Бахшҳо
01 мар 2016 10:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Теҳрон Файзов, коромӯз

Аробакашҳо. Қишре аз ҷомеаи ману шумостанд, ки мо бехабар аз кору рӯзгори онҳо ҳастем. Аксарияти мо ба онҳо ҳамчун ба як қишри аз лиҳози инсонӣ паст муносибат мекунем ва чунин пиндор дорем, ки онҳо барои “буд кардани кори мо” офарида шудаанд. Вале камтар талош мекунем бифаҳмем, ки ин қишр дар ҳақиқат чӣ мушкил ва ниёзмандиеро доранд, ки ҳамин гуна “хориву залилӣ”-ро интихоб кардаанд.

Ҳарчанд дар назари мо аробакашҳои бозорҳои кишвар кори сангин ва меҳнатбореро пушти сар мекунанд, аммо як қисм аз онҳо ин кори хешро бартарӣ ҳам медиҳанд.

Як сокини 40- солаи шаҳри Душанбе, дар мавриди аробакашияш дар бозори Саховат ба мо чунин қисса кард: “То соли 2010 дар Русия кор мекардам, баъдаш дар ҳамин бозор аробакаш шудам. Вақтҳои охир кор кам аст дар як рӯз 30-40 сомонӣ кор мекунам. Пеш то 90-100 сомонӣ кор мекардем”.

Ин мард мегӯяд, ки соҳиби 4 фарзанд - 2 духтару 2 писар мебошад, ки хонандаи мактабанд ва ҳамсараш низ дар бозор кор мекунад. Ба гуфтаи ин мард ба кори давлат зиндагӣ пеш намеравад. Ин мард соли 1996 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм карда 6 моҳ муалим кор кардааст ва ба гуфти худаш “аз баски маошаш кам буд корро бас кардам. Дар сохтмон кор кардан вазнин аст. Бо ҳамин аробаам рӯзам мегузарад, кораш осон. Дар як рӯз 3 сомонӣ чекпулӣ месупорем”.

Яке дигар аз аробакашони бозори Саховат, ки ӯ ҳам нахост номаш дар ВАО зикр шавад, сокини 63-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаст, ки айни ҳол дар Душанбе сукунат дорад: “Ман дар 63 рафтам, ин рафиқам дар 72. Мо бояд дар ин сину сол пенсиа бигирем, лекин намегирем. Барои дуруст кардани ҳуҷҷат пули бисёр даркору мо надорем. Зиндагии мо ҳамин ароба аст. Як ду рӯз пеш писарамро барои кор кардан равон кардам, ки ба қарибӣ аз аскарӣ баргашт. Дар ягонҷо коргар даркор набудааст. Писарам мактаби ибтидоиро ҳам хуб хондагӣ нест”.

Ин мард, ки соҳиби 2 писару 4 духтар мебошад, дар идомаи суҳбат бо алам чунин изҳори назар кард: “Зиндагиямон вазнин, аз ҳаминхел зиндагӣ нафратам меояд, лекин чӣ илоҷ?! Ҳамин аробакашӣ ҳам накунем намешавад, гушна мемонем. Боз ба замми ин аз мо чек мегиранд. Бибинед, барои як ҳуҷҷат дуруст кардан маблағи зиёде даркор аст ё барои як порча замин гирифтан. Мо қудрати инро надорем, намедонем чӣ кор кунем?”.

Ин сокини 63-солаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки дар ягон беморхона бе гирифтани маблағ табобат намекунанд: “Соли гузашта ман тамоман аз мадор рафтам, бемор шудам. Вақте ба беморхонаи бесоҳибон рафтам, ки бояд бе пул табобат кунанд як духтур аз ман 70 сомонӣ талаб карда гуфт, ки як ҳафта табобат мекунем. Ман ки пул надоштам, табобат гирифта натавонистам”.

Ин аробакаш ба кори бозор ҳам эътирози худро дорад: “Дар бозор пештар як равған 10 сомонӣ буд ҳозир 15 сомонӣ шудааст. 1кг қанд 5 сомонӣ буд ҳоло 7,5\8 ва нон ҳам аз 80 дираму 1 сомонӣ ба 2-3 сомонӣ боло рафт. Ягон камера аз телевизион меояд масъулони бозор мардумсуркуниро пеш мегиранд, порядка кунед мегӯянд, охир ҳаминҳо гушнаанд, ки нонфурушӣ мекунанд ё аробакашӣ”.

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...Аробакаши дигар Анвар Сафоев 71 сол дорад. Ба қавли худаш 97 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Аслан аз шаҳри Кӯлоб асту ҳоло дар маҳаллаи Гулбутта бо хонаводааш зиндагӣ мекунад. Дар бозори Саховат аробакашӣ менамояд. Мегӯяд, ки ба сабаби ин ки наздики 25-сол дар ин бозор аробакашӣ мекунад аз ӯ баъзан чекпулӣ мегиранду баъзан не. Сафоев 8 фарзанд дорад: “Ман бояд кор кунам, бекор нишаста наметавонам. Хуб аст кор, зиндагӣ тинҷу ором рафта истодааст. Ба ҷуз аробакашӣ кори сохтмон, сварка (кафшер) низ аз дастам меояд, вале барои ман беҳтарин касб аробакашӣ мебошад”.

Анвар Сафоев бо вуҷуди ин ки аробакаширо як кори осон намедонад, вале барои мардуми бекор даъвате ҳам дорад: “Ҳамин мардуми бекор биёянд кор кунанд, бо бекоргардию дуздӣ ва ғоратгарӣ нашавад. Чи коре, ки аз дасташон меояд, карда рӯзашонро гузаронанд”.

Махсум аробакаши дигаре дар “Султони Кабир”, ки худро хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Турсунзода муаррифӣ кард ба хабарнигорони “Озодагон” дар бораи кораш чунин гуфт: “Саҳар то бегоҳ кор мекунем, аввал меомадем кам кор мекардем, ҳозир ба камаш 30-40 сомонӣ кор мекунам. Хароҷоти оила аз худи мо вобаста аст. Ман имрӯз 150 сомонӣ кор кардам. Донишкадаи санъатро тамом кардам ва як муддат муаллимӣ ҳам кардам, баъди вай ба аробакашӣ машғул шудам. Мо, 3 бародарем, Русия рафтем кор кардем, дар ҳамин бозор як мағоза гирифтем ва ҳоло машғули корем”.

Ҷавони 28-сола, Карим Табаров, сокини ноҳияи Восеъ, ки дар Душанбе иҷоранишин аст, аробакаширо дар бозори “Султони Кабир” як кори хуб медонад. Мегӯяд, ки дар як рӯз 40-50 сомонӣ ба даст меоварад ва тобистонҳо то 200 сомонӣ дар рӯз кор мекунем. Ин ҷавон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, як муддат муаллимӣ ҳам кардааст ва ба далели камии маош тарки омӯзгорӣ намудааст.

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...Қурбон Бозоров, аробакаши дигари ин бозор ҳам аз Восеъ буда, мисли Карим иҷоранишин аст. Қурбон ба ибораи худаш “дар як руз 10-13 сомонӣ тоза” ба даст меоварад, ки ба ҷуз чекпулӣ ва пули хӯроки нисфирӯзияш, ки одатан аз пирошкӣ иборат аст. Ин марди 46-сола факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1996 хатм карда, муддате кори расмӣ низ кардааст. Аз соли 2001 ба аробакашӣ пардохтааст ва моҳона ҳудуди 600-700 сомонӣ пасандоз намуда ба хонаводааш ба ноҳияи Восеъ мефиристад.

Рамазон Сафаров бисёр ҷавон аст. Ҳамагӣ 18 сол дорад. Аз шаҳри Кӯлоб омада дар бозори маъруф ба “Гипрозем” ба аробакашӣ машғул аст. Дар Душанбе 5 нафар дар як хона иҷора менишинанд, ки 300 сомонӣ иҷорапулӣ медодаанд. Мегӯяд, ки кори аробакашӣ бароям мушкил аст аз зӯромад ароба мекашам. Ғайр аз Рамазон бародари калониш низ кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дафъаи ахир дар ду моҳ 500 сомонӣ ба хонааш равон кардаааст. Бисёр талош мекунам, ки хароҷоти рӯзонаам аз 10-12 сомонӣ зиёд нашавад. Ин ҷавон орзу дорад, ки дар ягон ҷой бихонад, вале “шароит набуд, дохилам накарданд дар ягон донишгоҳ”.

Наим Каримови 63-сола ва Амиралӣ Аралови 71-сола аз ҳамсуҳбатони дигари мо дар бозори Гипрозем буданд. Бобои Амиралӣ мегӯяд, ки кори ароба мушкил аст, лекин чи кор кунем. Оиларо хӯрондан даркор. Танҳо ман кор мекунам, ду духтарам аз шавҳар ҷудо шудаанд, бо мо зиндагӣ доранд.

Суҳроб Каримов аробакаширо дар бозори Гипрозем нисбат ба “Саховат” муфидтар медонад. Ин ҳамсуҳбати мо баъди хидмати сарбозӣ ба аробакашӣ машғул шудааст ва мегӯяд, ки васояти модару ҳамсар ва як фарзандаш ба гардани ӯст ва тарҷеҳ медиҳад, ки аз дуздиву дигар корҳои ғайриқонунӣ ҳамин аробакашӣ хубтар аст.

Давлат сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки дар бозори “Саховат” аробакашӣ мекунад мегӯяд, ки бо 3-4 сомонӣ хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрад: “Коре мекунем, ки 5 сомонӣ нашавад. Бибинед ҳоло қариб вақти “абед” шудааст, аммо 1 сомонӣ кор кардам”.

Бар асоси мушоҳидаҳои мо дар бозорҳои Душанбе синну соли аробакашҳо аз 13-сола то 75-сола мебошад. Танҳо мардон ба аробакашӣ машғуланд. Баъзе аз аробакашҳо, ки аз суҳбат худдорӣ мекарданд маълум буд, ки нафарони огоҳ ва аҳли мутолиа низ мебошанд, чун дар болои ароба рӯзномахонӣ мекарданд.


Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...

Қиссаи зиндагии 11 аробакаш дар Душанбе: Аз дипломдор то солхӯрдаҳо...
Мӯҳр
Бунёдчон
Мана ман хам дар фр кучаруб. бо З диплом....

3 диплом дошта бошию савод надошта боши ба айби мо?

Озодагон маълум, ки хамаи коментарияхоя кормандони худотон менависад, барои чи коментирияи мана намемонен?

Хайкал.Сохили Нева.
Моро бо хамин таьриххониву адабиетхониву шерхонихову консертхои даврвхои СССР бехунар карданд.Мардхои шикамгафсу муйлабдор,дар магозахо атру пудраву собуну духиву чихозхои тахпуши занона мефурухтанд.Бисерии чавонон шкьрзадаву каламбадасту шоиру мухбир буданд.Дар жаврахои СССР,хама аз кори сахро безор будвнд,аз шармои пахтазорон мегцрехтвнд.То хатто як кргазчаи справкаро марди муйлвбдори пахлавончусса менавишт.Котибони раиси колхозхо хам мардон буданд.Системаи он даврахо мардонро бехунар кард.Ин тоифа пиракихои бакувват аз хамоно хастанд.Дар Россия,холо чавонони 25–30–сола,чисман ба мусафедхои 60–сола баробар мебошанд.Шушкасал,миендард,гурдадард,касал
ихои узвхои мардонаашон,сузоку пешоби тез тез,ожангхои рухсорахр,асаб,..ъайр гапу шикоят бисер.

Бародарон гам нахурен. Ягон бади 200 сол хамааш нагз мешавад ва шумо сохиби кору маъоши нагз мешавед. Хаммааш айби Кабири аст, ки таи кариб 25 сол мо бачои пеш кафо меравем.

мехмон
Нека, Ман ба ,,Озодагон" дахле надорам ва тамоми шарххоямро чоп мекунад. Ду диплом дорам , савод хам дорам. Лекин дар деха чои кори мувофики ихтисосам нест. Барои хамин ба Россия омада коргари одди шудем. Игво ва тухмат кардан низ гунохи бузург хаст. Мехохам ки хама дорою бой бошанд, га ин ки гарибу мухточи касе !!!

сухангу
Барои аробакаш шудани ин афроди аз 13 то 71 сола, ҳизби наҳзат "гунаҳкор", зеро аз хоҷагони хориҷиаш пул гирифта, мардумро тайи инак 25 сол мешавад ба ҷои кор таъмин накард. Шарҳи расмии мақомот нисбати ин матлаб чунин аст.))))))

Валлохи вакте хондам ашк аз чашмонам чори шуд, чаро ин кадар хорию азоб?

Мегум ала и мардуми хатлона аллох махсус барои аробакаши офарида бошад ???

Мирзо
Албатта чабр аст ба мардуми точик, ки дар асри 21 дар ватани худамон нони хурдани намеёбем. Хама чо пури фасоду авлодбози. Лекин аз худи одам низ вобастаги дорад. Савод бошад кор бисёр. Хама айби бесаводи ва тарбия. Савод дошта боши дар Россия хам кори нагз бисёр аст. Лекин хукуматдорон бояд шароити мардумро хуб кунанд. Хама босавод ва доно нест. Бинобар ин хохед, ки фарзандони шумо зиндагии хуб дошта бошанд аз хозир хононед, тарбия кунед, адаб омузед. Як чахон ташаккур. Зинда бод Точикистони сохибистиклол ва дуняви.

Абдуллох
Маълумоти умуми, вале аз ахборхои дилгиркунандаи ТВ хазор карат хуб аст. Хеле афсус мехурам, ки аксар муаллимон имруз мардикору аробакашанд. Мардикориро аз муаллими авло медонанд. Ман хам собикаи чандсолаи муаллими дорам. Маошам хатто ба худам хам намерасид.

АБУЛЛОҲИ ИЗЗОМ
Рост мегуйян ин аробакашон ман ҳам 4 сол дар банк.системный админ. Кор кардам вале маошам 700 сомони буд дилпломи олй дорам кора партофта омадам россия ҳозир дар сохтмон кор мекунам 40 ҳазор рубл маош мегирам . Чи илоҷ дар Тоҷикистон ё ягон Тага бояд дошта боши ки кори нағз ёби

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)