Бахшҳо
14 мар 2016 12:55Тоҷикистон / Тема дня

Бозор Собир ҳам дар Душанбе маҳфили шеър баргузор мекунад

Бозор Собир, шоири саршинос ва баҳсбарангези тоҷик дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз маҳфили шеъри худро доир мекунад.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, маҳфили шеъри Бозор Собир соати 14:00-и 18 март дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шурӯъ мегардад.

Ба иттилои ӯ, қабл аз ин, 17 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили шеъри шоири тавоно Муъмин Қаноат баргузор мешавад: “Маҳфилҳои шеъру суруди ман ва Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандаҳо бо сабаби оғоз гардидани корҳои марбут ба ташкили Ҳамоиши байналмилалии адибон, мавқуф гузошта шуданд”.

Дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз сар аз поёни моҳи феврал маҳофили шеъри шоирони тоҷик, назири Рустами Ваҳҳоб, Гулназар, Гулрухсор, Озарахш, Ҳақназар Ғоиб доир гардид.

Баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз соли гузашта аз ҷониби Гулрухсор Сафиева дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён пешниҳод шуд ва Президент онро пазируфт.
Мӯҳр
.
Илтимос Бозор Собир дар махфил хатман шеъри "Аххтуфф"-ро кироат кунед.

Умар
Дигар шеъри Базар арзише надорад,

Рустам
Ба мо шеъру рақсу хушомадзании хастакунанда лозим нест, ҷои кор мехоҳем!

Бозор шоири машхур аст ва мемонад, ба шарте ба дину мазхаби мардум кор нагирад.

Рамаз
Бозор Собир шоири точик мардуми точикро дар солхои вазнини партофта рафта буд.

Озодагон, аз барои Худо бас кунед ҳамин гапҳоро... "шоири саршинос ва баҳсбарангези тоҷик" ҳаминам гап шуду... шоир шоир аст... онро ба баҳсбарангезу ғайри он ҷудо кардан мумкин нест!!! Бозор шоири тавоно аст

АБДУЛЛОХ,
Ин шахс аз дин хорич, шуда аст барои вай таърифу тавсиф лозим нест!Озодагон шумо озодед илтимос чоп кунед!

Каландаршох
АБДУЛЛОХ,,

Комилан эродатон дурусту сахех аст ва истифодаи ибораи "шоири бахсбарангез" нисбати устод Бозор гайри кобили кабул ва ночо корбурд шудааст. Устод Лоик- шоири зиндаёди миллат гуфта буд:Агар ба масал,Бозор Собир ба чуз аз шеъри"Забони модари" дигар хеч шеъре эчод намекард,боз хам дар таърихи шеъри точику -форс номаш бо харфхои заррин сабт хохад шуд.

курбон
аз хамашда ай давлат сафар зур гузашт. чиба номбар намекнен? бахили...

Мехр
"Бозор Собир, шоири саршинос ва баҳсбарангези тоҷик"
"шоири тавоно Муъмин Қаноат"
Ин нишонаи гайрихирфаи будани журналист аст.
Лутфан эхсосоти худро дар сахифаи шахси ба кор баред. Инчо харду шоир бояд баробар эхтиром карда шаванд.

Салому Дуруд бар Миллати Шарифи Точик!
Охирон Шоири Миллат устод Лоик Шерали буд худо рахматаш кунад.
Дигар ба мо Шоир лозим нест, хуб мешуд хамин шоиронро ба кишвари Олмон бурда 10-то шоирро ба як мухандис иваз мекардем.
Хамон шеари Хофизу, Саадию, Аттор ва ..... Барои Мо то рузи киемат басанда АСТ !
Акнун Миллат барк доими ва чои кор дар ватани худаш мехохад....
Озодагон Озод Бош!

хонанда
Махфили шеърии Озар хам дар саннаи 11 март чолибу хотирмон гузашта буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)