Бахшҳо
23 мар 2016 14:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

7 қурбонии садамаҳои рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз 18 то 22 март дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар 7 нафар ба ҳалокат расида, чандеи дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, 18 март дар шаҳри Истаравшан ронандаи 30-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар километр 287-ум, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов идораи сабукрави “Мерседес-Бенс”-ашро аз даст дода, онро ба дарахти канори роҳ мезанад. Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири мошин ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта, яке аз онҳо дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

21 март дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон марди 46-сола, ки боркаши “ЗИЛ-130”-ро идора мекардааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хоруғ-Мурғоб” дар километри 620-уми ҳудуди деҳаи Боғеви ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “БМВ” таҳти идораи ронандаи 30-сола бармехӯрад: “Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи “ЗИЛ-130” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи “БМВ” бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳамин рӯз, дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳам як садамаи маргбор ба қайд расидааст. Ронандаи 35-солаи “Опел-Зефира” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қӯрғонтеппа дар километри 46-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Обикиик бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 5-солаи сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“22 март, тахминан соати 23:45 автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи марди 29-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашина тамғаи “Волсваген”, ронандааш марди 22 солаи сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” ва мусофирони он, марди 31-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ду ҷавони 17 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд",-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
Савзаали
Худо рахматшон кунад 1таш хусурбачаи ман буд

ь
Худованд ба волидайнашон сабри чамил ато фармояд.

инсон
Худо рахмат кунад

Худо рахмат кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)