“Вазн”-и шиносномаи тоҷикӣ дар ҷаҳон: 53 кишвар бе раводид қабул мекунанд
Ширкати Henley & Partners дар раддабандии ҷадидаш зери унвони “Маҳдудиятҳои низоми раводид” Тоҷикистонро миёни 219 давлат ва минтақаи дунё, дар ҷои 84-ум қарор додааст.
Тибқи ин раддабандӣ шаҳрвандон бо шиносномаи Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид аз 53 кишвари дунё боздид кунанд. Дар пайи таҳлили маҳдудиятҳои низоми раводид, таҳлилгарон 219 кишвар ва минтақаи дунёро дар 104 зина ҷойгузорӣ кардаанд: “Кишварҳое, ки нишондоди якхела доштаанд, дар як зина қарор гирифтаанд”.
Ҷои якумро чун солҳои пеш дар ин раддабандӣ Олмон гирифтааст, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд бе раводид ба 177 кишвари дунё сафар кунанд. Ҷои дуюмро шиносномаи Шветсия соҳиб шудааст, ки имкон медиҳад соҳибаш бидуни раводид ба 176 кишвар рафтуомад кунад. Дар ҷои сеюм Финляндия, Фаронса, Италия ва Бритониёи Кабир қарор гирифтаанд, ки шаҳрвандонаш метавонанд ба 175 кишвар бидуни раводид сафар намоянд.
Дар раддабандӣ, Қазоқистон ҷои 71-умро соҳиб шудааст. Шаҳрвандони ин кишвар метавонанд озодона ба 67 кишвари ҷаҳон сафар намоянд. Қирғизистон бо 58 кишвари бидуни раводид дар мақоми 79, Узбакистон бо 52 кишвари будуни раводид дар ҷои 85 ва Туркманистон бо 49 кишвар дар зинаи 88-ум ҷой гирифтаст. Сафари аз ҳама мушкил бо шиносномаҳои Сурия, Сомалӣ, Ироқ, Покистон ва Афғонистон баҳогузорӣ шудааст, ки соҳибонашон метавонанд мутаносибан ба 25-30 кишвари дунё бидуни раводид рафтуомад кунанд.
Ин раддабандӣ, ки “раддабандии шиносномаҳо” унвон гирифтааст, тайи 11 соли охир аз ҷониби ширкати Henley & Partners дар ҳамкорӣ бо Анҷумани байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) таҳия мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |