Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 19:20

(ВИДЕО) Аҳмадхӯҷа Давлатов: Мо як гуруҳи расмием, аммо аз ҳукумат нестем

29 феврал 2016, 16:45

Эътироз. Ин вожа дар як моҳи ахир дар расонаҳои тоҷикӣ серистеъмол гашт. Он аслан ба мухолифати ду гуруҳ бастагӣ дошт. Гуруҳи аввал мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар буданд, ки назди дафтарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон бо эътироз ба амалкардҳои ахири ҳукумат наҳваи мухолифати худро ба намоиш гузоштанд. Гуруҳи дувум дар дохили Тоҷикистон қарор доранд ва низ назди сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ мераванду талаб мекунанд, мухолифини Тоҷикистон ба кишвар баргардонида шаванд. Гуруҳи тоҷикистониро нафаре бо номи Аҳмадхӯҷа Давлатов раҳбарӣ мекунад ва Иршод Сулаймонӣ ӯро барои як баҳси бештар ба дафтари “Озодагон” даъват намуд.


"АГАР МО ТАЗОҲУРОТ МЕКАРДЕМ..."

Озодагон: Шуморо расонаҳо бештар ба ҳайси раиси созмони “Пешоҳангони ҷомеа” муаррифӣ мекунанд. Дар ибтидо мехостам дар бораи ҳамин созмон бигӯед: ин чӣ созмон аст ва чӣ ҳадафҳоеро дунбол мекунад?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин гуруҳ бо номи “Авангард” фаъол аст ва онро гуруҳи “Пешоҳанг” ҳам мегӯйем. Ин гуруҳе ҳаст, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи сентябр, ки хоинони миллат ва дастандаркорони он бо роҳбарии Назарзода Ҳалим ва ҳаммаслаконаш Муҳиддин Кабирӣ ва умуман Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил карданд, таъсис ёфтааст. Раҳбарии ин гуруҳро ҳоло ман ба дӯш гирифтаам ва мо як гуруҳ ҷавононе ҳастем, ки бо ихтиёри худ сари як миз нишастем, фикр кардем, ки чӣ кор кунем, то саҳми худро барои таъмини ободӣ, оромӣ, осиштагӣ ва дифоъ аз фарҳанги миллии худамон гузорем. Ин гуруҳро таъсис додем ва тақрибан як сол мешавад, ки фаъолият карда истодаем. Умуман фаъолиятҳои мо пеш аз ин ҳодисаҳо ҳам буд. Гуруҳ гуруҳи самимӣ ҳаст ва ҳадафи мо ҷонибдорӣ аз ҳамин сиёсати кунуни Тоҷикистон аст. Зеро Президенти кишварамон, Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби олӣ тавонист, ки як шароити хубро дар кутоҳтарин муддат, ки 25 соли истиқлол аст, барои мо ҷавонон муҳайё кард.



Озодагон: Ин гуруҳи шумо дар ягон ниҳод ба унвони иттиҳоди ҷамъиятӣ ба таври расмӣ номнавис шудааст ё не?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале, мо оинномаи худро дорем ва пешниҳод кардаем. Ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ дар гуруҳи волонтёрони Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба қайд гирифтаем.

Озодагон: Бубинед, дар ҳамин эътирозҳо ва ё ҳамоишҳои эътирозие, ки шумо баргузор мекунед, як нукта бисёр суолбарангез аст, ки чӣ гуна иҷоза барои барпо кардани чунин ҳамоишҳоро дарёфт мекунед. Дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон шарт ва талаботи қотеъе дорад дар баробари касоне, ки мехоҳанд ба майдон биёянд. Оё барои барпо кардани эътирозҳо дар назди сафорати Туркия, дафтари Иттиҳоди Аврупо ва сафоратхонаҳои Олмону ИМА воқеан иҷозаи шаҳрдориро доштед ё надоштед?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ман як чизро мехоҳам ба шумо бигӯям, ки тақрибан чанд моҳ пештар, бори аввал вақте муроҷиатномаи худамонро ба сафоратҳои Амрико ва Олмон пешниҳод кардем, ин тазоҳурот набуд. Ман намедонам чаро расонаҳои мустақил инро ба унвони тазоҳурот эълон карданд. Агар мо тазоҳурот мекардем, ҳатман иҷозатнома ва роҳҳои қонуниро интихоб мекардем. Аммо тазоҳурот накардем, мо дар дафтори корӣ нишастем, муроҷиатномаро қабул намудем. Барои қабул кардани муроҷиатнома ва идеяи ҷавонон дар ҳеч куҷо қайд нашудааст, ки бояд ҳатман биравем аз шаҳрдорӣ иҷоза бигирем...

Озодагон: Вале барои супурдани ҳамин муроҷиатнома чанд нафар рафта будед?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бори аввал вақте назди Сафорати Амрико рафтем, шаш нафар будем. Дар расонаҳо эълон ҳам карданд, ки гӯиё мо тазоҳурот кардем, гӯиё митинг кардем. Мо митинг бар алайҳи кӣ мекунем? Мо на бар Амрико ва на ба Олмон ва на ба Туркия хусумат надорем. Мо Амрикоро ҳамчун як кишвари воқеан демократӣ ва сулҳхоҳ қабул дорем, ҳамчунин Туркия ва Олмонро низ.

Озодагон: Аммо дар собиқҳо, масалан, ҳамин гуна ҳамоишҳое, ки 50 ё 100 нафар будед, барои мисол дар назди Сафоратхонаи Олмон, дар назди Сафорати Амрико бо талаби истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири вақти Тоҷикистон ва ин ду эътирозе, ки дар назди Сафорати Туркия ва Иттиҳоди Аврупо доштед, теъдоди шумо зиёд буд ва инро мешавад ҳамоиши эътирозӣ гуфт. Барои инҳо ҳатман бояд иҷозаи расмӣ гирифт.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Дар ҳамоише, ки тақрибан 1,5 сол пештар назди сафорати ИМА барои истирдоди хоини миллат Абдумалик Абдуллоҷонов шуд, гуруҳ мо набуд. Мо тайи якчанд моҳи охир аст, ки танҳо муроҷиатнома қабул кардем. Дуруст қайд кардед, ки чанд рӯз пештар, яъне 22 феврал вақте мо дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия ҷамъ шудем, онҷо таҷҷамӯи ҷавонон зиёд буд. Мо митинг накардем.

Озодагон: Ҳамоиши эътирозӣ буд дигар...

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ҳамоиш набуд. Мо муроҷиатномаи худро вақте қабул кардем, тақрибан 10 ҳазор ҷавон зери муроҷиатнома имзо гузоштанд ва ин муроҷиатнома ба Иттиҳоди Аврупо, Туркия ва Амрикову дигар ҷойҳои лозим бояд расонда мешуд.

“ИТТИҲОДИ АВРУПО, ХОИНОНРО БАРГАРДОН!”

Озодагон: Ин ки мегӯйед чӣ буд, набуд, фикр мекунам бисёр муҳим нест. Муҳим ин аст, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳар эътироз ва таҷаммӯе, ки бештар аз 10-15 нафар мешавад, бояд иҷоза дошта бошад. Ман ҳаминро мегӯям, ки шумо иҷозат доштед ё надоштед?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ман гуфта истодаам, ки мо эътироз, тазоҳурот накардем. Мо танҳо муроҷиатнома супурдем. Дар супурдани муроҷиатнома ҳам аҷиб ин аст, ки рӯзноманигорони мустақил эътироз меҷӯянд. Гӯиё мо тазоҳурот мекарда бошем.

Озодагон: Ба ҳар сурат шумо шиор сар медодед, дархост доштед. Ин чиз аз сабту наворҳое, ки тарафдорони шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш кардаанд, дида мешавад. Инҳо нишонаҳое аз ҳамоишҳои эътирозӣ ҳастанд.

(ВИДЕО) Аҳмадхӯҷа Давлатов: Мо як гуруҳи расмием, аммо аз ҳукумат нестемАҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале. Вақте мо, бештар аз 10 ҳазор нафар муроҷиатномаро қабул кардем ва супурдем, тайи як чанд муддат бепосух монд. Чанд бои Иттиҳоди Аврупо рафтем, гуфтанд, ки сафир нест ва боз гуфтанд, ки мо номаро дар баррасӣ қарор додаем. Ҷавонони мо ҳам аз сабаби ин ки руҳияи ватандӯсториашон боло асту ғурур доранду нангу номус ва чун ҷавон ҳастанд, зиёд суол мекарданд, ки чаро намеравӣ ва маро мегуфтанд, ки ту бетаваҷҷуҳӣ мекунӣ. Ман гуфтам, ки биёйед, якҷоя меравем ҷавоби номаи худро мефаҳмем. Мо назди Иттиҳоди Аврупо рафтем, касе набаромад. Ин як ғурури онҳост, ки садо дод. Мегуфтанд, ки “Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, хоинонро баргардон! хоинонро баргардон!”
Ин як чизе буд, ки табиӣ аз қалби ҷавонон берун мебаромад. Мо қасди тазоҳурот надоштем ва ин кори мо ҳам ба унвони тазоҳурот номнавис нашуд.

Озодагон: Яъне, аз назари шумо барои чунин корҳо иҷозаи расмӣ зарурат надорд?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Баро чӣ?

Озодагон: Барои ҳамин гуна корҳо.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Қаблан ҳам ҳамин ҳизби мамнӯи террористии наҳзати ислом муроҷиатномаҳои зиёд месупориданд ба дафтарҳои созмонҳо. Чӣ, онҳо иҳозатнома мегирифтанд? Мо муроҷиатнома супоридем. Моҳияти тазоҳурот аз муроҷиатнома фарқ мекунад.

Озодагон: Ин муроҷиатномаро мешуд, ки 2 нафар ё се ва ё панҷ нафар супоред. Вақте таҷаммӯъи зиёди ҷавонон меравад ва шиор сар медиҳанд, шумо бихоҳед ё нахоҳед дар расонаҳо ҳамоиши эътитрозӣ қаламдод мешавад.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Дар ҳеч ҷойе аз қонунгузорӣ гуфта нашудааст, ки барои супоридани муроҷиатнома як нафар, ду ва ё се нафар бояд бошад. Маҳдудият вуҷуд надорад. Фақат ҳамин, ки ҷавонон ба кори ман шубҳа карданд, ман гуфтам биёйед биравем ва худ бубинед. Баъд 200-300 нафар ҷамъ шуд.

Озодагон: Аз суҳбатҳои шумо чунин бардошт мешавад, ки гуруҳатон як гуруҳи худҷӯш аст. Ҳамин хел? Яъне, худ ба худ, табиатан ба вуҷуд омадааст?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
На. Одатан ҳар як чиз табиатан ба дунё меояд ва табиат дар қалби инсон, як қонуни фалсафӣ аст, ғурурро бедор мекунад, ки инсон тасмим мегирад. Ин чиз табиатан ҳамин хел пайдо нашуд. Табиатан дар қалби ҷавонони мо ғурури миллӣ буд.

Озодагон: Манзури ман аз суол ин аст, ки ҷавононе, ки дар ҳамин гуруҳ ҳастед аз роҳҳои гуногун ба ҳам ошноӣ пайдо кардед ва замоне мақсадҳо ва идеяҳои як буданд ҳамин чизро шакл дод. Манзури ман ин аст.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале, дуруст. Шаш моҳ пештар, моҳи январ буд, хато накунам мо тасмим гирифтем бо муроҷиатнома назди сафорати Олмон ва Амрико рафтем. Аз он вақт то ҳозир ҷавонони бисёре гуфтанд, ки мехоҳем дар паҳлӯи шумо бошем. Гуфтем, бигзор. Мо тазоҳурот намекунем, чунки тазоҳурот бо касе мекунед, ки мо бо онҳо мухолифат дошта бошем.

Озодагон: Бубинед, он чи шумо чанд рӯз пеш дар баробари дафтари Итиҳоди Аврупо ва сафорати Туркия кардед дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чунин бозтоб гирифт, ки ин эътирози шумо дар баробари эътирозе ҳаст, ки мухолифин эълон карда буданд, назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун ва дафтарҳои Иттиҳодияи Аврупо мекунанд. Шумо мегӯйед, ки барои дарёфти посухи муроҷиатномаи худ рафта будед...

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале-бале. Ман дар аввал қайд кардам, ки чаро? Ин ҷо ҳарф болои чаро меояд ва ман дар саҳфаи фейсбукии худам борҳо такрор кардам, ки чаро инро тазоҳурот эълон мекунанд?

Озодагон: На-на, шумо бо наҳваи эътироз алайҳи эътирози мухолифин рафта будед ва ё барои посухи муроҷиатномаи худ?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Мо барои посухи муроҷиатномаи худамон рафтем. Сафорати Туркия ба хотири ин рафтем, ки назди сафир дароем, моҳияти корро аз дидгоҳи ҷавонон ба онҳо расонем. Мо гуфтем, мехоҳем назди сафир дароем. Мо тазоҳурот надорем, бо кишвари Туркия ҳеч мушкил надорем, аммо дарди дили ҷавононро, ки воқеан субот ва оромии ҷомеаро мехоҳанд ва намехоҳем, ки он чанд нафари исломмаоб, ки бо ном худро наҳзати исломӣ мегиранд, намехоҳанд, ки онҳо кишвари моро ноором кунанд. Ба ҳамин хотир барои дарди дили худро расонидан рафтем, оромона дархост кардем, ки моро гузоред пеши сафир дароем. Аммо нигаҳбонон, ки нагузоштанд, ҷавонон садо доданд.

“ИСЛОМ МОЛИ ҲАМА АСТ, ТАНҲО МОЛИ ОНҲО НЕСТ”

Озодагон: Ин чизро дар наворҳо мо ҳам дидем. Вале шумо фикр мекунед ҳамин шеваи кор то куҷо таъсиргузор аст? То куҷо метавонад барои фурӯ нишондани амалкардҳои мухолифин, ки шумо онҳоро хоин ном мебаред боис шавад ва то куҷо ҳадафҳоеро, ки дунбол мекунед, ба даст меоянд? Магар беҳтар ин нест, ки дар муколамаи мустақим бо мухолифин бошед?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Дӯстам, як ҳарфи хело ҳам аҷиб задед. Қайд кардед, ки шумо онҳоро хоин меномед. Аслан ман ё як ташкилоти дигар ҳақ надорад, ки як нафарро хоин эълон кунад.

Озодагон: Аммо дар суҳбате, ки мо дорем шумо чанд бор ин вожаро истифода кардед.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Дуруст, бале. Нигоҳ кун, наҳзати исломи Тоҷикистон вақте расман фаъолият мекард, шахсан ман дар чандин вохӯриҳои Муҳиддин Кабирӣ ширкат мекардам. Ва ҳамеша аз Кабирӣ интиқод мекардам, барои ҳамин шеваи роҳашон. Барои истифода кардани ислом дар ҳизбашон. Зеро ислом моли ҳама аст, танҳо моли онҳо нест. Аммо онҳоро хоин намегуфтам. Идеяи онҳоро қабул надоштам, бо онҳо мубориза мебурдам, ки роҳатон нодуруст аст, вале хоин намегуфтам. Чаро ки аз лиҳози қонунӣ ин ҳақро надоштам.

Озодагон: Ин ҳақро ҳеч кас надорад, танҳо қонун дорад ин ҳақро.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале, барои як нафарро хоини миллат эълон кардан, танҳо қонунгузорӣ метавонад иҷоза бидиҳад. Суд аз роҳи қонунгузорӣ метавонад як нафарро хоин эълон кунад. Баъд аз ҳодисаҳои моҳи сентябр Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ҳамчун хоини миллат эълон кард. Дигар ӯро дӯсти миллат гуфтан забони ман намегардад. Ман ба суди кишвари худам чаро эътимод надошта бошам?

Озодагон: Гапатон дуруст аст. Алабатта ин ҷо ҷойи доварии ману шумо нест, ин ҳарфро қонун мегӯяд. Аммо Суди олӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ эълон кард, аммо шахсиятҳои алоҳидаи ин ҳизб ҳоло парвандаҳояшон дар баррасӣ ҳаст ва ҳукми суд дар баробари онҳо содир нашудааст, ки онҳо хоин ҳастанд ё нестанд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Оё намедонӣ, ки худи Кабириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хоин эълон кард?

Озодагон: Бубинед, ман намехоҳам, ки зиёд гирди ҳамин баҳс бошем. Вале як чизро мехоҳам рӯшанӣ андозам. Алайҳи онҳо бо моддаҳое, ки дар қонунгузории Тоҷикистон хиёнат ба Ватан дониста мешавад, айб эълон шудааст, аммо ҳукми суд содир нашудааст. Чун дар қонунгузории мо як мафҳум аст – эҳтимолияти бегуноҳӣ. Яъне, то замони содир шудани ҳукми суд мо ҳақ надорем касеро ҷинояткор ва хоин бигӯйем. Ман аз ин дидгоҳ гуфтам, ки шумо онҳоро хоин ном мебаред. Ҳоло он ки онҳо хоин ҳастанд ё нестанд ва мақомоти судии Тоҷикистон дар судҳои ҳузурӣ ва ё ғиёбӣ онҳоро хоин эълон мекунад ё не, бастагӣ дорад ба ҳукми суд. Чанде пеш ҳам раиси Суди олии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки мо баррасии парвандаҳои ин афродро оғоз кардем ва то кунун нисбат ба ҳеч кадоми онҳо ҳукми суд содир нашудааст.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале-бале. Суди олии Тоҷикистон вақте ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ эълон кард ва Назарзода Ҳалимро ва ҳамчун дар баробараш Кабироро хоин эълон кард, магар нахондед?

Озодагон: Бале мо дидем, гуноҳ эълон шуд, вале ҳукм содир нашуд. Гуфта мешуд, ки дар амалҳои онҳо хиёнат ба Ватан дида мешавад. Вале хиёнат ба Ватан як моддаи ҷиноӣ аст, ки ҳукми суд содир мешавад. Мо аз мавқеи қонун суҳбат мекунем на аз диду назари касе ва ё чизе.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ин чиз ҳатто дар рӯзномаҳои расмӣ нашр шуд ва исбот карданд, ки он шахс ба миллат хиёнат кард.



“МОРО КУМИТАИ ЗАНҲО ҲАМ ДАЪВАТ МЕКУНАД, МО АЗ КУМИТАИ ЗАНҲО КИ НЕСТЕМ”

Озодагон: Аммо як масъалаи дигар. Шумо мегӯйед, ки ҳамин гуруҳи мо худҷӯш аст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ва дар баъзе аз расонаҳо ба шумо айб мезананд, ки зери назорати мақомоти марбутаи давлат ба майдон омадеду таҳти контролу нишондеҳии онҳо кор мекунед. Ин чиз дуруст аст ё нодуруст?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ман як чиз мегӯям, дӯстам. Як чизе, ки барои баъзе аз гуруҳ хос аст ҳамин аст, ки туҳмат мезананд. Онҳо моро мегӯянд, ки гӯиё мо фармоишӣ бошем, ин муроҷиатномаҳои мо супоришӣ бошад ва гӯиё мо зери фишори як мақомоте ин корро карда бошем. Ин чиз воқеият надорад. Агар як нафар, ду нафар панҷ нафар бошем дуруст аст, аммо 10 ҳазор нафарро имкон надорад бифиристед, ки имзо бигузоред ё ки муроҷиатнома қабул кунед. Агар маҷбурӣ ҳам бошад, вақте дар назди Иттиҳоди Аврупо ё дигар маконҳо мераванд ҷӯшу хурӯши ҷавонҳоро мебинӣ, аслан мефаҳмӣ, ки ин чиз аслан табиӣ аст. Онҳо моро мегӯянд, ки гӯё моро Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур мекунад. Оё онҳо қабул доранд, ки онҳоро кишварҳои абарқудрат истифода бурда истодаанд? Инҳо як силоҳи дасти кишварҳои абарқудратанд ва воқеан ҳам дидгоҳи ман ҳамин аст.

Озодагон: Онҳо баъзан мисол мезананд, ки шумо дар чорабиниҳо ва маҳофиле, ки мақомоти давлатӣ ташкил мекунанд, ҷалб мешавед. Маслан баъзе аз чорабиниҳое, ки Кумитаи ҷавонон ва Вазорати дохила, муштаракан дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил мекарданд, ҳамеша шахси шумо ва касоне ҷонибдори шумо ҳастанд, ҳузур доштанд. Ин гуна мисолҳо мезананд ва марбут ба он медонанд, ки ҷалб мешавед ва истифода мешавед.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ман гуфтам, ки гуруҳи мо як гуруҳи қонунӣ ҳаст ва мо, ки ҳамчун зербинои волонтиёрони Тоҷикистон ҳисобида мешавем ва замоне мо фаъолияти худро нишон медиҳем ва ҷонибдорӣ аз ин сиёсати пешгирифта ва сулҳхоҳонаву ободкоронаи Пешвои миллатамонро мекунем, моро даъват мекунанд. Мо як гуруҳи расмӣ ҳастем ва ширкат мекунем, аммо мо аз ҳукумат нестем. Нигоҳ кун, худи Кабирӣ раиси ҲНИТ буд то вақте ки мухолиф буд, аммо аз давлат набуд. Дуруст аст? Аммо як чизи расмӣ буд, дар вохӯриҳо Кабириро даъват мекарданд. Пас ӯро ҳукумат маҷбур мекард ё дигару дигарашро бигирем. Моро Кумитаи занҳо ҳам даъват мекунад, мо аз Кумитаи занҳо ки нестем. Ё Кумитаи дин ва ё Вазорати дохила ва ё Кумитаи ҷавонон. Самти фаъолияти мо ба ҳар як сохтор рост мегирад. Мувофиқи оиннома ҳамин тур аст. Яке аз бандҳои мо мубориза бар алайҳи терроризму ифротгаройӣ аст.

Озодагон: Зери мафҳуми мубориза чӣ дар назар дошта мешавад? Мубориза бо силоҳ, муборизаи идеологӣ ё чӣ?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Мо танҳо муборизаҳои идеологӣ мебарем. Пешгирӣ аз гуруҳҳои ифротӣ.

Озодагон: Яъне, пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Бале.

“МАН МУЪТАҚИД ҲАСТАМ, КИ МУАССИСИ “ГУРУҲИ 24” НАҲЗАТИ ИСЛОМИ ТОҶИКИСТОН АСТ”

Озодагон: Ин бисёр иқдоми хуб аст ва фикр мекунам, тақрибан ҳама ин чизро мехоҳанд, ки ҷавонон ифротӣ нашванд. Ҷавонон нараванд дунболи созмону гурруҳое, ки маълум нест онҳоро кӣ маблағгузорӣ мекунад ва барои кӣ меҷанганд. Онҳо бояд бештар пайи илму донишу маърифт бираванд ва барои ободи шахси худашон, барои ободии ҷомеа талош кунанд. Аммо як масъалаи дигар. Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосӣ як кишвари демократӣ унвон шудааст...

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Унвон шудааст не, алакай кишвари демократӣ аст.

Озодагон: Бигзоред бигӯям. Яке аз шартҳои ҷомеаи демократӣ ин имконият додан ба мавқеъ аст. Ба изҳори мавқеъ, ба изҳори ақида, ки бо номи плюрализм дар баҳсҳои илмӣ шинохта мешавад. Дар мо гуногунандешии сиёсӣ мегӯянд ва дар кишварҳои ҳамзабони мо баъзе аз бародарон инро бо номи касратгаройии сиёсӣ талаққӣ мекунанд. Яъне, имконият додан барои изҳори мавқеъ, навобаста ба ин ки ин мавзеъгирии сиёсии шумо ба мавқеи ҳокимияти иҷроия мутобиқат мекунад ё не. Муҳим ин аст, ки мухолиф ба қонун набошад ва мухолиф ба манфиатҳои миллат ва давлат набошад. Аз ин нуқтаи назар шумо фикр мекунед ҳамин гуна як шароит дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки имкон набошад мухолифин бираванд ин корҳоро дар берун бикунанд?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Гӯш кун, дӯстам. Агар дар Тоҷикистон шароит набошад, озодии баён ва умуман озодии фикр ва озодии андеша набошад, ман фикр мекунам, ки ману шумо дар ин ҷо ҳамчун ҷавон озодона масоили давлатӣ ё масоили сиёсии давлатиро баррасӣ карда наметавонистем. Ин ҳарфҳое, ки шумо мезанед ва ин саволҳое ба ман медиҳед худаш баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ба озоди баён, озодии мавқеъ ва озодии мафкура эҳтиром қоил аст. Мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ, мавҷудияти расонаҳои хабарӣ, ки тақрибан ҳамарӯза хабарҳои интиқодомез, ки мухолифат ба қонунгузорӣ намекунанд, вале ба камбудиҳои ҷомеа эрод, мегиред, ин худаш баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ба озодии фикр эҳтиром дорад.

Озодагон: Ин дуруст аст. Ин ки ману шумо рӯйи масоили сиёсӣ суҳбат мекунем, худаш як навъ нишонаи озодии баён аст. Аммо агар ҳамин гуна имконият дар шакли куллӣ вуҷуд медошт, мо дар хориҷ аз кишвар мухолифини берун аз низомро намедоштем. Шумо кишварҳои аврупоиро бибинед, кишварҳое, ки мо онҳоро чун сарчашмаи демкоратия мешиносем -- ИМА, Олмон, Инглистон, Фаронса инҳо дар хориҷ аз кишвар оппозитсиюни берун аз низом надоранд. Аммо кишварҳоие, ки тоза ба демократия расидаанд, мисли Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ дар хориҷ аз кишвар оппозитсиюни берун аз низом доранд. Тоҷикистон то чанд сол пеш ҳамин гуна мухолифини берун аз низомро тақрибан надошт. Вале чанд сол пеш “Гуруҳи 24” ташкил шуд, Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон пайдо шуд ва ахиран ҲНИТ, ки баъд аз он ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд ба ин гуна мухолифин табдил ёфт. Аз нигоҳи илмӣ ҳамин гуна тафсир мешавад, ки вақте шароит барои касратгароии сиёсӣ ва озодандешии сиёсӣ мавҷуд нест мухолифони берун аз низом дар берун ба вуҷуд меоянд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ин ки шумо мегӯйед дар кишварҳои абарқудрат гуруҳҳои мухолифини берун аз кишвар надоранд, нодуруст аст. Амрико ҳам дорад.

Озодагон: Кӣ ҳастанд? Як кас ним кас шояд бошанд, вале дар шакли гуруҳ мо надидем.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Инҳои мо, ки аслан гуруҳ нестанд. Масалан ман ҳам хабар ёфтам, ки яке аз шаҳрвандони ҳамин кишварҳо, ки ҳоло номаш ёдам нест, аз Иттиҳоди Аврупо паноҳандагии сиёсӣ талаб карда буд. Ҳеч кишваре бидуни оппозитсиюн шуда наметавонад.

Озодагон: Гап сари оппозитсиюни берун аз низом меравад.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ҳам оппозитсиюни дохилӣ доранд ва ҳам берунӣ.

Озодагон: Вале мо эътирози оппозитсиюни берун аз низоми онҳоро намебинем.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ҳамчун хабарнигор, меравӣ назди ҳамун касоне ки ҳоло оппозитсияи берун аз кишвар шудаанд бо номи “Гуруҳи 24”, ҳизби наҳзат ё Додоҷон Атовуллоев ва неруҳои созандаи Тоҷикистон. Инҳо ҳамагӣ 6-7 нафар ҳастанд, он қадар зиёд нестанд. Фақат бо ном гузоштаанд, ҳамон Анҷумани неруҳои созандаашон як нафар ҳаст, наҳзати исломшон як нафар аст ва Гурҳи 24-шон ҳам як нафар аст. Ман муътақид ҳастам, ки муассиси “Гуруҳи 24” наҳзати исломи Тоҷикистон аст. Барои исбот далел хоҳед Нуриддин Ризоӣ. Фарзанди Муҳаммадсаиди Ризоӣ, яке аз роҳбарони калони наҳзати исломӣ. Инҳо 5-6 нафаранд, вале барои калон кардан ҳар гуна ном мегузоранд.

Чаро инҳо оппозитсиюни берун аз кишвар шуданд? Агар таҳқиқ кунем ҳамаи инҳое, ки худро берун аз кишвар мухолиф гирифтаанд ва мубориза мебаранд бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз содир кардани ҷиноят фирор мекунанд ва баъдан худашонро озодихоҳ мегӯянд, демократ меноманд. Ҳамаи инҳо як ҷинояте доранд. Таъсисдиҳандаи “Гуруҳи 24” ҳам пули давлатро дуздиааст, Абдумалик Абдуллоҷонов ҳам чанд миллиард доллари Тоҷикистонро дуздидааст, Додоҷон Атовуллоев ба миллат хиёнат кардааст. Ё наҳзату Кабирӣ, ки исбот карданд дар ҷиноятҳо даст доранд, фирор кард. Онҳо ба хотири пӯшондани ҷиноятҳои худашон худро демократ мегӯянд.

“КАСЕ, КИ БА ИНҲО ЗУЛМ КАРДА БОШАД, ДАР ҚИЁМАТ ҶАВОБГӮ ҲАСТ”

Озодагон: Аммо тарафи дигари ҳамин фикр ҳам вуҷуд дорад, ки онҳо бо ин ки дигарандеш буданд, мухолифи ҳукумат буданд ба инҳо ҷиноят бор шуд ва инҳо маҷбур шуданд барои ҳифзи худашон аз кишвар фирор кунанд. Дар ин маврид чӣ мешавад гуфт?

(ВИДЕО) Аҳмадхӯҷа Давлатов: Мо як гуруҳи расмием, аммо аз ҳукумат нестемАҳмадхӯҷа Давлатов:
Хело ҳам андешаи хуб гуфтед ва чӣ чиз ба шумо мисол иҷозат дод, ки ба ман суол додед, ки эҳтимол дорад ҳукумат ҳамин ҷиноятро дар каллаи онҳо бор карда бошад? Ин нишонаи он аст, ки мо озодии баён дорем ва шумо ҷуръат карда инро мегӯйед. Агар ҳукумати мо воқеан маҳдудият мегузошт ва ба қавли онҳо диктатор мебуд як хабарнигори мустақил ҷуръати ин гуна суол карданро надошт! Агар бор карда бошад, биёянд исбот кунанд, ки мо бегуноҳ ҳастем. Агар онҳо муътақид ба ин ҳастанд, агар онҳоро маҷбур карда бошанд, ки рафта бошанд, ҳатман подошашонро дар қиёмат мувофиқи дини ислом мегиранд. Касе, ки ба инҳо зулм карда бошад, дар қиёмат ҷавобгӯ ҳаст. Аммо беҳтар ин аст, ки агар онҳо шуур дошта бошанд, вақте ҷиноят карданд бояд мардонавор дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Агар онҳо мардумӣ ҳастанд, агар номуси миллӣ дошта бошанд, назди сафоратҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳрими иқтисодии Тоҷикистон намераванд. Таҳрим барои кӣ мешавад, зарар ба кӣ мерасад? Мардуми бечора зарар мебинад. Агар онҳо мардумро дӯст дошта бошанд, зиндонҳои тоҷикистонро болотар аз кишварҳои абарқудрат медонанд.

Озодагон: Албатта ин бастагӣ дорад ба шахсияти онҳо, ба мавқеи онҳо, ки то чӣ андоза худашонро муҷрим медонанд. Ба ҳар ҳол мо дер ё зуд шоҳиди ин мешавем, ки онҳо гунаҳкор ҳастанд ё нестанд. Вале як суоли дигар. Агар як касе дар худии худ ба Ҳукумати Тоҷикистон мухолифат пайдо кунад ва он ҳам дар берун аз кишвар боло шаваду садо баланд кунад, бе ин ки собиқаи ҷиноят дошта бошад, шумо алайҳи он ҳам баланд мешавед ё не?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Гӯиё як нафар собиқаи ҷиноятӣ надораду мухолифи ҳукумат мешавад...

Озодагон. Мо тасаввур мекунем, мисол мезанем. Мо тарафдори ин нестем, ки ҳамин гуна гуруҳҳо пайдо шаванд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар хориҷ мумкин нест.

Озодагон: Ҳизб не, гуруҳе аз мухолифин.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Мо нигоҳ мекунем, мавқеи онҳоро, ҳарфи онҳоро, ки то куҷо саҳеҳ аст ва андешаи онҳо то куҷо нодуруст аст, андешаи худро ҳамчун гуруҳи ҷавонон бар зиди он гуруҳ эълон мекунем. Касе агар манфиати миллиро хоҳад, чаро меравад аз берун, аз хонаи ҳамсоя ба хонаи худаш санг мезанад? Биё, дар дохили кишвар, ба монанди ҳизби Сотсиал-демократ, ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ё ҳизби коммунистӣ фаъолиятҳои мухолифии худро идома додан гир.

Озодагон: Баҳси мухолифат ва мухолифин як баҳси бисёр калон аст. Тақрибан дар ҳама давлатҳо вуҷуд дошту дорад. Зеро ин табиати инсонӣ аст. Инсон на ҳамеша ба ҳама чизе, ки ҳаст ба наҳваи мусбат бархӯрд мекунад. Аммо муҳим ин аст, ки мо ҳамин заминаҳои мухолифатро дуруст шиносоӣ кунем ва дар асоси ҳамин шиносоии дуруст муносибат шавад, ки ҷомеаи мо, кишвари мо зарар набинад ва ободиеро, ки мо мехоҳем ба ҳамон бирасем. Аммо ба унвони суоли пеш аз охирин. Шумо, ки худро ҷонибдори сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва хусусан ҷонибдори сиёсати раисҷумҳури кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон эълон мекунед аз назари шумо шароити мавҷуди имрӯзи Тоҷикистон шуморо қонеъ мекунад ва ҳамин имкону шароите, ки мо дорем ба унвони як имконоти лозиму хуби асри мо ҳастанд?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Ман ҳамчун ҷавон шароитҳоеро, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати бениҳоят кӯтоҳ, ки ин ҳам 25 сол аст, барои мардум фарҳам кардааст, воқеан шукргузорӣ мекунам. Агар ман бигӯям, ки маро қонеъ намекунад, ман ношукрӣ мекунам. Мо шукр мекунем. Дар ҳеч давру замон ҳеч инсоне аз хоҳишоти худ қонеъ нест. Агар мо ба нафс такя кунем ҳеч нафс имкони сершавӣ надорад. Аммо агар бар ақл бигарем ҳама шароит барои ман ҳаст.

Озодагон: Аҳмадхӯҷа, сари ин мавзӯъҳо баҳс метавонад, ки тӯл бикашад. Вале мо бо ин баҳс хостем ба шумо имкониат бидиҳем, ки дар як минбари расмӣ, дар як расона биёйед бо касоне, ки мухолифат доред мавқеятонро изҳор кунед. Мо ҳам чанд суоле, ки хонандаҳо ва корбарони сомонаи хабаргузорӣ карда буданд, пешниҳод намудем. Ва фикр мекунам як суҳбати хуб ҳам доштем. Аммо агар дар ҳамин пардаи навори мо ба шумо имконият бидиҳем, ки ба ҳамин гуруҳҳо дар шакли як ҷумла муроҷиат дошта бошед, чӣ гуфтан мехоҳед?

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Паёми ман ба шумо мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки хоки ба хор олудаи Тоҷикистонро болотар аз ҳама қаср ва шароитҳое, ки хориҷиҳо ба шумо муҳайё мекунанд, бидонед.

Озодагон: Зинда бошед. Ман фикр мекунам, мо аз ҳар роҳе, ки талош мекунем бояд ба як мақсади олӣ: барои ободии Тоҷикистон, барои амният ва сулҳу суботи кишвар талош кунем ва бо ҳамин ниятҳо мо дасти якдигарро мефишорем, ки ҳамагӣ аз ҳамин мақсадҳо пайравӣ кунанд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов:
Раҳмат.


ШАРҲИ ҲОЛ

(ВИДЕО) Аҳмадхӯҷа Давлатов: Мо як гуруҳи расмием, аммо аз ҳукумат нестемДавлатов Аҳмадхӯҷа Ширинхуҷаевич. Раиси гуруҳи ҷавонони "Пешоҳанг". Соли 1987 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Маткаби миёнаро дар мактабҳои 73-и ноҳияҳои Сино ва 56-и Рӯдакӣ хондааст. Солҳои 2007-2010 давраи муқаддамотии риштаи улуми динии Донишгоҳи Дорул-улуми Зоҳидони шаҳри Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Эронро фаро гирифта ва ин тахассусашро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эътироф кардааст. Факултаи улуми исломии Донишкадаи исломии Тоҷикистонро дар соли 2014 хатм кардааст ва феълан дар давраи магистрии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Узви парлумони ҷавонони Тоҷикистон ва маҳфили сиёсатмадорони шаҳри Душанбе. Муаллифи мақолаҳои илмиву сиёсӣ ва фарҳангӣ дар нашрияҳои кишвар ва соҳиби чандин ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочир

  • 29 феврал 2016 17:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд бародар шароит барои ту мухайе бошад . Барои инсоне ки хакикатро мегуяд дар Точикистон чой нест.Аз ободи гап мезани ту чиро дар Назар дори бебарки , мухочират ришва ,фасод , бекори , беадолатиро
Посух додан
  • часус

  • 29 феврал 2016 17:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
номаъкул карди хучаали, барои девона маълумай ки супоришро ичро мени, пас чаро рапта мардикорхои бозорро гупти ки биёед дар назди сафорати Туркия митинг менем, дар иваз сум метан, мардикорхои хорузори бечора дар чавоб гуфтанд, ки " илтимос моро ба холи худ гузоред ва охирин вазифаи хаммоли ва мардикориро аз мо нагиред" . Мо аз ту хам безорему аз акаи Кабириат хам, ба мардуми бекор фоидат намерасад, хадиакал зиён нарасон, аз пайи илму маърифат шав, агар шараф дошта боши!
Посух додан
  • NERKN

  • 29 феврал 2016 17:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ину Абдуҳалим Ғаффоров як хел.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман мехостам видеояшро бинам чи хел руш сурх шуда дуруг мегуяд , Ячи ба чавобои ахмадхуча хандидам да рузноманигор дар мегуяд ин да бори девол гап мезанад
Посух додан
  • мунозара

  • 29 феврал 2016 17:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод ташаккур бовар ку ранги бахси фарангию мударрис сухбат кадай ))))))). Зинда боши Иршод
Посух додан
  • Саид

  • 29 феврал 2016 17:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахмадхуча вактхои охир сарбозони 201 дивизия бисер чиноят мекунанд назди сафорати россия як митинг кн.
Посух додан
  • Tjk

  • 29 феврал 2016 18:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худут бед меги у тут мефахма
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фигри Хуб Групата Сахт бкап.Хоинонро Мегири Охиста Охиста Обод Шидесай.Давоатро дар давоми15сол Хамика обод Мекни.ИНШААЛЛО.Ояндаш хубай
Посух додан
  • Давлат Ахмадхучаев

  • 29 феврал 2016 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як бор хисоб бикун, ки дар хамин сухбатат чанд хазор маротиба калимаи ФАХМО-ро истифода бурдаи? Чи даркор хаст хамин калима? Кушиш бикун, ки истифодаш накун. Ин кадар бисёр ва бемаъни
Посух додан
  • donishjui

  • 29 феврал 2016 19:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kablan uzr mekhoham, Ahmadkhuja guzashtatro faromush nakun, baroi chi ba 3sol pesh vakte man pursidam rish baroi chi meguzori? gufti in sunat ast, khob kabul, baroi chi kablan pesh az ogozi sukhan nomi Ollohi buzurgro peshmeovardi alon ne, khulas dahoni pushida sad tillo, tamoman az siesat dur hasti DUSTAM, baroi javobi ruznomanigor va bo u harf zadan ba shevai kuchagi BRA IQA BKHON.
Посух додан
  • Хоин

  • 29 феврал 2016 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафсата...
Вақти он аст, ки донишҷӯҳо илм омӯзан, савод бароран ва ихтисосманд шаванд, ин Хӯҷа бошад ҷавононро гирдогирди шаҳр мегардонад ва дар ивази ин гардонданҳо баҳо медиҳад. Бовар кунед, ки ҳамин хел аст. Ҳар касе ки дар пушти дари сафоратҳо ҳозир мешавад, дар имтиҳонҳо сабукӣ мегирад.
Посух додан
  • Усмонали

  • 29 феврал 2016 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1000 рахмат Аакай Иршод бехтарин хабарнигор шумо бехтарин суолхо аммо ин дарбори суханони шуморо вообше чавоб дода наметавонад Аллох нигохтон дорад аммо ин шуморо мефурушад бо ин саволхотон инро ман медонам ин то дируза пеш пеши пои Кабири медавид имруз бошад уро хоин меномад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикира ба зур гап мезанадуууу
Посух додан
  • Муслим

  • 29 феврал 2016 20:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз чавобхояш чунин бармеояд ки саводи кофии сиёси надорад..
Посух додан
  • Хоркаш

  • 29 феврал 2016 20:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод, ба он сабру таҳаммулат сад офарин!
Серияи дуюмша мон, додар, то охирша хандем.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!