Бахшҳо
25 мар 2016 10:25Тоҷикистон / Сиёсат

Отамбоев: Бо Э.Раҳмон созишномаи марзиро имзо мекунем

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, дар масоили марзӣ бо Тоҷикистон забон ёфтаанд.

Отамбоев 24-уми март зимни посух ба суоли хабарнигорон дар Бишкек изҳор доштааст, ки гуфтушунид дар мавриди марз бо Тоҷикистон хеле хуб пеш рафта истодааст: “Интизор меравад, ки моҳи майи соли равон бо Эмомалӣ Раҳмон созишномаро имзо намоем. Дар мавриди минтақаҳои боқимондаи марз бо Тоҷикистон умед дорам, ки солҳои наздик тавофуқ ҳосил хоҳад шуд ва масъала пурра ҳал мегардад”.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970,8 километр марзи муштарак доранд, ки 451 километри он дар 70 нуқта баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Қаблан ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки бар асоси он гӯиё дар мавриди 519,9 километр марзи муштарак созиш ҳосил шудааст.

Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон муайянсозии марз аз рӯи эъломияи соли 1991-и Алмаато сурат хоҳад гирифт, ки тибқи он марзҳое, ки замони гирифтани истиқлолияти кишварҳо мавҷуд будаанд, ҳифз хоҳад шуд..

Аммо Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар шарҳи ин созишнома гуфт, дар 519,9 километр марз бо Қирғизистон ҳанӯз ду нуқтаи баҳсбарангез ҷой доранд. Аз ҷумла ба иттилои Кумитаи идораи замин Қирғизистон аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоби Тоҷикистон замин мехоҳад, ки баҳсбарангез аст.

Ятимзода мегӯяд,ҷониби Тоҷикистон ҳеч қарордодеро дар ин робита ҳанӯз қабул накардааст: “Дар ин масофа мо як - ду нуқтаи баҳснок дорем ва барои баррасӣ намудани он албатта мо омода ҳастем. Вақте аз ду ҷониб барои баррасии ин масофа ба таври мушаххас ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ карда мешаванд, баъдан мо дар сатҳи комиссияи байнидавлатӣ минтақаи муайяншударо барои баррасӣ пешниҳод мекунем. Ҳозир ягон қарордодро дар ин бора қабул накардаем”.
Мӯҳр
мехмон
Чиргатол , Мургоб ба Киргизистон , Регар Зафаробод ба Узбакистон, Мургоб ба Чин , Бадахшон ба Авгонистон о кучои Точикистон аз точикон ва ба точикон мемонад ???

Бародари мехмон дар боли кайд карди ки ба точикистон чиш мемона,
Хай хамаша грфтан Ховалинги биён, мо рахтон метем!

Точик мардуми хуб аст. Хечгох тарафдори чангу хунрези набуд намешавад. Заминхоро бо дасти худ бо одобона бароварда такдим мекунад, на чанчолу хархаша ва баръакс ризояту тахсин. Киргиз алакой 2-сол пеш кисми замини моро гирифт, узбак низ аз ин бахра бурд, Хитой низ гирифт. Мо президенти сулхпарвар бо хоричи давлато дорем, ки асло намегузорад, ки барои замин шуда дар байни кишвархо ноамни пайдо шавад. Як чахон ташакур, шугронаи бокимонда заминхо ва ахли давлатро кунед!

Tojikzoda
Чаро пешвои миллат дифоъ аз замини ин миллат намекунанд? модоме ки Пешвои миллати точик шуданд чаро аз паси халлу фасли масъалаи марзии бахсдор намешаванд? мо хануз дар хотир дорем аз паси ин масъалаи марзи чанд точикон чони худро курбон карданд, аммо дифоъ ва ё хамдарди аз пешвои миллат надидем ва нашнидем. Афсус... сад афсус

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)