Бахшҳо

3331722 боздиди ВИДЕОИ имтиҳони қории навраси тоҷик дар Фейсбук

Навори имтиҳон ва санҷиши қории навраси тоҷик дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекорд мегузорад.

Ин видео аз замони нашраш дар Фейсбук -- 22 августи соли 2015 то замони нашри ин хабар 3 331 722 маротиба дида шуда, 66 120 нафар онро писандидаанд. Теъдоди шарҳҳои он ба 840 мерасад.

Ин навори видеоӣ ба яке аз шабакаҳои телевизионии арабӣ тааллуқ дошта, дар интернет бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст. Дар ин навор Аёмиддини Фахриддин, як навраси тоҷик, ки кулли Қуръонро ҳифз кардааст, мавриди имтиҳони панҷ донишманди араб қарор гирифта, ба тамоми суолҳо посухи дурусту мантиқӣ пешниҳод мекунад.

Видео дар Ютуб



Аёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад.

Аёмиддин соли 2014 дар бахши ҳифзи кулли Қуръони Карим бо риояи таҷвид ва ҳифзи матни муқаддимаи ҷазария дар озмуни ҷумҳурявии “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим - 2014” дар Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳоло ин қории наврас ҳамроҳи падару модараш дар Русия зиндагӣ мекунад.

Ин тифли тоҷик ба чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва арабӣ тасаллути комил дошта, бештар аз 40 ҳадиси набавиро бо ин забонҳо азёд медонистааст.

Дар як навори видеоие, ки дар шабакаи Ютуб гузошта шудааст, яке аз муаллимони русаш мегӯяд, Аёмиддин дар мактаб ҳам бисёр хубу аъло мехонад ва ба варзиш ҳам шавқ дошта, бозигари хуби футбол ҳам ҳаст.
Мӯҳр
Мошоллох худованд сафи ин хел кори бачахоя зиёд гардонад. Рахмат ба падару модараш

Мардуми мо Точикони мо ба хама чиз кодир хаст, бинобар ин Пешвои миллат ва асосгузори сулху вахдати милли Президенти мухтарам доими таъкид менамоянд, ки фарзандони худро омузонем онхо бояд забонхои хоричаро русси, англиси ва гайрарро пурра омузанд, ахсан ба падари модари Аёмиддини Фахриддин офарин!!!!

самар
Хамин хам хабар шуд.. дар ютуб якхел наворхо то миллиард боздид мегиранд Озодагон нашр гарда шинед

Мухочир
сад афсус ки ин тифлаки знбо дар ватани худ кадр надорад ва сад афсус ки Хукумати Точикистон таьлими додани Куронро дар Точикистон манънд кард ва хамаи мадрасахоро махкам кард!

Илтимос биёед монед пешвои миллататро чи дар кор ин кадар таъриф мекунед пешвотона....кадом сулх? Магар мешавад як кас сулх орад? Гуфти Муъмин Канат чанги Точикистон давом дорад на ба силох
Илтимос аз номи худ сухан коред ин чо...
Ин чо дар бораи Кори муратаб меравад Худованд умрашро дароз ва забонашро буро гардонад Омин

Волидони ин корибачча аз точикистон гурехта ба русия рафтанд?

куруш
мошаало худо умаршро дароз кунад

Аз хама мухимаш он ки номи кишвари мо ба неки ба забон гирифта мешавад ва ин навор бештар хусусияти тарбияви дошта, кудакону наврасонро барои азхудкунии дониши комил хидоят мекунад.

Абдуллох
Аз шунидани ин хел Хабархо баъзехоро ток мезанад)

Точик
Агар дар Точикистон зиндаги мекарданд хатман падару модараш чарима мешуданд барои таьлими исломии фарзандашон

mashaAlloh Alloh hifzat kunad dodari akash. behtarin ilmro az xud kardai inshoAlloh ham dar dunyo va ham dar oxirat xor nameshavi.
guftai mardak xayriyat dar tojikiston zindagi namekni agane padaru modarta jarima mekardan baroi farzandashona chunin tarbiya kardanu hofizi kuron kardanashon. ba in hukumatdoroi mo tanho salafanfurushu muhojir lozim ast inho az olimu donishmand nafrat dorand
ALLOH NIGAHBONAT BOSHAD. DODARI AKASH

точикхуча
ин як фари канали ал- ч,азира барои кудакон , аст дар давлати Катар

Хочи
самар,
самар,
Чавоб ба самар.Шумо гуфтед ки хамин хам хабар шуд.Ин хабар ин муьчиза аст ин фахри мо точикон аст.Як кудаки точик дар Чахон обруи мо точиконро баланд бардораду холо хам ин хеч бошад пас барои ту бемаьрифат ин чи бошад.Донистани Курьон барои ту барин бесавод чизе нест. Бегонапараст.Агар ин кудак аз арабхо е дигар миллат мебуд дар тамоми шабакахои телевизиониашон нишон медоданд ки мо чунин фарзанди болаекат дорем.

чавоб ба самар
ту самар бесамар будаи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)