Бахшҳо

Таҷаммӯъи тоҷикон дар Душанбею Олмон: Ба ҷонибдорӣ ва зидди ҳукумат

Дар пайи гирдиҳамоии гуруҳе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 16 феврал назди бинои Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон, имрӯз, 17 феврал як гуруҳ ҷавонони тоҷик назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ шудаанд.

Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз тазоҳургарон дар Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки аз Аврупо талаб доранд, то ҷонибдорӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро қатъ кунад. Ба гуфтаи Давлатов, наздики 50 нафар назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҷамъ омада, истирдоди мухолифини ҳукумат - Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷони Атовулло, Шарофидин Гадоев ва Абдумалик Абдуллоҷоновро талаб карданд. Ин гуруҳи ҷавонон иддао доранд, афроди номбаршуда ҷинояткор ва террорист буда, бояд назди қонуни Тоҷикистон ҷавоб диҳанд.

Ба гуфтаи Аҳмадхуҷа Давлатов, аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба ҷавонон посух додаанд, ки феълан раҳбари намояндагӣ дар Аврупост ва баъди бозгашт ба дархости ин ҷавонон посух хоҳанд дод.

Тазоҳуроти гуруҳи ҷавонони тоҷик алайҳи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 16 феврал дар рӯзи баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, гуруҳе аз ҷавонони тоҷики муқими Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон даст ба тазоҳурот задаанд. Ин гуруҳи мухолифи ҳукумат аз Иттиҳоди Аврупо талаб намуданд, амали ҳукумати Тоҷикистонро дар самти нақзи ҳуқуқу озодиҳо ва саркӯб намудани дигарандешон маҳкум кунад.
Мӯҳр
офарин чавонони ватандуст шумо алакай ба вазифаи нав таер шудаед муборак бошад ягон душмани милат шуморо хушомадгу гуяд ахмият надихед гуе нашунидаед

москов
Агар хамон 50 нафарреки назди бинои И А чамшударо пурседки барои чи омадед хатман чавобаш тайор фармон аз боло бечора бачахо чи корам кунад худат казоват кун боз пулеки ваьдашуд аз тарафи И А натияад боз ин бачахо гунахкор

Бале дуруст. Ба назар чунин мерасад, ки гуё ин 50 нафара аз тазохурот дар Бон огох шуда, фавран назди бинои ИА дар Душанбе чамъ шуданд ва тазохурот бардоштанд. Бисер хуб мешуд, ки чавонони мо дар асл хисси ватандустиву миилатпарастиашон то ин дарача мебуд, аммо ин як спектакл ас. Яъне сценарияи таерро ба онхо аз "боло" дода равон карданд.

Чавонони ватандуст бисеранд чаро дархол мегуед ки фармон аз боло шудааст? 90 фоизи мардуми Точикистон аз хамон Кабирию Додочон Атовулло безоранд! Хеч инсони солимакл нотинчии Ватанашро намехохад! Шояд шумораи ками одамоне ки аз худу тамоми дуне норизоанд онхоро тарафдори намоянд! Хайр хамон чавонони дар Олмон буда дар хамон чо кайфу сафо карда гаштан гиранд агар дар ончо хама шароит бошад!

Ана ин аст бедории чавоно

Пирондод
Бинобар сабаби ин мо чавонон аз Иттиходи Аврупо хохиш дорем, ки Точикистонро аз нигохи мухолифон нанигаред балки худ биёед бо чашмонатон нигаред пас аз ин хулосаи худро оиди ин мухолифон бароред.

химояатгар
Пирондод,
Як бор адвакатхо рафтану дидан шумо бо доман офтобро пушида наметавонед бехтараш ростгубошед азизам

Касир
То ба кай мо халки точик зери таъсири гуруххои мухолиф чун экстремисти ва террористи дар азият мемонем. Ин хама хунрези нохак дигар бассаст эй мардум.

Юрист,
Игвоангези накунед шумо як гурух одамоне хастед ки агар ягон хабар бар зидди давлат пахш шавад дар хол тарафдори карда ба он об медихед максади шумо алакай малум аст аммо намедонед ки давлат кист давлат ин мардуми точикистон аст агар шумо зидди давлат бошед ин манои онро дорад ки шумо бар зидди мардуми точик хастед

шайх,

химояатгар
parvina,
Баназарам холи навбат ба шумо нарасидас е ин ки мисли мо мухочири сарсон нашудиед е аслан аз оилаи шумо касе дар мухочират нес т е хама вакт барк доред барои хамин шумо инкадар хобед агар нодуруст бошад урз

Ахтар
Асосгузори мухолифон то ба имруз ин хизби ХНИТ мебошад. Мо худ шохиди чандин вокеахо хастем, ки хочат ба гуфтан нест.

То кай назада кашола кардан?
Такдир ба касе хавола кардан!

Нексиришт
Пирондод,

Иттиҳоди Аврупоро куҷо Тоҷикистон даъват мекунӣ? Онҳо аз тамоми таҳаввулоте, ки дар Тоҷикистон мегузарад, ба хубӣ огаҳанд. Ҳар қазияе, ки дар ин ҷо мегузарад, пеш аз огоҳ шудани мақомот ва мардуми тоҷик, аввал он хабар ба Иттиҳоди Аврупо мерасад. Баъдан, ҳамон вакилони дифои хориҷӣ набуданд, ки барои огаҳ шудан аз сарнавишти зиндониёни сиёсии тоҷик, вориди Душанбе шуданд, вале мутаассифона бо ташаббуси ниҳоди махсуси Тоҷикистон, роҳбалад ва тарҷумонашон шадидан латтукуб шуда, ба худи вакилон ошкоро таҳдид карданд?! Боз мегӯям, онҳо қабл аз он ки ҳарфе бигўянд, тамоми паҳлуҳоро мунсифона таҳқиқ менамоянд, онҳо аз ҳама чиз хуб огаҳанд!

Хамон панчохнафара метавонанд аз таьмини чойи кору маоши каноатман дар ватан шуриш бардоранд. Оё аз хамон чаьми чавонон касе аз дусту бародар еру рафики шумо дар мухочират нест . Хонахои шумо равшан аст. Модаротон доги мухочиро надидааст. Бародаротон дар хизмат девона шуда барнагаштааст. Ё шумо аз ин авлодми.?

Ахсан ба чавонони имрузаи Чумхури мард бояд барои давлату миллат то катраи хасти дар баданаш мубориза барад. Ин хоинони милату давлат, зархаридони хоричи аз дур рафта ба мулки ободу ороми мо санг мепартоянд рузе ин сангашон ба сари худашон мезанад. Хуллас ман ба чавонони имруза коил шудам бояд зиракии сиёсиро мо аз даст надихем..... ЧОП кунед !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)