Псков: Ҷароҳати се шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи бархӯрди Volkswagen Caravelle ба симчӯб
Дар пайи як садама дар вилояти Пскови Русия се шаҳрванди Тоҷимкистон маҷруҳ шуда, ба беморхона мунтақил шудаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сарнишини мусофиркаши хурди Volkswagen Caravelle ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Р-23 Петербург-Невел идораи нақлиётро аз даст дода, аз роҳ берун шудааст. Воситаи нақлиёт ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, шаҳрвандони Тоҷикистон як зани 43-сола ва ду ноболиғи 14 ва 16-сола, ҷароҳат бардоштаанд: “Онҳо ба беморхона интиқол ёфта, саломатиашон хуб аст”.
Расонаҳо нагуфтаанд, ки ба ҷуз шаҳрвандони Тоҷикистон дохили ин мусофиркаш нафари дигар ҳам будааст ё на.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |