Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 18:46

Э.Раҳмон раисони фурудгоҳҳо ва Хадамоти фармасевтиро иваз кард

22 феврал 2016, 17:42

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 феврал бо имзои қарорҳои ҳукумат роҳбарияти фурудгоҳҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хадамоти фармасевтии кишварро тағйир додаст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо қарорҳои имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмудзода Маъруф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» озод шуда, Қурбони Алимардон директори нави «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» таъин гардид.

Бо қарори ҳукумат Леонов Михаил Константинович аз вазифаи Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» озод шуда, ба ҷои ӯ Маҳмудзода Маъруф таъин гардид.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин Холназаров Баҳодур Маҳмадназаровичро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод карда, Бекмуродзода Султон Бекмуродро сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ таъин намудаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Alixon

  • 22 феврал 2016 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба озодагон барои чи наменависи ки ин авлоди президентам домоди Акаи Нуридинай
Посух додан
  • Баракс

  • 23 феврал 2016 09:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холназаров Баходур Махмадназарович кудо ва авлоди президентхам бошад бисёр инсони хуб аст агар боз ягон вазифаи баландтари дигархам гирад ошакаш шавад метонан ин мардакхо коркарда,хозир давршон хаст.
Посух додан
  • Farhod

  • 23 феврал 2016 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Kase halol kor kunad,osh shavad tahti sulton...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй худо ин хешу табор бози дар ватани мо ба фикрам хеч тамом намешавад. Хеч хешу табор дар тахти сарварии хеш нагз кор намекунад. Чунки у медонад, ки агар нагзам кор накунад аз боло химоят карда мешавад. Бегона баръакс метарсад, ки агар кори нагз накунад ё аз вазифа меравад ё ба додгох кашида мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!