Бахшҳо

Шикояти тоҷикон аз депорти бе далел: Ҳуҷҷатҳоро доштем (ВИДЕО)

Ду муҳоҷири тоҷик иддао доранд, ки пулиси рус бе ягон далел онҳоро боздошт кардааст ва суди ин кишвар бе асос қарори ихроҷи онҳоро содир намудааст.

Фарҳод Набиев, муҳоҷири 21 солаи тоҷик ба ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” муроҷиат карда, арз доштааст, ки ӯ ва рафиқашро дар назди метрои “Пражская”-и Маскав маъмурони пулис боздошт кардаанд: “Аз ҳуҷҷатҳо бо худ танҳо ҳуҷҷати бақайдгирии муҳоҷиронро надоштем, вале нусхаашро доштем. Аммо маъмурони пулис гуфтанд, ки ин эътибор надорад. Дарҳол ҳуҷҷатҳои моро ба суд ирсол карданд. 5 ҳазор рубл ҷарима баста, гуфтанд, ки барои тарки Русия 5 рӯз муҳлат доред. Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба суд пешниҳод кардем, вале судя чизеро ба назар нагирифт” .

Набиев афзуд, ки нисбати ин қарори суд ба марҳилаи болоӣ шикоят бурданд, вале дар посух ба онҳо 10 рӯз барои тарки Русия муҳлат додаанд: “То ҳол номи мо дар рӯйхати Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳаст, вале намедонем, ки бо кадом ҷурм депорт шудаем”.

Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” бо нашри навори муроҷиати муҳоҷирони тоҷик, тасдиқ кардааст, ки дар бисёри ҳолатҳо муҳоҷироне низ депорт мешаванд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро доранд. Ӯ бо зикри ин ҳолат ҷониби Тоҷикистонро дар беамалӣ муттаҳам мекунад, ки ба ҷои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон хомӯширо авлотар медонад.

Дар идома Шарипов муҳоҷирини тоҷикро манбаи даромади маъмурини боздоштгоҳҳои муваққатӣ арзёбӣ кардааст, ки аз депортшудаҳо маблағ меситонанд. “Барои фиристодан ба Ватан ба ҷои 8500 рубл 18000 рубли русиашонро мегиранд. Ҳазор духтарону ҷавонони тоҷик танҳо дар як боздоштгоҳи муваққатии Сахаров нигоҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо зиёда аз шаш моҳ аст, ки дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд”.

Каромат Шарипов ба ду муҳоҷири корафтода ваъда додааст, ки барои ҳифзи ҳаққи онҳо талош хоҳад кард: “Мо метавонем муборизаҳои зиёд бурда, ҳар дуи шуморо ҳақ барорем ва як танга ба ягон мақомоти рус намедиҳед. Набояд ягон нафар аз кормандони мақомоти рус ба шумо бо бадӣ назар кунанд”.


Мӯҳр
Кидатчи.Тарабхона.
Ин хел нест.Хакро гуфтан даркор.Дар шахри Санкт–Петербургу вилояти Ленинград хам капо капаки мухочирон давом дорад.Як хел мухочирогро се сол пеш жар паспортхояшон депорт зада буданд.Мо мухочирон,паспортхоро иваз мекунему дар чашми фмсчихо хок мепошем.Хаел мекунем,ки мо доноему онхо гарангу содда.Якравии точикро бинед,ки бурда махкамаш мекунанд,боз «пасредник»мекобад,ки тезтар ба даруни самолетро барандаш.Чои махкамаи мухочирон Красный Село ном нохия мебошад.„Посредник»хо аз хншу таборони капида шудахо пули калон мегиранд.Аввал барои баровардани онхо,дидан,ки нашуд,дар билети самолет сарф шуд мегуянд.Ина боз як мухочирзане аз нохияи Чоми барои баровардани додараш,20–хазор рубли руси ба дасти «пасредник» дод.Вай ба начальники ончо зур будааст.Ьоз занг зада гуфтааст,ки «апашка,додаратон е иллаллази мешавад,е улаллази...,уллаллазияьне Точикистон фиристонланд.Ин 20–хазор хам «уллалази» шуд.Тартиботи «пасредник»хо ва шарти онхо хамин аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)