Бахшҳо
04 мар 2016 09:40Тоҷикистон / Акс

Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4 март як маҷмааи бузурги тандурустиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани ин маркази тандурустиро туҳфаи арзандаи худ ба кормандони соҳаи тиб дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25—солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ карда, пешниҳод намудааст, он ба номи Истиқлол гузошта шавад. Раисиҷумҳур арзиши сохтмони ин маҷмааро беш аз 700 миллион сомонӣ арзёбӣ карда, афзудааст, ки баробари ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмаа қариб 3000 нафар кормандони гуногунихтисоси соҳаи тиб бо ҷойи кори доимӣ ва маоши миёнаи аз 1200 сомонӣ то 3500 сомонӣ таъмин мешаванд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе як рӯз қабл аз ифтитоҳи ин Маҷмаа изҳор дошт, ки он бо тамоми дастгоҳҳои муосири тиббӣ таҷҳизонида шуда, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Бунёди ин маҷмааи нави тиббӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев моҳи апрели соли 2013 оғоз гардида, масоҳати умумии он 11 гектар ва масоҳати умумии биноҳояш 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, “маҷмааи тиббӣ аз биноҳои аз 1 то 9 ошёна иборат буда, дорои шӯъбаҳои гуногун - шӯъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст”.


Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)

Э. Раҳмон дар Душанбе маҷмааи нави тиббиро ифтитоҳ кард (АКС)
Мӯҳр
Хонанда
Проекташ ранги Донишгохи Давлатии ш.Кулобай,

Касали
мехмон
Бисер икдоми нек !! Офарин !! Лекин ба халки камбагал дастнорас. Барои ки сохта бошанд ?
Табобат ба табакаи камбагали чумхури умуман як мушкилоти халношуданист. Барои ба таваллуд бурдани як зан чи кадар маблаг лозим : ёрии таъчили нест , такси вобаста ба масофа то таваллудхона пул мегирад (20 сомон зиёд); посбони дарбон 2 сомон барои Рох додани такси ба хавлии касалхона ; ба кайдгиранда 5 с. хамаи дорухои лозимиро мехаред 70-100 сомон( ин аз хама камаш) ; ба доя( акушерка) 100-150 сомон; фаррош 25 сомон; агар ду руз бемор хобад тамоми хурока ва хунук бошад хезуму ангишт аз хона меоред ва фаррошу доягонро мехуронед; гувохнома 10 сомон; ба хона бо такси ( 20 сомон) ва ба дарбон 5 сомон чунки бо таваллуди кудак табрик мекунаду дуо медихад.
Хаммаи ин маблагхо бе чипта ( бе квитанция) хамин хел ба даст дода мешавад.

Бародар Мехмон дуруст кайд кардед. Ба ки лозим буд ин муассиса, ки бо чунин маблаги гарон сохта шуд? Охир шахр хама пур аз поликлиникаву дигар беморхонахо. Ин беморхона ба гумон аст, ки 5-10 сол кор дихад. Зеро ман аз як созтумончии ин беморхона шунида будам, ки мегуфт ин бино бенихоят бо сифати паст сохта шудааст. Пули чудошударо дуздиданд ва аз он шояд 20 % сарф кардаанд. Сементи пастсифат, арматураи хитоии бесифат ва дигар масолехи сохтумонии намешудро истифода бурдаанд.

Dev
Касали,
"Гав нестай"?
Kujo budaj gov? Gov ba bemoriston chi aloka dorad?

Якбора номашро хам мачмааи тандурустии " пешвои миллат".нагузоштед ???

мехмон,
Ээээ но шугр банда садкаи хаминхели условият куна охи ту сума ба рузи мурданта агане чам мекуни шукр гу охие но шукр банда бад аз кучо ту сохиби молу мулк мешави.
Узрм мехом бародаро!! Точик мардум мардум бенихоят милати хубу ба обуру хаст неким мана анаминхел шахсони бе сифати но шукри паст кадри моро паст мекунанд паст мезанан ягон бор надидем ки шукрона гуян ки ободи зиод шудесай.. Мехмон шарм дор аз худат

мехмон
SHEIKH,
Хамон суме ки набошад. Хамон коре ки набошад аз кучо мохона мегирем. Дар як куча як касалхона аз ин сумпарронихои бехуда як завод созанд.

SHEIKH,
Ин шароит дар Душанбе о дар кишлокхо чи??Одамон пул надоранд рохкиро карда раванд. Хама мисли ту шайх нест !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)