Боздошти ронандае, ки пиёдагардро пахш карда, фирор кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми пахш кардани пиёдагард ва фирор аз ҷои ҳодиса як сокини 41-солаи ноҳияи Шаҳринавро дастгир кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин мард рӯзи 3 март бо сабукрави “Мерседес бенс”-и худ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Турсунзода, дар назди деҳаи Сешанбе, идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, сокини 35-солаи Турсунзодаро пахш намуда, фирор мекунад: “Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
“Ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Карола”, марди 27-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш зан, тахминан 20-25-сола, миллаташ маҳаллиро пахш намудааст. Дар натиҷа, зани пиёдагард ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Шахсияти ҷасад муайян карда мешавад”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |