Бахшҳо

Буҳрони сиёсати кадрӣ ва марказҳои таъсиррасон дар Тоҷикистон

Ҳафиз Бобоёров, собиқ раиси Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири Тоҷикистон

Саймиддин Дӯстов дар мусоҳибаи худ бо “Озодагон” дар мавзӯи “Ҳукуматдорон меоянду мераванд, вале давлатдории миллӣ боқист” чанд масъалаеро шарҳ додааст, ки қобили таваҷҷуҳ ва баҳсу баррасӣ мебошанд.

Масъалаи хеле муҳиме, ки Дӯстов ба миён гузоштааст, сиёсати кадрӣ мебошад. Ҳукумати кишвар бояд ба ин назари коршинос на ҳамчун танқиди ғаразнок, балки ҳамчун пешниҳоди созанда муносибат кунад. Дар рӯёрӯи буҳрони ҳамафарогире, ки ҷомеаи моро фаро гирифтааст, сиёсати кадрӣ бояд таҷдид шаванд. Дар таҷрибаи пешқадам асосан ду низоми (системаи) интихоби кадрҳо вуҷуд дорад: якум, низоми интихоботи демократӣ ва дуюм, низоми меритократӣ (шоистасолорӣ – дар асоси озмун). Дар Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун ва пеш аз ҳама, бо авторитарӣ (яъне ба шахсони алоҳида вобаста будани) муносибатҳои сиёсӣ татбиқи амалии ҳар дуи ин низомҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд. Як мушкилӣ ба муносибатҳои авлодпарастӣ (непотизм), маҳалгароӣ ва фасодзадагӣ (коррупсия) дар байни кордеҳон ва коргирон ва дигар мушкилӣ ба сиёсати таъйинотии вазифаҳои калидии давлат вобастагӣ доранд. Чунин муносибати ғайришоистасолорӣ (ғайримеритократӣ) ва ғайридемократӣ ба падидаҳои номатлубе чун “фирори мағзҳо” оварда расондааст. Падидаи фирори мағзҳо ва ҳамчунин “фишори мағзҳо” воқеият аст ва нодида гирифтани он боиси боз ҳам печидатар шудани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар мегардад.

Дигар масъалаи муҳими мавриди баҳс ба истилоҳ “марказҳои таъсиррасон” мебошад. Дар як ҷомеаи солим марказҳои таъсиррасон набояд ба якчанд нафар ва ё гурӯҳ маҳдуд бошанд, ки ғайрикасбӣ ва ғайриихтисосӣ ҳастанд. Онҳо набояд идеологиязатсияшуда ва мазҳабӣ бошанд. Мутаассифона, дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон марказҳои таъсиррасон, аниқтараш марказҳои тасмимгиранда дар дохил ва атрофи ҳукумат чунин буданд. Агар ба солҳои пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ назар афканем, мебинем, ки чунин марказҳои тасмимгиранда хеле зиёд буданд, ки дар айни замон дар байни якдигар рақобати ғайрикасбӣ ва носолим доштанд. Чунки ҳамаи ин марказҳои тасмимгиранда мехостанд қударати сиёсиро ба даст гиранд, дар ҳоле ки муҳимтарини онҳо, чунончи исломиҳо барномаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро надоштанд. Ва ё доштанд, вале онҳо аз моделҳои кишварҳои хориҷие чун Арабистони Саудӣ, Туркия ва Узбекистон нусхабардорӣ шуда буданд. Баҳс сари ришу ҳиҷоб буд, на роҳу усулҳои стратегияи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар. Дар натиҷа, чунин тарзи муносибат ва бархурди марказҳои таъсиррасон ва тасмимгиранда ба ҷанги шаҳрвандӣ, бесаводӣ, ифротгароӣ ва авторитаризм оварда расонд. Институтҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври даркорӣ рушд накарданд. Иқтисод дар ҳоли рукуд боқӣ монда, аз тарафи нафарони алоҳида монополия шуд. Мушкилоти бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни ҷавонон роҳи ҳал пайдо накарданд.

Бешубҳа, ин вазъияти баамаломада ба марказҳои таъсиррасон низ вобаста мебошад. Дар ду даҳсолаи охир марказҳои таъсиррасон, пеш аз ҳама ва асосан баҳсҳо ва даъвоҳои сохта ва деструктивии ҳувиятсозӣ (сар карда аз ориёӣ то ҳанафӣ) доштанд. Аксарияти коршиносон, ҳатто таърихшиносону ҳуқуқшиносон ва иқтисоддонҳои тоҷик ба ин идеяҳои таҳрифкунандаи воқеият машғул шуданд. Дар ҳоле ки мушкилоти бесаводӣ ва бекорӣ роҳи ҳал намеёфтанд, ин даъвоҳо ҷавононро бештар ноумед ва хурофотӣ мекарданд. Саймиддин Дӯстов аз марказҳои таъсиррасони ин давра васф мекунад, вале фаромӯш мекунад, ки аксарияти онҳо ғайрикасбӣ ва ғайриихтисосӣ буданд. Онҳо чи дар дохили ҳукумат ва чи дар байни мухолифони ҳукумат мазҳабӣ буданд ва дар нисбати мушкилот бештар роҳҳалҳои ғайриақлонӣ меҷустанд. Онҳо барномаҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ба шароити кишвар муносиб надоштанд, то пеш аз вуқуи ҳодиса илоҷи онро дар даст дошта бошанд.

Имрӯз, махсусан дар ҳоли афзоиши хатарҳои ифротгароиҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ ва маҳдуд шудани имкониятҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, марказҳои таъсиррасон ва тасмимгиранда бояд бозбинӣ шаванд. Ҷои ниҳодҳои идеологӣ ва қудратиро бояд марказҳои мустақили касбӣ, илмӣ таҳқиқотӣ ва шаҳрвандӣ бигиранд.

Ҳанӯз як сол қабл мо пешниҳод карда будем, ки ниҳоде дар формати Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёбад, ки бо фарқ аз ҳизбҳои сиёсӣ даъвои қудрат надошта бошад, вале барои ҳалли мушкилоти мардум захираҳои интеллектуалӣ, иҷтимоӣ ва моддиро сафарбар созад. Бовар дорам ин пешниҳод дар байни шаҳрвандон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равшанфикрон дастгирӣ меёбад.


Бознашр аз сафҳаи фейсбукии Ҳафиз Бобоёров
Мӯҳр
оа
ХНИТ-ро махкам карданд ва аз афташ Бобоеров бекор мондааст. Акнун пластинкаашро дигар кардааст ва ба хукумат расонидани аст, ки у барои хукумат хеле фоида оварда метавонад.

Хоркаш
Ҳамин одама гапош ҳамаш дуруст.
Канӣ гӯши шунаво, ки ин ҳамаро шунавад ва ақли расо ки дарк кунад ин олим чӣ мегӯяд!

Хамин кас яке аз асоситарин касоне буданд, ки чомеаро ба бахсхои идеологи ва гайриаклони машгул карданд. Бахси будан ё набудани Худо, бахси метофизика, фалсафахои кайхо инкоршудаи аврупои, ин ттарию интариро хамашро хамин одам овард Холо гапи аклони задаааст Молодетс

Антихафиз
Боз дуругхои пештара. Бадномсозии ислому мусулмонхо. Гуе пеш аз чанги шахрванди мухолифин факат масъалаи ришу хичобро бахс мекарданд. На танхо дуруг, балки тухмат. Аслан солхои бозсозии 1985-1992 озодитарин солхои зиндаги барои точикистонихо буд. Мансабдорон на парвои риш доштанд на парвои хичоб. Хама озод буданд. Тамоми масчидхо озод буданд. Расми ва гайри расми. Хукумат коре надошт. Он солхо масъалаи асоси, масъалаи махалгароии хучандихо буд. Рохбархои аввал аз хамон чо буданд, зиеиени манотики дигар мухолифи ашаддии рохбар бокимондани хучандихо буданд. Мардумро исломихо не, балки зиеихои норози ба майдон бароварданд.

Мехр
бехтарин инсон ва донишманди хакики хаст Хафиз Бобоёров! Дидгоххои илми ва хирадмандона дорад. Хар ки ба огохи ва хирад такя кард баранда хохад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)