Бахшҳо

Пурсиш: 2016 соли марги матбуоти мустақили Тоҷикистон аст?

Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки муассиси нашрияҳои “Фараж”, “Самак” ва “Ману Ту” мебошад, мегӯяд, соли 2016 ба эҳтимоли зиёд “соли марги матбуоти мустақили Тоҷикистон аст”.

Ӯ ҷоннисории онҳоеро, ки мехоҳанд, ин амал сурат нагирад, беҳуда мехонад. “Умедвориҳо аз кумаке, ки то ба ҳоло журналистони тоҷик аз ҷониби Ҳукумат ё созмонҳои байналхалқӣ доранд, то ба ҳанӯз орзу ҳасту бас! Дар ҳолати амалӣ шудан ҳам ин кумак танҳо барои як муддате метавонад матбуоти мустақилро зинда нигаҳ дорад”,-навиштааст раҳбари МТЖ дар нашрияи “Фараж”.

Дар робита хабарнигори “Озодагон” дар рӯзи Иди матбуот аз чанд соҳибрасона ва коршиноси соҳа пурсид: МАТБУОТИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ “МЕМИРАД”?

Умед БОБОХОНОВ, раҳбари медиахолдинги “Asia-Plus”
Бо Хуршед ҳамфикр ҳастам. Аз соли гузашта матбуоти мустақили кишвар ба мушкилиҳои иқтисодӣ рӯбарӯст. Бино ба пешгӯиҳо ин мушкилиҳо соли ҷорӣ зиёдтар хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, муҳити сиесӣ ҳам хеле маҳдуд мешавад. Ҳамаи ин омилҳоро ба назар гирифта метавон гуфт, ки оянда чандон дурахшон нест.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)
Соли ҷорӣ соли ҳассос ва душвор барои ВАО-и мустақил аст. Ба он хотир, ки таъсири буҳрони иқтисодӣ ба фаъолияти расонаҳо дар як соли охир хеле назаррас буд. Паст рафтани теъдоди нашр, маҳдуд шудани имкони пайдо кардани маблағ аз ҳисоби эълону реклама, коҳиши мизони харидории рӯзномаҳо аз ҷониби муштариён ба он оварда расонд, ки бештари расонаҳо дар ҳоли буҳронӣ қарор бигиранд. Моҳи ноябри соли гузашта яке аз куҳантарин нашрияҳои пойтахт -- “Вечерный Душанбе” муваққатан аз нашр боз монд. Дар баробари мушкилоти молӣ қазияҳои судӣ ва таъсири он ба расонаҳо, дар мисоли рӯзномаи “ИмрузНюз” эҳсос мешавад. Дар баробари мушкилоти молӣ дар пайи ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта ва дар маҷмӯъ тағйири авзои ҷамъиятию сиёсӣ ба суръат гирифтани худсензура миёни рӯзноманигорон оварда расонд. Бинобар ин, вазъи расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон хеле нигаронкунанда аст ва дар сурати наандешидани чораҳо барои наҷоти онҳо хавфи бастанашон вуҷуд дорад. Дар сурати таҳия накардани як барномаи мушаххаси дастгирии расонаҳо сарфи назар аз моликияташон мушкили расонаҳои мустақил ҳалли худро намеёбад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки мавҷуд будани расонаҳои мустақил ба нафъи ҳукумат аст, на бар зари он.

Иброҳим УСМОНОВ, профессор, муҳаққиқи журналистика
Ман гумон мекунам, ки ба ин шакл бисёр дағал ва бадвоҳима вазъияти матбуоти мустақилро маънидод кардан зарур набудагист. Имрӯз матбуоти мустақили Тоҷикистон мушкилиҳо дорад ва ҳалли бисёре аз ин мушкилиҳо аз худи матбуот вобаста аст, гарчи ҳалли радикалии он албатта ба онҳое марбут аст, ки ба фаъолияти матбуот имконият медиҳанд. Гумон мекунам, ки дар рӯзи Иди матбуот ба ояндаи матбуоти худ ба чашми ноумедӣ не, ба назари умед нигоҳ кардан беҳтар аст.

Саймиддин Дӯстов, бунёдгузори “Нигоҳ”
Се-чор расонае ҳаст, ки ба он буҳрон кам таъсир кардааст, аммо дар умум бигирем матбуоти даврӣ ба ин мушкилӣ рӯ ба рӯст ва барои наҷоти онҳо ҳоло ҳам вақт ҳаст. Барои ин пеш аз ҳама сармоягузориҳои иловагӣ лозим аст, то расонаҳо тавонанд формати худро иваз намоянд ва аз чандрасонаӣ кор бигиранд. Ин маблағи зиёдро талаб мекунад, ки расонаҳо ба дарёфти он қодир нестанд. Ду соли наздик давраи тақдирсоз барои расонаҳои тоҷик аст, ё наҷот меёбанд ва ё аз байн мераванд. Хеле таассуфовар аст, ки дар 104-умин солгарди матбуоти тоҷик ва 25-умин солгарди Истиқлолият матбуоти мустақил тавони наҷот пайдо кардан наёбаду аз байн равад.

Сайёфи МИЗРОБ, сардабири ҳафтаномаи “СССР”
Фикр намекунам, ки воқеан соли марги матбуоти мустақил бошад. Хуршед дуруст қайд мекунад, ки сол то сол вазъи мо ногувортар ва сангинтар мегардад ва ҳастанд нафароне, ки аз ин манфиатдор ҳастанд. Он нафароне аз ин манфиатдор ҳастанд, ки дар матбуоти маҳаллӣ мавриди интиқод қарор мегиранд. Ман фикр мекунам, ки матбуоти мустақил яке аз ниҳодҳои хеле зарурӣ барои сохту сози Ватан, фарҳанг ва миллат аст. Имсол хеле сангин меояд, аммо ман фикр мекунам, ки чунин сахтиҳо моро бояд андаке таҳрик дода тавонад, то роҳу усулҳои наверо барои худ кашф намоем, ки худро аз ин хатаре, ки Хуршеди Атовулло пешгӯӣ мекунад, раҳонем. Мо талош мекунем, ки вазъи молиамон хубтар шавад. Хубтар ҳам нашавад, талош мекунем, ки аз байн наравем. Вазъи рӯзномаҳои мо чор-панҷ соли пеш хубтар буд, моро бештар мехариданд. Ягона муттақои мо имрӯз хонандаи мо аст, ки газета мехаранд. Имрӯз дар баробари он ки қурби доллар боло рафту нархи газетаҳоро бардоштанд, теъдоди хонандаҳои мо кам шуд ва нашри рӯзномаҳо аз 10-15 ҳазор ададӣ ба 3-4 ҳазор коҳиш ёфт. Ба фикри ман, дар ин маврид агар ҳукумат мехоҳад, ки такягоҳи худро, матбуоти мустақилро ҳифз кунад дастгирӣ намояд, вагарна ин халоро расонаҳои хориҷӣ пур мекунанд ва созмонҳои хориҷӣ сармоягузорӣ мекунанд ва вой бар ҳоли он идеологҳое, ки инро дарк намекунанд. Он вақт аз матбуот баъзан-баъзан матлабҳое талаб карда мешавад, ки онҳо ба нафъи миллат буда наметавонад. Он қадар матбуоти зиёде нест, ки бигӯем ҳукумат дар ҳоли сангин қарор дораду бо кумак ба инҳо муфлис мешавад. Ҳамагӣ чор-панҷ адад расонае аст, ки ҳукумат ба онҳо дар ҳудуди 15-20 ҳазор долларӣ кумакпулӣ ҷудо кунад, он гоҳ кор хуб мешавад. Дар сурати ғайр спонсорҳои хориҷӣ ба инҷо роҳ меёбанд.
Мӯҳр
Али
Бехтаринхо мемонанд,холо нав эхсос кардед кризисро доду фаред мезанед.Бехтарин спонсор ин мардум аст.Зинда бод ЖТ! Иди касби муборак!

Умар
Идатон муборак! Имсол соли ОЗМОИШ аст!

Агар матбуот мешуд, дар назди телевидения ин кадар одам барои маоши худро гирифтан ба Точиксодиротбонк ба навбат меистан аммо намегард. Ин журналистои ба ном журналисти мо кучо ки як макола наменависан.

Ба Точиксодиротбонк кумак кунед фаррошу рохрувхо маош гиранд.

Илтимо чоп кун

Марги матбуоти мустакили точик - марги озодии сухан, марги озодии вичдон ва огози марги миллат аст. Бе ин хам интернетро мебанданд, сайтхои "нодаркорро" мешикананд, акнун рузномахои озодро ки банданд, дигар чй мемонад? Хукумат аз дарди дили мардум ва мардум аз фаъолияти сиесатмадорон ва хокимони вакт аз кучо дарак меёбанд?
Баъди ин дарвозахои шахрро мебанданд. Дахони мардумро метавониста бошанд?

Як чизи мухим барои матбуоти точик ин инъикоси фикри озоди худ буд!!! Вале афсус сад афсус онро бой дод!!! Тарсидед !!! Дар касбу коратон як нуктае пайдо кардед!!!! Чиддият хело дар сатхи паст аст!!! Ахбороте ки ба халк меояд нодаркораст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)