Бахшҳо

Муъмин Қаноат: Набояд дар баробари ҳаводиси Афғонистон бетараф бошем

Муъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик мегӯяд, шоирон ва нависандаҳои ҳавзаи адабии форсӣ набояд дар баробари ҳаводиси Афғонистон бетараф бошанд. Ӯ бо зикри ин нукта дар маҳфили шеъраш, ки дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд, изҳор дошт, дар иртибот шуаро ва адибони ин ҳавза бояд эъломияи муштарак қабул намоянд.

Муъмин Қаноат афзуд: “Афғонистон ё Хуросони таърихӣ аз хостгоҳҳои муҳими фарҳанг ва тамаддуни порсист. Ин тур намешавад, ки як қаламрави бузурги тамаддуни форсӣ ба хоку хун кашида шаваду мо дар канор бошем”.

Маҳфили шеъри Муъмин Қаноат дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ҷараён гирифт, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз баргузор мешавад.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандаҳо дар оғози маҳфил аз Муъмин Қаноат ба унвони устоди устодони шеъри нав дар Тоҷикистон ном бурд. Ба гуфтаи ӯ, Муъмин Қаноат яке аз пояҳои шеъри форсӣ ба шумор меояд. Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, шеъри Муъмин Қаноат намакдони шеъри форсӣ аст.
Мӯҳр
Офарин бар равони падари Каноат, ин шоири бузурги форсигу. Ахсан, инсони якруву якмаром. Зинда бошад доимо!

Каноат як шоири фаъоли ичтимоист! Бетараф нест, мубориз аст!

Безор..
Безори хамин махфилхову шеьру суруд шудем.Зиеиени адабиету фарханг диндорону исломро гунахгор мехисобанд,ки давлатро,пешравиро кафо мекашанд.Шетрзадаву газалзадаву сурудзада шудем.Пас ба ин чувол чувохои шеьру суруд мо чи пешрави кардем.Бозор Собир солхои сол дар Амрико аст.Сайру саехати сохиои океанро дуст медорад.Занхои нимуренунимбарахна,занхои аврупои,занхои сиехпуст,тамошои укенусгулгаштхо..Шеьр,шикрят,шеьр,шикоят.
9;..Ягон шамьи амрикоиро кашф накард,ки ба Точикистон ораду уро шамьи Бозори гуянд..Ин чаноби Чурабеки Назрихам шеьру маснави гуфта гашт.Агар дар вакташ бо ин каду коматдар ягон омущишнохи харби мехондшояд имруз генерал мешуд.

Хаммарз
Чаноби Каноат Шумо бо шеърхоятон ба мардуми дусту бародар Афгон бетараф набошед. Мо бошад мавкеъи устод Бозор Собирро нисбати Афгонистон дастгири мекунем.

Безор.., ба назари шумо адабиётшиносу овозхон зиёд асту генерал намерасад? :)
Ачаб дилгиркунандаанд суханони хамаи онхое, ки хар гапе гуи, мегуянд, "ин чи даркор, одамон ба кайхон мепаранду шумо шеър (санъат, фалсафа, таърих ва г.) мегуед". Ё ки динро ба ин хама мукобил мегузоранд.
Хамон Гарбро нигаред: рушди техники ва маънави тавъам аст. Яке бе дигаре купруки ларзон ё курсие бо пойхои шикаста, мошине бе чарх аст. Ба кучо меравед бе чарх? Танхо ба ягон чар афтида метавонед.
Ва агар нахохед, ки аз диндориамон истифода бурда, дигарон моро бозичаи дасташон гардонанд ва аз мо сиёхдилони кинагир бисозанд, зиёдтар таъриху фалсафа ва адабиёт омузед. Адабиёт ва тамоми фарханг ин андеша аст, лек шумо мегуед, ки ба мо андеша лозим нест! "Наандешед" мегуед! Бе андеша одам ба кучо меравад?
Чи лозим мукобил гузоштани рушду фарханг, санъату дин? Бо номи Руми фахр мекунем, вале хатто дарак надорем, ки у чиро дарк намуда ба мо садсолахо боз фахмондан мехохад. Агар илму дониши башар, чи Гарбу чи Шаркро аз худ накунед, дини исломро дуруст дарк карда наметавонед, бародарон. Ба устодони бузург такя кунед, на ба муллохои камдон (курбони илмашон, вале охир мафкураашон танг аст, чун аз фалсафаи чахони хабар надоранд) ва аз назди худ хар гап гуфта мардумро дилсард накунед.

Безори Бозор.
Армон,
Армон!Худро фиреб мадех.Рост гуфтан даркор.Адабиет,таьрих,фалсафа илм нестанд.Инхо танхо машгулиятанд.Акнун садсолахо исбот шуд,ки фалсафаву таьриху адабиет–фанниву техники нестанд.Майнахои моро дар мактабхои миена бо хамин таьриху адабиет мачак карда буданд.Кадом бекор шабонарузи «Шохнома»ро мехонад.Кадом одам «Чанг ва сулх» и Толстойро мехонад.Ислом хам мухаррики пешравии истехсолоту дастовардхо нест.Ислом тарбия аст.Бохабар аз суннатхои мусульмони.Гарб кайхо боз ба шеьру назм талоки пурра додааст.Чи агар шахсе духтуриро хонда бошад,наметавонад бад таьрихро хонад.Е дойрачии ансамбль наметавонад,дастурхои духтуриро хонад.Ин ихтиерист..Хунари мушаххас доштан лозим,хунари замонавии технологи.Шеьру фалсафаву таьрихдони,инхо хунар нестанд.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)