Бахшҳо

Шикояти Зумрад Наҷмиддинова аз 5 соли ҳабси шавҳараш

Зумрад Наҷмиддинова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки додгоҳи ин ноҳия шавҳарашро 8,5 сол равонаи зиндон кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди шикоятҳояш ба ниҳодҳои баландпояи кишвар аз ин ҳукм ҳанӯз посухи мушаххас нагирфтааст.

Зумрад Наҷмиддинова ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, баъди як муноқиша бо ҳамсоя додгоҳ 22 апрели соли 2015 ҳамсараш -- Ғанихон Назаровро дар авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ муҷрим шинохта, 8,5 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ба қавли хонум Наҷмиддинова, аз ин ҳукм ба додгоҳи вилояти Хатлон шикояти касатсионӣ бурд ва 3,5 сол аз муҳлати ҷазои ҳамсараш кам карда шуд: “Аммо ҳеч далеле барои панҷ сол ҳабс кардани шавҳари ман нест. Дар мурофиаҳои судӣ чизе исбот нашуд”.

Ӯ иддао дорад, аслан дар ин қазия на шавҳари ӯ, балки дигарон ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд: “Ин кор ҳамин хел шуд, ки як рӯз ҳамсарам аз кори савдо, аз бозор ба хона омад. Ҳамин вақт писари бародараш бо даҳону бинии варам омада гуфт, 5 писари ҳамсоя ӯро заданд. Шавҳари ман барои маълум кардани сабаби ҷанҷол рафт, аммо онҷо дашномаш карданду мехостанд, ки латту кӯб кунанд ва ӯ гурехта ба хона омад”.

Зумрад мегӯяд, баъди чанд лаҳза 5-6 нафар аз наздикони писари ҳамсоя ба ҳавлиашон омада, муноқиша карданд: “Маро низ заданд, ҳуҷҷати суд-экспертизаро дорам. Дар ҳавлии мо сари яке аз онҳо ҷароҳат бардошт ва шавҳари маро ба суд доданд. Мо даъво бурдем, ки ӯро шавҳари ман назадааст, балки рӯи оҳанпораҳое, ки дар ҳавлӣ буд, афтида, ярадор шудааст”.

Ҳамсари Ғанихон Назаров мегӯяд, барои расидагии одилона ба қазияи шавҳараш ба Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ, Додситонии кул муроҷиат кард, вале ҳанӯз посухи мушаххасе нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо аз Дастгоҳи раисиҷумҳур мактубе гирифт, ки дар он ба Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл гуфта шудааст, ин масъаларо дида, аз натиҷааш ба муаллифони муроҷиатнома хабар диҳанд: “Мо интизорем, ки чӣ мешавад. Шунидем ки аз Прокуратураи генералӣ низ ба маҳбасхонаи №7-и шаҳри Душанбе, ки шавҳарам он ҷо аст, мактуб ирсол шудааст, ки бояд то 28 март парвандаи шавҳарам аз нав дида шавад”.
Мӯҳр
Маалим
Агар дар ҳавлии худаш зада бошад ҳам барои ҳифзи худ, аъзои хонавода ва моликияти шахсияш кардааст.
Чӣ хел дар ҳарими шахсии ман (ҳавлии ман) даромада, хонаводаи маро мезананд ва ман коре намекунам?! Агар ман мебудам, пои ҳамаи он нафаронро зада мешикастам.
Қонун дахлнопазирии ҳарими шахсӣ ва моликияти шахсиро кафолат медиҳад.
Аз Прокурори Генералии хоҳиш ҳамин, ки ҳамон одамҳои делокушодаро аз тафтиш ва санҷиши касбӣ гузаронанд.

Ин хама талошхо бефоида аст апаи азиз. Дар чунин казияхо пул рол бози мекунад. Прокуратура ва суд оё фикр мекуни, ки пушти хакикат мегарданд? Агар чунин мешуд он хамма касрхои бошукухи ин афрод ва зиндагии тилоии хонаводаи онхо аз кучо мебуд. Инро хамма медонад ва хато раиси чумхур хам. Боз барои онхо аз бучаи давлат харуз коргоху утокхои замонавии кори ва хонахои баланд ошиёна сохта рогон такдим мешавад. Ин хама барои он аст, ки дар холатхои зарури пушти хукуматро химоят кунанд. Пул ёбу шавхарата хар.

Нахзатихоро бе ягон исботу далел 25 соли хабс мекунанду , инаш бахайр аст.

Саид
Апаи зумрат бисе нанавис бо 10 солш накнан.

Бевафо.
Ахсант хохарам, зани вафодор будаед.Занеро медонам,ки панч вакт намоз мехонду курьонро низ бо мушкило кироат мекард.Сохиби 3–фарзанд.Халифаву сатрпуш буд.Шавхарашро 12–сол хабс карданд.Дар ним сол талок пурсид.Чудо шудОмада дар Питер парастори кампири барчомондае шуда,«кавлер»и ришдори таксиронпайдо кард.Боз тарзи сатрпушихояш дигар хел–тангу«фигурадор» гардид.Лекин хаму «мун мун» гуфтанаш дмгар нашуд.Эьтикодам ба ин «халифабиби» коста шуд.Бехтараш бо Зарринаи сигоркаши ошкоро истода,сигор дуд додан хубтар аст.Зеро,ки у бо ду бародари худ дар хучраи алохида зинлаги доранд.Ба чуз сигоркашиаш дигар рафтори бадеро дар у надидам.Субхгохон ба кор%кучаруб) рафта,шомгохон бар мегардад.Баьзеи холатхо бародаронашро бо лафзи руси чунон хам дашномхои ошенадор мекунад.Оекин боз аз худо тавба мепурсаду ба балкон баромада «дуди гам»ро мебарорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)