Бахшҳо

Академик Масов бо беш аз ним миллион пули шахсияш мактаб месозад

Академик Раҳим Масов, собиқ директори Пажуҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаққи қалами осор ва мукофотҳои дар озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардааш дар зодгоҳаш деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ месозад.

Муборакшо Холинов, яке аз наздикони академик Масов дар суҳбат ба “Озодагон” таъйид кард, ки Раҳим Масов зимни сафари ахири худ ба зодгоҳаш, бо раиси ҳукумати ноҳия ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи мактаби деҳаи Мдехарв мактаби муосири таҳсилоти ҳамагонӣ месозад.

Ба гуфтаи манбаъ академик Масов изҳор доштааст, ки дар марҳилаи аввал барои сохтани ин мактаб ним миллион сомонӣ ихтисос медиҳад ва баъдан низ барои сохтмони пурраи мактаб сармоягузорӣ хоҳад кард.

Дар ҳукумати ноҳия Ванҷ ҳам ба “Озодагон” гуфтанд, ки бунёди мактаби муосирро худи академик Раҳим Масов тирамоҳи соли 2015,зимни сафараш ба ноҳия пешниҳод кард ва айни замон корҳои тарҳрезиву лоиҳакашии бинои мактаб идома дорад: “Бо итмоми ин корҳо сохтмони мактаб оғоз мешавад”.

Академик Раҳим Масов яке аз чеҳраҳои маъруфи илмӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон буда, аз умраи олимони варзидаи таърих ва таърихнигории кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Осори академик Масов ҳамеша дар доираҳои илмӣ ва сиёсӣ мавриди баҳсу баррасиҳои доманадор қарор гирифта, ки китоби “Таърихи табартақсим”-и эшон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта аз ҳамин қабил мебошад. Раҳим Масов соли 1939 дар ноҳия Ванҷ зода шуда, аз соли 1988 то соли 2015 директори Пажуҳишгоҳи тарих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон буд. Академик Масов дар баробари шахсият ва ҳайсияти маъруфи илмӣ доштанаш дар Тоҷикистон бо мавқеи устувори ҷамъиятияш низ эътироф шудааст ва ҳоло мудири Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Академик Масов Раҳим тоҷиктарин тоҷик аст. Таърихи табартақсими ӯ ягона китобест ки ҳақиқати тақсими ноодилонаи Шӯравиро рӯйи об баровардаст. Брависимо Академик Масов!

nabi farhor
Ахсан ба шумо чаноби Масов.Бояд аз шумо барин инсонхои хайрхох ва ватандуст дигарон ибрат гиранд.

Ахсан Устод! Ана ватандуст, ана патриоти хакики, ана Хочи! Дигарон бошанд ду пулро ефтанд аввал барои унвони хочи шудан ба Каъба мераванд, хол он ки хамон мартабаи хочигиро бо чунин рафтори нек дар кишвари худ хам дарефт кардан мумкин. Чикадар мактабхои носохта дорем, чикадар роху пулхои вайрона дорем, чикадар еру наздику хамсояи камбагал дорем.......ки метавонем аввал хамин корхоро ба анчом расонем, чи тавре ки Устод Рахим Масов кардааст.

Бояд тӯдаи мансабдорони порхури мо аз Масов ибрат гиранд. Масов пули ҳалоли худашро сармоягузорӣ мекунад, ин Порахурон ҳадди аққал пули хуни халқхурдаашонро мактабу дигар иншооти иҷтимоӣ бисозанд!!!

Амин
Зихи устоди гироми,сохиби кавлу амал!

Муслим
Ассалому алайкум
Бародарон
Шумо як каме фикр кунед чаро дар зодгохаш месозад масалан на дар Душанбе. Ин аз махаллгароии мо точикон шаходат медихат ,ки хатто академикхои мо махалгароянд чи гила аз мардуми одди.

Орзу
Офарин ба ин марди Наби!Тамоми мехнату захмати кашидаашро хамчун як ватандуст фарзандии хакикии миллат барои ояндаи насли наврас бахшида истодааст.Ин баландхимати дар он нафароне,ки сармояи зиёди бедарди миён чаъмовардаанд дида намешавад.Бенангу номусаш дар ин миллат хело зиёданд.Худованд умри дарозу тани сихаташ бахшад то мактаби орзукардаашро ба итмом расонида толибилмони хатмкунандаи 11-солаашро дида армон шиканад.Хазор рахмат бар химатат устоди азиз!

Прочитал статью и почему- то на глазах появились слёзы, это точно "ЧЕЛОВЕК". Мог бы, написал ещё буквами побольше. Человек с большой буквой! Жаль что таких у нас не так уж и много. Денежных таджиков много, а людей заслуживающих имя "Человек" мало. Жаль

Фотима
Устоди озодасиришт!

Кам нашавед,Устод!!!

Некном
Худо нигахбонат бод Устод! Гоми шоиста ва хирадмандона ва пандомезу чавонмардона.Ачаб озодагонро сириштест..

БА МУСЛИМ!

Салом бародар Муслим! Бенихоят чахонбинии кудакона дори. Бисер нагз, дар зодгохаш мактаб месозад. Охир Точикистон ин факат Душанбе нест охир, ки танхо хама ободихо дар хамон чо сохта шаванд. Чи агар дар зодгохаш мактаб набошаду у бояд омада дар Душанбе мактаб обод кунад? Худ казоват кун ту барои махаллаи худ чи кардаи? Мутмаинам сангеро аз рох берун накардаи, дур ба ободкорихои дигар. Ахсан ба устод!

Мухтарам Академик,
Аввало ба Шумо саломи самимии худро расонида, сониян гуфтаниам, ки он нафаре ки худро Муслим муаррифи кардааст, агар чавонмард бошад хайфи он чавонмарди ва агар зан бошад худаш казоват кунад...
Рахим Масов барин инсонхо дар чумхурии мо ангуштшуморанд ва ин икдоми Устод хайрест барои мардуми зодгохаш ва кучак хам бошад ободкориест барои як гушаи диёри азизамон-Точикиистон, яъне
Зиндаву човид монд хар ки накуном зист,
К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро...

салом алейкум авалан ин ицдоми гирифтаи Ращим масовро дастгири мекунам аммо ациаашро тамоман не зеро ман яке аз баромадщои ин академикро дидам мегуфт"Масчидба рафта одам чи ёд мегирад ҳичи ёд намегирад бояд пеши роҳи масчидҳои зиёдро гирифт""лекин ин академики мӯҳтарам боз таърихшонос ҳам будиян агар таъриха донанд дар саҳифаҳои тилои таърих Синову,Берунию,Хоразмию Фороби,Хаёму Ҷоми Рӯдакиву Саъди ва дигарон ҳамаашон дастпарвардаи масҷид буданд масҷид ана ҳамингуна инсонҳоро ки милати тоҷикро дар ҷаҳон шинос намуд тарбия кард.устод ин ҳақиқати таърихи аст ва таърих роҳнамои милати мо аст..Озодагон озод бош ҳақиқатро чоп кун.боқи саломат бошед

Устод ман як чиза нафахмидум ин кадар сумма шумо да кчо чам кадагиед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)