Бахшҳо

“Ақибнишинӣ”-и неруҳои Узбакистон аз марз бо Қирғизистон

Узбакистон тамоми неруҳояшро аз минтақаи Чаласарт дар марз бо Қирғизистон берун бурд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, Раимбердӣ Дуйшенбиев, раиси хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар суҳбати телефонӣ ба Алмосбек Отамбоев гуфтааст, 26 март ҷониби Узбакистон техникаи ҳарбӣ ва низомиёнашро аз минтақаи баҳсноки марзии Чаласарти ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод берун бурдааст.
Раиси хадамоти давлатии марзбонӣ гуфтааст, тибқи қарордоди ҳосилшуда, ниҳодҳои марзбонии ҳар ду кишвар тартиби маъмулии ҳифозати марзро идома медиҳанд.

Канор бурдани техникаи ҳарбӣ ва низомиёни узбак баъд аз мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Узбакистон ва Қирғизистон дар 25 март дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Қия-автодорожний” шурӯъ шудааст. Ба иттилои маркази матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин мулоқот бо дархости ҷониби Узбакистон сурат гирифтааст.

Буҳрони навбатӣ дар марз замоне сар зад, ки 18 март ҷониби Узбакистон дар минтақаи баҳсноки марзӣ сарбозон ва техникаи ҳарбиро ҷобаҷо кард. Дар посух Қирғизистон низ дар ин минтақа неруҳои изофиро ҷойгир намуд.
Мӯҳр
Акнун бояд Киргизхо дарк кунанд, ки чунин рафтор боиси ранчиш ва кохиши ду хамсоя мегардад. Киргизхо чанд бораст, ки чунин амалро ба Точикистон раво мебинанд. Лекин хукумати мо чунин чорахои фавриро намеандешад. Агар меандешид онхо низ чуръат намекарданд ва ба хонаи шахрванди точик шахрванди киргизро чо намекарданду дар боми бинои точик байраки киргизро намеовехтанд. Ватанпосдориро аз мардуми чашмтаг бояд точикхо омузанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)