Бахшҳо

6 шикоят аз қаллобиҳо дар Душанбе дар як рӯз: Аз гирифтани пул то мошину хона

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 21 феврал аз сокинони шаҳри Душанбе 6 шикоят дар мавриди қаллобиҳоро дарёфт кардааст, ки ба додугирифту пул, мошин ва хона рабт доранд.

Ба иттилои манбаъ 21 феврал, аз ҷумла ошкор шудааст, ки ду сокини шаҳри Душанбе, занони 39 ва 69-сола аз боварии зани 38-сола истифода бурда, моҳи декабри соли 2014 хонаи истиқоматиашро дар Душанбе ба маблағи 25000 доллари амрикоӣ ба як марди 43-сола фурӯхтаанд: “Муттаҳамон боздошт шуданд ва муайян гардид, ки онҳо маблағи бадастовардаашонро ба манфиати худ сарф намудаанд”.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ҳамчунин марди 40-сола аз шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2015 марди 45-сола, сокини судшудаи пойтахт барои қаллобӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш як адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла” ва як адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки арзиши умумиашон 10500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифтааст: “Ин мард мошинҳоро фурӯхта маблағашро ба манфиати худ сарф намудааст”.

Алайҳи ин сокини 45-солаи Душанбе марди 36-солаи дигар низ муроҷиат кардааст, ки моҳи феврали соли 2016 аз ӯ 10000 доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст.

Ҷабрдидаи дигар, марди 35-сола ба мақомоти милисаи шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз намудаст, ки моҳи июни соли 2015 марди 38-сола, сокини шаҳри Панҷакент аз ӯ 300 000 рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст: “Бо чунин ариза марди 22-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2014 марди 30-солаи сокини Душанбе аз ӯ 52000 доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст”.

Барои баргардондани маблағи худ, инчунин ба милиса як зани 27-сола, сокини дигари пойтахт муроҷиат кардааст. Ӯ арз намудааст, ки моҳи апрели соли 2015 зани 29-сола, сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти тиллоӣ ва либос, ҷамъ ба маблағи 6200 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Зинда бод Вазорати корхо дохила ин захматхои Шумост, ки мо осуда хастем дар Точикистони азиз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)