Бахшҳо

Даргузашти коргардони филми “Юсуф-пайғомбар” бар асари саратон

Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, коргардони филми машҳури “Юсуф-пайғомбар” бар асари бемории саратон даргузаштааст.

Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, муддате бар асари бемории саратон дар бемористон бистарӣ буд.

Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр соли 1952 дар шаҳри Қазвин таваллуд шудааст ва коргардони маҷмӯаҳои тарихию мазҳабии телевизионӣ буд. Расонаҳои ин кишвар аз оқои Силаҳшӯр ба унвони “коргардони муттааҳид ва инқилобӣ” ном бурдаанд. Силаҳшӯр ба ҷуз филми машҳури “Юсуф-пайғомбар” инчунин силсилафилмҳои машҳури телевизионии “Аюб-паёмбар”, “Мардони Анҷелос”-ро низ коргардонӣ кардааст.

Расонаҳои эронӣ гуфтаанд, ки Силаҳшӯр қасд доштааст сериоли “Мусо-паёмбар”-ро низ таҳия ва коргардонӣ кунад.

Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр тавассути филми “Юсуф-пайғомбар” номи ошное дар Тоҷикистон буд ва ин филм аз сербинандатарин филмҳои хориҷӣ дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Силаҳшӯр соли 2009 бо як гуруҳ аз ҳамкасбонаш сафари эҷодие ба Тоҷикистон доштанд ва бо аҳли зиёи кишвар мулоқот намуд.
Мӯҳр
nabi farhor
ИННА ЛИ ИЛЛОХИ ВА ИНА ИЛАЙХИ РОЧЕЪУН ХУДОВАНД рахмату магфираташ кунад.

Худо рахмату магфираташон кунанд. Вокеан хам дар пешаи худ абармарди бузург ва истеъдоди нодир буданд!!

Ин шахс Бисёр кори тарбияви ва дар Дин хизмат кардааст

Хусейн
Худованд рахмат кунад. Мо хама ба суи У баргардандаем.

Сллала
РУХАТ ШОД УСТОД. БАЪД АЗ ХУД ВОКЕАН ХАМ ОСОРИ ХУБЕ БОКИ ГУЗОТИ

фирдавс
Худо рахматаш кунад. Дар хакикат сериёли "Юсуф (а.с) пайгомбар" филми оли буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)