Бахшҳо

Суғд: Ҷасаде, ки аз кӯза ёфт шуд, ба давраи зардуштӣ тааллуқ дорад (АКС+ВИДЕО)

Масъулини Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мегӯянд, ҷасаде, ки ҳамроҳ бо кӯза дар ноҳияи Истаравшан пайдо шуд, ба қарни қарни V-VIII милодӣ тааллуқ доштааст.

Икром Турсунов, мудири шӯъбаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, имрӯз 3 март ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, "мо онро қисман барқарор кардем. Баландиаш тахминан 1 метру 10 см буда, паҳноии он 74 сантиметрро ташкил медиҳад ва он ба давраи то Исломӣ ва Зардуштӣ муталлиқ аст”.

Ҷаноби Турсунов мегӯяд, докторҳои илмҳои таърих, профессор Набиҷон Раҳимов маълум кард, ки он ба қарни қарни V-VIII милодӣ мутаалиқ аст.

Ин ҷасад ва кӯзаро Рауф Мазбутов, сокини рустои Сандағундаки шаҳри Истаравшан 12 ноябри соли 2015 ҳангоми шудгор кардани замин пайдо карда буд.



Икром Турсунов мегӯяд, чунин тарзҳои гӯрондани ҷасад, хоси аксар манотиқи Осиёи Миёна, аз ҷумла шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон мебошад.

Мудири шӯъбаи Осорхонаи таърихии вилоят мегӯяд, барои ин бозёфт ба Мазбутов ягон подош надодаанд: “Ин танҳо бозёфти таърихӣ асту бас, на беш аз ин”.

Ба қавли Икром Турсунов дар Тоҷикистон чунин бозёфтҳо хеле зиёданд аз ин рӯ бояд фаъолияти бостоншиносӣ дар кишвар тақвият дода шавад. Ӯ афзуд, бо сабаби набудани қиёфашинос (антрополог) онҳо натавонистаанд, ҷасадро мушаххас намоянд: “Бинобар ин, сокинони деҳ ҷасадро дар қабристонашон дафн намуданд”.

Қаблан, Рауф Мазбутов, сокини 44-солаи деҳаи Сандағундаки Истаравшан дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфта буд, тахминан соати 12:30-и 12 ноябр ҳангоми шудгори замини боғаш бели ӯ ба як чизи сахте расид: “Баъдан, пораи кӯзаеро пайдо кардам ва шавқманд шуда, ба кофтан сар кардам, ки як хуми калон баромад. Сипас, онро тоза карда, аз дохилаш скелети одамро пайдо кардам. Аввал, косахонаи сар ва баъдан, қисмҳои дигари устухонро ёфтам”.

Суғд: Ҷасаде, ки аз кӯза ёфт шуд, ба давраи зардуштӣ тааллуқ дорад (АКС+ВИДЕО)

Суғд: Ҷасаде, ки аз кӯза ёфт шуд, ба давраи зардуштӣ тааллуқ дорад (АКС+ВИДЕО)

Суғд: Ҷасаде, ки аз кӯза ёфт шуд, ба давраи зардуштӣ тааллуқ дорад (АКС+ВИДЕО)

Суғд: Ҷасаде, ки аз кӯза ёфт шуд, ба давраи зардуштӣ тааллуқ дорад (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
ф
Хангоми нависондани матн аз Шумо эхтиромона хохиш карда мешавад, ки дурустар хонада, фахмида баъд матнро ворид кунед дар сомонаатон. Ташаккур!

шахрванд
Мухтарам "Озодагон" дар вакти чопи макола магар ягон кас онро намехонад? Дар сарлавха тааллук менависед, дар матн бошад муталлик ва мутаалик. Забони точикиро тамоман дигаргун кардед ку.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)