Бахшҳо

Фариза: Барои табобати модарам кумак расонед

“Азизон, бародарон, хоҳарон ба хотири модарони азизи худ, ба хотири бебаҳотарин ва ноёбтарин гавҳари фарзанд, муъҷизаи ҳаёти инсон, МОДАР дасти саховат сӯйи ман дароз кунед, то модарамро ба по хезонам, ҷисми хаставу афгорашро аз дарди ҷонкоҳ наҷот бидиҳам”. Ин муроҷиати Фариза Сангинова, як сокини ноҳияи Ёвон аст, ки барои муолиҷаи модараш -- Гулчеҳра Саидраҳматова кумак мехоҳад.

Фариза Сангинова ба дафтари “Озодагон” омад ва изҳор дошт, ки модараш аз соли 2009 ба ин сӯ аз бемории тарбод (полиартрит остреапароз) ранҷ кашида, аз роҳ рафтан маҳрум аст. Ӯ гуфт, табибони ватанӣ ва хориҷӣ ваъда додаанд, ки бо гузаронидани ҷарроҳӣ модараш метавонад сиҳат шуда, дубора роҳ биравад: “Аммо маблағ надорем. Дар хона ману модарам танҳоем, касе надорем, ки кумак кунад. Ҳанӯз хурд будам, ки падарам моро тарк кард. Агар писар мебудам шояд бештар кор мекардам, то ӯро аз ин дард наҷот диҳам, аммо духтар ки ҳастам аз субҳ то шом ҳар қадар кор кунам ҳам пулам ҳатто барои хариди доруворӣ намерасад”.

Фариза мегӯяд, дар гузашта давоми як сол кор карда, модарашро як маротиба барои назорат пеши табибон мебурд ва барои ин кор тақрибан 5000 сомонӣ масраф мекард, аммо ду соли охир бо далели тангии рӯзгор наметавонад модарашро аз ташхис бигузаронад.

Гулчеҳра Саидраҳматова солҳои зиёд ба ҳайси муаллимаи забони русӣ дар Душанбе, Ваҳдат ва Ёвон кор карда, беш аз шаш сол мешавад, ки рӯи бистари беморист.

Ба қавли Фариза, худаш ба 23 даромадаву замони оиладоршавиаш фаро расидааст, аммо бидуни табобати модараш намехоҳад тӯй шавад: “Мехоҳам модарҷонамро табобат кунам то ба по хезад ва хушбахтии маро на дар болин, балки сиҳату саломат дар канори ман бубинад”.

Ӯ мегӯяд, намехост барои пурсидани пул муроҷиат кунад, аммо сахтии рӯзгор маҷбураш кард: “Чӣ қадар сангин аст гуфтани ин сухан, вале чашмони маҳзуни ҳоли зори модарро дида дигар тоқат карда наметавонам ва ба Шумо азизон муроҷиат менамоям, ки ба ман дасти ёрӣ дароз намоед, то модари дардмандамро табобат намоям”.

ШУМОРАИ ТАМОС: (+992) 93-350-50-65, 93-778-02-87


Фариза: Барои табобати модарам кумак расонед

Фариза: Барои табобати модарам кумак расонед

Фариза: Барои табобати модарам кумак расонед
Мӯҳр
Точик
Чаро Хукумат аз пули мо точикон "яне бюджет" ин модари азизиро ройгон чаррохи намекунанд?

ассалому алейкум модару хохару азиз.ман як духтур дар шахри Москов кор мекунам агар илочаш бошад.ВЫПИСКА дар дасти шумо хаст бо почтаи ман фирисонед Аз худованди мутаъол дуо мекунам аввало шифо бар шумо ва баъд АЗ ТАРАФИ МО ЁРДАМЕ БИРАСАД Ё КИ БАР МОСКОВ.Ё КИ ХУДОВАНД АЧРАШРО БИДИХА.

Орипов
Худованд нигахбон бошад дар панохаш ин Модари азизро

АВВАЛАН АЗ АЛЛОХ ТАЪОЛО ХОХИШ МЕКУНЕМ КИ БА ИН МОДАР ШИФОИ КОМИЛУ ОЧИЛ ДИХАД АММО БАЪД ЭЙ ХОХАРИ АЗИЗ БА УМЕДИ ИН ТОЧИКХОИ СЕРПУЛИ ЧАШМГУРУСНА НАБОШЕД БЕХТАРАШ АЗ МАРДУМИ ГАЙРИ МУСУЛМОНИ ХАЙРХОХ ТАЛАБИ КУМАК КУНЕД ИН ИН СУХАНХОРО АЗ ТАЧРИБАИ ХУДАМ МЕГУЯМ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)