Бахшҳо

Тасмими гирдиҳамоӣ назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, зуҳри имрӯз назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия дар Душанбе гирди ҳам хоҳанд омад.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, яке аз ин ҷавонҳо имрӯз, 22 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 200 нафар иштирок мекунад. Ҳадафи таҷаммӯъро назди намояндагӣ талаби истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва дар назди Сафорати Туркия монеъ шудан ба гирдиҳамоии мухолифони ҳукумат дар Туркия гуфт.

Ахиран, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон эълон карданд, дар Туркия як гирдиҳамоии густурдае роҳандозӣ мекунанд. Аҳмадхӯҷа Давлатов мегӯяд, аз Сафорати Туркия дар Душанбе хоҳанд хост, то барои ин эътироз иҷоза надиҳад. Ӯ афзуд, “Туркия дар ин масъала бетаваҷҷуҳӣ карда истодааст. Туркия як давлати ба Тоҷикистон наздик аст, аммо намедонам чаро ин террористон он ҷо ҳастанд. Тасмим дорем, ки аз 150 то 200 нафар ҷамъ шуда, аз Туркия дархост кунем, ки террористонро нагузоранд тазоҳурот кунанд. Ба онҳо иҷозат дода нашавад, балки онҳоро ба Тоҷикистон истирдод кунанд”.

Ин бори аввал нест, ки гуруҳе аз ҷавонони тоҷик назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо гирди ҳам меоянд. Охирон маротиба онҳо ду рӯз қабл онҷо таҷаммӯъ карда буданд. Аҳмадхӯҷа Давлатов мегӯяд, 20 феврал наздики 70 нафар аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе ҷавоби номаи қаблан фиристодаашонро карданд: “Аммо касе аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ба назди мо набаромад”.

17 феврал низ ин ҷавонон назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омаданд. Даъвои онҳо ин буд, ки Аврупо ҷонибдорӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро қатъ ва мухолифонро истирдод кунад.

Дар гузашта ин гуруҳ назди Сафоратҳои Амрикову Олмон дар Душанбе низ таҷаммӯъ карда, хостори истирдоди Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов ва Муҳиддин Кабирӣ шуда буданд.


Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
Барот
Брен даф шен дарстона хонен политикада чи кор дорен.

Саид
Мардуми точика митинга ед надихед як бор митинг карда буд дарси таъриха нагз хонед.

Вааахааахааа
Ээ мурдум ай хандараа.
Ахмадхуча дина Туркияро барои катли курдхо терорист мегуфти куу.

Эй бефаровездаҳани Аҳмадхуҷа! О и Муҳиддин Кабирӣ отата террор кардай, аката Русия фиристодай, хешотона мҳоҷират ройи кардак, Роғуна насохтай, ё замина Хитойда додаст, ё 24 сол ай курси намефуроя, ки ту террорист мегуиша?

антиэътироз
Озодагон хабаргузории "гуруҳи муътаризон" шудааст ))))

Эхххе, ин нахзати бо баромад дорад! Як солхо ину ахли оилааш дар хизмати ХНИТ буданд...

Мухочир
хахаха хеле хандовар)) метарсед ки дар чахон шармандаятон мекунанд?

озодагон барои чи муалифи сенария басахнагузоранда бозигарони асоси ки ин кадар мехнат карданд номшона намегиред ин бехурмати намешад.ми?

Абдуллох
Фикр мекунам аз 20 кас зиед хичкас намебиеяд! чаноби ахдамхуча Туркия хуб медонад дар Точикистон чи мегузарад ва ба гапхои афсонавии шумо бовар намекунад. Так что ин корхои шумо бефойда хаст!

мухочирин
эх буродархо ин касалай дар кучое ки устод кабири буромад мекард як савол дошт хизби шумо чи кор каранд охир ин саволро як бор ба пешво хам кун ки чуба инкадар мухочират дар мо авчаст барои чи пулхои мухочиринро як худишумо олиш мекунед

сагбон
Туркия шуморо гуш мена?

Аввалан ин Ахмақхуҷа дируз наҳзати буд имруз истирдоди Кабириро мехоҳад

студент
ман як студент намедонам дипломамро гирам дар руссия гуломшавам 24 чор сол шуд падархои мо гуломи карда истодаанд хозир боз навбати гуломи ба модарону хохарони МО расидааст бас аст гуломи асри 21 аст магар ин адолат аст мо бо як умед мехонем ки давлату миллати худро дарчохон сарбаланд кунем амо дар ватани мо адолат нест студентхоро касе дасткири намекунад пул дошта боши дипломро медихнд мегуянд ки пул дори тага дори мехохандки мо гулом шавем ин магар мардонагист ба фикру андешаи мани студент хазорбор хуб буд хамон солхои 92 барои онки точикон дар тамоми чахон кадру кимат доштанд дар охир гуфтани астам ки ин корхои кардаашон окибати хуб надорад мо дигар намехоем бе свет бошем бе об бошем гулом шавем аз ин корхоро дидану кардан хазор бор мурдан хуб аст як чахон ташакур ба дикататон ...

Бародарон биёед осудагиамонро халалдор наккнед!

Абдуллох
Шабнамро озод кардан акнун пагох Ахмадхуча бо бандаш дар назди сафорати белорусия чамъ мешаванд))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)