Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 19:05

Миллиардерҳои қазоқ “фақир” шудаанд. Рейтинги Forbes

2 март 2016, 11:52

Рейтинги нави маҷаллаи машҳури Forbes нишон медиҳад, ки миллиардерҳои Қазоқистон “фақир” шудаанд.

Дар раддабандии нави ин маҷалла гуфта мешавад, поин рафтани нархи нафту болошудани қурби доллар ба коҳиши теъдоди миллиардерҳо оварда расондааст. Таҳиягарони рейтинг гуфтаанд, миллиардерҳои қазоқ дар соли 2015 $1,5 миллиардро аз даст додаанд.

Болат Утемуратов мисли соли сипаришуда сарватмандтарин фарди Қазоқистон будааст. Дороиҳои ӯро маҷалла 2,3 миллиард доллар нишон додаву худашро дар ҷойи 771-ум нишондааст (соли сипаришуда дороиҳои вай 2,6 миллиард доллар буд ва худаш зинаи 714-ро ишғол мекард. Динара ва Тимур Қулибоевҳо, ки назорати Бонки мардумии Қазоқистонро дар ихтиёр доранд, ҳар кадом бо доштани ду миллиард доллар имсол дар мақоми 906-анд (соли 2015ин ҷуфт дар ҷойи 894 буданду 2,1 миллиард доллар доштанд). Алиҷон Иброҳимов дар як сол аз мақоми 847 ба зинаи 1198 фаромадааст. Дороиҳояш аз 2,2 миллиард доллар ба 1,5 миллиард расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!