Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:26

Табаров дар бораи боздошти писари дуюмаш: Ӯро худам барои суҳбат ба пулис бурдам...

15 март 2016, 10:08

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов дар шарҳи боздошти писари дуюмаш -- Далер Табарови 25-сола изҳор дошт, ӯро барои суҳбат даъват карда, боздошт намудаанд.

Ҷаноби Табаров дар суҳбат бо “Озодагон” аз қавли мақомот изҳор дошт, гӯиё Далер дар як суҳбат аз қасди ҷиноӣ огоҳ шудааст, вале ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодаст: “Гӯиё дар кадом як суҳбат содиршавии ҷиноятро пешниҳод мекунанд ва Далер аз он даст мекашад. Ба хотири ба мақомот хабар надодан, нисбати Далер аз рӯи моддаи 347-и Кодекси ҷиноӣ айб эълон карда шуд”.

Ин вакили дифоъ афзуд, писари дуюмаш 11 рӯз мешавад дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе аст: “Писарам дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дошт ва кормандони пулис ба хонаи мо омада, ӯро даъват карданд. Ӯ аз Русия омад ва ман худам ӯро ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ бурдам. Ба ман гуфтанд, ки ӯро барои бозпурсӣ мебаранд, вале бурданду дигар ҷавобаш надоданд”.

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, қазияи Далер ба парвандаи писари дигараш - Фирӯз Табаров ҳеч рабт надорад.

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат моҳи феврали соли равон Фирӯз Табаров, писари 27-солаи Исҳоқ Табаровро барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба 13,5 соли зиндон маҳкум кардааст. Он замон наздикони Исҳоқ Табаров ба "Озодагон" гуфта буданд, ки баъди дарёфти қарори додгоҳ ба марҳилаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Исҳоқ Табаров яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик мебошад. Қаблан ду вакили ҳамкори Табаров - Фахридин Зокиров ва Шуҳрат Қудратов ба иттиҳомҳои гуногун равонаи зиндон шуда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!