Бахшҳо

Иқтисоддони тоҷик: Афзоиши миқдории музди меҳнат илоҷи кор нест

Суҳбати ихтисосии Меҳрангез Қодирова, коромӯзи “Озодагон” бо Абдумалик Мирзоалиев, мудири кафедраи “Баҳисобгирии иқтисодӣ ва аудит”-и Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон.


-Буҳрони молии ҷаҳонӣ то кадом андоза ба бозорҳои Тоҷикистон таъсир гузоштааст?

Абдумалик Мирзоалиев: Таъсири амиқ ва вазнин. Аммо аслан ин буҳрон буҳрони ҷаҳонӣ набуда, буҳрони минтақавист. Он дар қисме аз кишварҳои дунё, монанди кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо, Австралия, Ҷопон ва баъзе давлатҳои Аврупо мушоҳида намешавад. Ба он кишварҳо бештар буҳрони мигратсионӣ таҳдид мекунад.

Таъсири буҳрон ба Тоҷикистон аз таъсири таҳримҳои давлатҳои хориҷӣ алайҳи Русия аст. Мо ки то андозае вобастаи Русия ҳастем, зуд онро эҳсос мекунем. Масалан, воридшавии маблағ аз ҳисоби муҳоҷирон хеле кам шудааст. Натанҳо камчинии арзи хориҷӣ, балки камчинии пули миллӣ хам ба назар мерасад. Бар илова нархҳо дар бозор боло рафта истодаанд.

-Чӣ бояд кард, то нархҳо дар бозор устувор бошанд?

Абдумалик Мирзоалиев: Роҳи асосӣ ба роҳ мондани истеҳсолот аст. Дар ҳоли ҳозир ягона корхонаи саноатии кишвар “Барқи тоҷик” мебошад. Корхонаҳои боқимонда дар сатҳи миллию давлатӣ он қадар таъсиргузор нестанд. Хоҷагиҳои кишоварзии бузург барҳам хӯрдаанд. Дар соҳаи кишоварзӣ бештар занҳо ҳамчун қувваи корӣ истифода бурда мешаванд. Бояд сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман саноатиро бештар ба роҳ монд. Бояд таъкид намуд, ки хусусигардонӣ дар рушди саноат ва иқтисодиёти кишвар ҳеч нақше набозид, аз ин рӯ онро воситаи асосии амалигардонии ислоҳоти иқтисодӣ шуморидан хатост. Мебояд милликунонии истеҳсолот, аз ҷумла саноат ва кишоварзиро пеш гирифт. Танҳо корхонаҳои давлатӣ метавонанд бо масъулият ва назорати бештар дар пешрафти истеҳсолот саҳм гузоранд. Барои беҳтар ба роҳ мондани истеҳсолот бояд ба истеҳсолкунандаҳо имконият фароҳам оварду сабукӣ дод. Масалан, муқаррар кардани меъёри муайяни андоз, ки ба андозсупоранда вазнинӣ накунад. Корхонаҳои хусусӣ қудрати ба андозаи афзоиши буҷаи давлатӣ зиёд кардани иқтидори истеҳсолии худро надоранд. Вақте корхона бо сабаби буҳрони иқтисодӣ имконияти афзудани даромади худро надорад, ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки афзоиши сармояи корхона нисбати соли пешин бо сабаби гузориши он аз ҷониби муассис ва ё азнавбаҳодиҳӣ мавриди андозбандӣ қарор гирифта, пеши роҳи рушди тавоноии корхона мегарданд.

-Боло рафтани нархи долларро мешавад омили асосии болоравии нархҳо гуфт?

Абдумалик Мирзоалиев: Инҷо даҳҳо омил аст, ки яке аз онҳоро метавон ба доллар нисбат дод. Танҳо асъори миллӣ бояд дар муомилот истифода гардад ва баамалбарории ҳама гуна муомилот бо асъори хориҷӣ, хусусан бо доллар манъ карда шавад. Пул вобаста ба вақт қурб дорад. Як сомоние, ки имрӯз дорем, ба 1 сомоние, ки пагоҳ хоҳем дошт, баробар нест. Қурби сифатии пул аз қурби миқдории он боло меистад. Афзоиши миқдории музди меҳнат илоҷи кор нест, балки мебояд қиммати сифатии пулро боло бардошт. Аслан болоравии нархҳоро ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ нисбат медиҳанд, дар ҳоле ки бештари маҳсулоти талаботи аввалияи мардум, монанди картошка, сабзӣ, гӯшт, мева, маҳсулоти ширӣ, дар дохили мамлакат истеҳсол мегарданд.

-Мушкилоти ҳалталаби бозор аз нигоҳи Шумо кадомҳоянд?

Абдумалик Мирзоалиев: Танзими нарх зарур аст. Бетанзимӣ ба пайдоиши бозорҳои пинҳонӣ ва ин ба камчинии молҳо бурда мерасонад. Танзими давлатии нархро ба роҳ мондан ҳатмист. Масалан, ҳоло тибқи Кодекси андоз бояд баъзе молҳоро тибқи арзиши одилонаи бозорӣ ба ҳисоб гиранду барои андозбандӣ истифода баранд. Арзиши одилона, яъне, ман розӣ ҳастам ки ҳамин молро бо ҳамин нарх аз шумо харидорӣ кунам ва шумо розӣ ҳастед, ки онро бо ҳамин нарх ба ман бидиҳед. Барои таъмини шаффофияти фаъолияти соҳибкорон, инчунин ба роҳ мондани назорати давлатӣ ва танзими нарх ба фикри ман муносибати патентӣ бояд аз байн бурда шавад, зеро он аз вақти ҷоришавиаш муваққатӣ буд.
Мӯҳр
Илочашро намедонам, дар хамин рузхои истирохати кормандони барки точик аз модар тавалуд шудагимонда пушаймонамон карданд. Дар давоми руз 3- бор дарро тактак зада чанчолу хархаша эчод карданд. О руз тиед дар рузхои кори пардохт мекунем гуи, не ба мо супориш шудааст ки дар хамин рузхои истирохати маблаг чамъ кунем. О буча, ки камбагал бошад чи даркор маъракахои пурхарчи наврузию дигару дигар ва худнишондихи. Мардума фикр намекунед, ки бе чои кору бе манбаи даромад, аз кучо пули барку обу хизматрасонии комуналиро медихад? Ин хукумат намедонам чаро чунин муомиларо нисбати мардум пеш гирифтааст. Авал ба мардум чои кор дихед, бад дарашона так так кунед. Ин кормандони барк гуё ки гесхоро бобову бибиашон дар асри гузашта сохта бошад.

мехмон
Ин гапу фикрхои шумо бефойда !!! Аз соли 1991 ин тараф Точикистон дар бухрони иктисоди гутидааст. Аввалхои солхои 90- ум умуман гуруснаги буд. Баъдан мардум мухочиру мардикор шуд ва каме осуда гаштем. Мухочират мушкил шуду маблаг кам шуд. Инак таъсираш ба иктисодиёт расид.
Умуман бучаи давлати ва гардиши пулию моли ба мухочирон вобастаги дорад.

Саид
ин мудири кафедра бояд иқтисоди ҷаҳониро аз нав хонад

Камақл
Танзими давлатии нарх яъне чӣ?
Ин докторро ҳарфи аввал гуфтааш бо ҳарфи баъдиаш мухолифат дорад.
Дуруст гуфтанд, ки бояд истеҳсолотро ба роҳ монд, лек дар поён ба тарафдории танзими давлатии нарх гап мекушояд.

в
Танзими нарх? Ба ед биеред дар вакти Рамазон хукумати шахр кушиш кард то нархи гуштро танзим кунад. Натичааш ин буд, ки гушти босифат нест шуду гушти зарди камсифати модаговхоро ба савдо бароварданд. Боз хаминро мехохед? Мирзоалиев мутахассиси бухучет аст. Иктисоди бозориро умуман намефахмад.

99
Муттаассифона, ана ҳамин гуна "олимон" ҳам, яке аз омилҳои асосии ақибмонии иқтисодиёту мамлакат ҳастанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)