Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 21:36

Занозании навбатӣ миёни кӯчарӯбҳои тоҷику узбак дар Маскав

15 март 2016, 09:38

Мақомоти пулиси Маскав аз ҷанҷоли навбатӣ миёни даҳҳо кӯчарӯби тоҷику узбак дар ҷануби ин шаҳр хабар дод, ки шоми 14 март рух додааст.

Ба иттилои манбаъ ба пулис роҳгузарон хабар додаанд, ки дар кӯчабоғи Қафқоз дар ҷануби Маскав ҳудуди 50 нафар байни ҳам задухӯрд доранд: “Баъди ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса 28 иштирокчии муноқиша боздошт шуда, ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд”.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ дар пайи бозпурсӣ муайян шудааст, ки муноқишагарон кӯчарӯбҳои тоҷику узбак мебошанд, ки барои қаламрави кор миёни ҳам занозанӣ кардаанд: "Дар пайи муноқиша бинии як нафар шикаста, чанд нафари дигар осеби ҷиддии ҷисмонӣ дидаанд".

Ин чорумин ҳолати занозании гуруҳӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар Маскав мебошад, ки тайи як моҳи охир расонаҳои Русия аз он хабар додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Халокухалоккун

  • 15 март 2016 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Анвари Хирс ва ё амсоли инхо ба чои наркобизнес кардан рафта аз точику точикзабонхои Россия химоят кунанд ва барои ба даштхои мугулистон рондани узбакхо сахми худро бигзоранд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!