Фатвои Шӯрои уламо дар бораи зани намозхон, ки сатри аврат надорад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи зане, ки намоз мехонад, вале сатри аврат надорад, изҳори назар кардааст.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки худро Шаҳром муаррифӣ кардааст, назари ин ниҳодро дар мавриди зане пурсидааст, ки "намоз мехонад, вале сатри аврат надорад".
Шӯрои уламо чунин посух додааст: “Пӯшидани аврат яке аз фарзҳои намоз аст ва бо тарки он намоз дуруст намешавад. Аврати зан тамоми бадани ӯст, ба ҷуз рӯй, ҳарду даст ва ҳарду қадам. Дар намоз бояд андозаи мазкур пӯшида бошад, дар ғайри ин сурат намозаш дуруст намешавад”.
Ин ниҳоди содиркунандаи фатво гуфтааст, ин далел дар саҳифаи 82-и "Фиқҳи муяссар" зикр шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |