Бахшҳо
15 мар 2016 17:50Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон қонунҳои марбут ба номгузорӣ ва ҷарима ба ҷои ҳабсро имзо намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15 март як қатор қонунҳоро, ки қаблан аз ҷониби парлумон тасдиқ шуданд, имзо намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Кодекси оиларо имзо намуд, ки тарзи дурусти сабт ва навишти насаб, ном ва номи падарро дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро муайян мекунанд: “Инчунин манъи никоҳи байни хешовандони наздик ва тартиби аз муоинаи ҳатмии тиббии ройгон гузаштани шахсони никоҳшаванда муайян шудааст. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид намуд, ки ба ақаллиятҳои миллӣ номгузорӣ тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шудааст.

Манбаъ тағйиру иловаҳоеро ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанду дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора) ва 321-и (иғвои порадиҳӣ) инчунин ҷаримаро низ пешбинӣ кардаанд, аз иқдоми башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ тибқи ин меъёр шахсоне, ки то ҳол барои фасодкорӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, метавонанд бо пардохти ҷарима озод шаванд: “Бо истифода аз ин меъёр суд бо назардошти ҳолати кор ва шахсияти судшаванда метавонад нисбати ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима таъин намояд. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки шахсони бо моддаи мазкур гунаҳгор эътирофшуда, дар сурати иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз озодӣ маҳрум нагардида, дар муҳити оила ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул бошанд. Ин меъёр имконият медиҳад, ки ҷазои боқимондаи шахсони бо моддаҳои номбурда ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда низ, ба ҷазои ҷарима иваз карда шавад. Инчунин бо ин тағйиру иловаҳо барои алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона, ки бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ҷабрдида ё дар раванди таълими динӣ содир шудааст ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори қонунҳои имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ном бурд. Ба иттилои манбаъ қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳдошти фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Мӯҳр
Эҳаааа...порагириро қонунӣ карданд.
Дигар расман ҳама пора талаб мекунанд. Медонанд, ки намешинанд.

Ачаб икдоми гайриоддие. "Додан ва гирифтани пора чиноят аст, аммо шумо метавонед акнун боз пора дора худро аз чавобгари озод намоед". Аку мефахмем, ки бухрони молияви аст, неки "итари бадам не даа"

Назар
конун не, инхо тагйирот ба конунхои амалкунанда
кай фаркро мефахмед?

мехмон
Ин конун корупсияро пурзур мекунад ва мансабдорон бе тарс пора мегиранд. Порахур бояд аз 15 сол боло хабс шавад. На ин ки чарима. Бе ин хам то дарбони касалхона пора мегирад!!

фарёдгар
Во алам ин конунхо кабул шуда бошад муаллимхо низ бидуни тарсу вахм аз бечора донишчу пора талаб мекунанд. Бар замми ин баъзе аз муаллимхо дар донишгох аз чихати саводноки не аз хисоби ТАГОИШОН дарс мегузаранд ки бесаводанд ва донишчу онхоро "БОСАВОДИАШОНРО"мефахмад. Инхел шуданаша хеч интизор надоштем вой бар холи мо донишчуён!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)