Бахшҳо

Ирсоли парвандаи қаллобии бародари А.Ғоиб ба Суди Олӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрукро ба анҷом расондааст. Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 25 март аз Додситонии кулли Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, парвандаи Наҷмиддин Саидов ва се гумонбари дигарро як ҳафта қабл ба Додгоҳи олӣ ирсол кардаанд. Аммо манбаъ аз ифшои ҷузъиёти бештари қазия худдорӣ кард.

Моҳи гузашта Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, парванда бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи Наҷмиддин Саидов ба додситонӣ ворид гардидаст. Мирзохонзода илова намуд, дар ин қазия чанд нафари дигар ҳам ҳастанд, ки парвандаҳояшон вориди додситонӣ шудаанд. Додситонӣ он замон ҳам шахсияти муттаҳамони дигари ин парвандаро ифшо накарда буд.

Қаблан расонаҳо, иттилоъ иттилоъ доданд, Наҷмиддин Саидов, ки моҳи октябри соли гузашта ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид, бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, муодили 200 ҳазор сомонӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз боздошт раҳо шудааст. Тибқи иттилои нашршуда Наҷмиддин Саидов барои таъини як шаҳрванд ба мақоми раиси гумрук дар Суғд 600 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ боздошт шудааст.
Мӯҳр
Агар ягон бародар ва фарзанди мардуми одди мешуд, худори намекарданд. Холо он бародари Саид Фатох, амаки писархонди Президент, худдори мекунанд. Кани бинем окибаташ чи мешавад, гарчанде маълум аст, ки хеч коре аз дасти онхо омода нест.

Сафар
Озодаш мекунанд хатман бо ягон чаримаи 4-7 хазор сомона! Ва бозхам газаба мардумро ба ноадолатии суду прокурор меоранд, ки чи гуна нафаре барои намозхони бо дигар тарз аз 7 то 18 сол мегираду порахуре бо гирифтани зиëда аз ним милион долар озод мешавад!

Хоркаш
Ҳеҷ гап надорад. Суди Олӣ парвандаро барои азнав дидан ба ВКД бармегардонад, он ҷо Шоҳрухҷон амакашро шутури сафед карда, кори прекуратураи генералиро ду пул мекунад.

Ба Сафар! Бародар у ягон вакт дар хабс набуд. Шумо навиштед, ки озодаш мекунанд. Уро худи хамон замон озодаш карда буданд ва дар озоди мегашту парвандааш тафтиш мешуд. Гавхорааш ки аз осмон фаромадааст зиндонро намебинад гарчанде чинояти нихоят впзнин содир кардааст. Вай ягон бечораи камбагал нест ки дар турма шинад.

Эрач
Ин чи шурест ки дар даври камар мебинам, Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)