Tojik Bacha
шайх черан,
Tura aqidot rangi hami Islamski gasudarstva budai neki

ba hamita ruza peshvoi millat shudi! subhonalloh

Соли равон бухрони иктисоди сахт таьсир мекунад , режими асрхои 17-18 ро ба кор андозед андозгирандахо!

Во
Кумитаи андоз даст ба тахдиди мардум зад? яъне агар андоза намесупорен трматон мекнанд? Кумитаи андоз амнияти давлатро дар хатар намон. вакте аз ичрои вазифа намебароед вазифаро супоерд. хамаи донишкадаву донишгохои Точикистон иктисодчи таёр мекунанд. БАРОИ ХАМА АНДОЗРО САРИ ВАКТ СУПОРАНД АВВАЛ АНДОЗХОИ БЕМАЪНИТОНА КАМ КНЕН. ШАРМ НАДОШТА АЗ МАОШИ НОЧИЗ АНДОЗ МЕГИРЕН.

ВОСЕЪ
МУТАТАРАМ КОМАНДНИ АНДОЗ ЯК МОХ БО МАОШИ ДАВАЛТИ ЗИНДАГИРО ГУЗАРОНЕД. БАЪДАН ГАП ЗАНЕД ?

Мохи декабри соли 2015 зиёда аз 60 корхона, мохи январи соли 2016 зиёда аз 200 корхона фаъолияти худро катъ карданд. Хамин теденсия агар рафтан гирад, аз маош хам андоз гирифта наметавонанд. Шахрванд кор кунад-андоз месупорад, кор набошад, аз хисоби чи андоз супорад? Магарам хонаву дарашро фурухта баромада равад, чунки пагох бо ин кораш кумитаи андоз метавонад мардумро аз хонахояшон ронда хонаву дарашонро ба ивази карз бигирад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)