Бахшҳо

Додситони кулл: “Ҷиҳод” мақсади меҳварии “Салафия” аст

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, 85 дарсади тоҷикистониён, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд.

Юсуф Раҳмон дар мусоҳибааш бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатиро зарур хонда, дар идома боздошти имом-хатиби масҷиди панҷвақтаи «Абузари Ғифорӣ»-и ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расуловро мисол овардаст: “Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдурасул Аҳмадов бо ҳамдеҳагонаш А. Сатторов ва Д. Тоҳиров моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Маскав бо даъвати Илёс Малабоев, ки ҳамчун аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар кофтукоби расмӣ қарор дорад, ба сафи ин созмон шомил гардиданд. Малабоев ба онҳо таъкид кардааст, ки барои ҷиҳод иштирокашон дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия ҳатмӣ набуда, метавонанд дар ҷойи истиқоматӣ ҳамдеҳагонашонро ба ҷиҳод даъват намоянд. Сипас, онҳо моҳи сентябри соли 2015 ба ҷойи истиқоматашон баргашта, дар масҷиди панҷвақтаи ба номи «Абузари Ғифорӣ»-и ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов якҷо бо А. Сатторов, имом-хатиби масҷиди номбурда, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ҷиҳодӣ ва даъвати ҳамдеҳагонашон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия машғул шудаанд. Онҳо дастгир ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд”.

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд: “Бояд хотирнишон намуд, ки даъват ба «ҷиҳод» яке аз мақсадҳои меҳварии «Салафия» буда, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шуда, дар Сурия ва Ироқ бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ меҷанганд, аввал ба ҷараёни динии «Салафия» гаравидаанд. Бо дарназардошти ин ҳолат, дар ҷаласаи 10 марти Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз прокуророн ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки фаъолиятро дар самти мубориза бо амалҳои ҷинояткоронаи пайравони ин равияи экстремистӣ низ ба таври зарурӣ ба роҳ монанд”.

Оқои Раҳмон илова намудааст аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мебошанд.
Мӯҳр
Мухтарам доситони кул! Агар дохилшави ба гурухо аз хисоби мухочирони мехнати бошад, о хеч касро ба мухочират намонеду дар хаминчо бо кор таъмин кунед. Ана рохи пешгири. О мардум, ки гушна монд ба хар рох меравад. Агар фарзандони шумо нон пурсанду шумо ёфта натавонед, дар хол переварот мекунед. Акнун ХНИТ нест боз салафихо бахона шуданду мухочирон? Ин отвлекающий маневр мебошад, ки шумо мардума бо хар бахона мехохед дар зери сиёсати шадид карор дихед, вагарна дар Точикистон ягон салафи нест. То рузе ХНИТ буд мавзуи шумо ХНИТ буд, акнун салафи сар шуд, баъд боз вахоби. Мардум беакл нест.

Мухочир
Мухтрам Додситон мебахшед бо чой кор таъмин кунед шахрвандонро то ки овораи Руссияву дигар давлатхо нашаванд. Дар руссия ки имрузхо депорт мекунанд бачахоро азоб метияншон маблагхои кор кардагишона наметиян бад чи кор кор мекунанд ба Сурияву Ироку дигар чо мераванд.

САФАР
О ЧАНОБИ ПРАКРОР САЛАФИРО ИМРУЗ МЕДОРАНД ФАРДО ОЗОД МЕКУНАНД БО ИНТАВР ПЕШИ САЛАФИЯРО ГИРИФТА НАМЕШАВАД,,,АЗ НОХИЯИ ХАМАДОНИ САРДОРИ САЛАФИХОРО ДАСТГИР КАРДАНД БО НОМИ ЛУТФУЛЛО КИ САДХО ЧАВОНОНРО БО АКИДАИ САЛАФИГИ ЗАХРОЛУД НАМУДААСТ,,,АЗ ПРАКРОРИ ХАТЛОН ПУРСЕД КИ ДАР ИВАЗИ ЧАНД СУМ УРО РАХО КАРДАИСТОДААНД БО БАХОНАИ СУДИ МОЛИ ЯЪНЕ ШАСТХАЗОР СУМ,, ИН ЛУТФУЛЛОИ САЛАФИ ФАРЗАНДОНИ МОРО АКИДАИ САЛАФИГИ ТАЪЛИМ ДОД КИ ЯКЕАШ ПАНЧ ДИГАРАШ ХАШТ ДИГАРАШ ПОНЗДАХ АММО ХУДИ ЛУТФУЛЛОИ САЛАФИИ ЯЗИДПАРАСТ ИМРУЗ Й ФАРДО БО БАХОНАИ ПАРДОХТИ ШАСТХАЗОР ОЗОД МЕШАВАД КАНИ ЧАНОБИ ПРАКРОР ПЕШИ ИНРО ГИР АГАР ВОКЕЪАН НАМОЯНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТУ ЧАНОБИ ОЛИ БОШИИИ КИ ВАЪДА ДОДИ БА ЧАНОБИ ОЛИ ХИЙНАТ НАКАРДАНРО

Ватандустдои
О мухтарам дотситон барои пешгири бояд мо шахрвандони баору номус шабу руз нагуфта дар байни мардум фахмондадихи гузаронем ва нагузорем ки хоинони ватан чавонони моро гумрох кунанд .Дар хамачо шахрхо,дехотхо,дехахо ва махалхо ха инчунин дар телевизиону радио оиди ин бисёртар маълумот пешнихот карда шавад аз манфиат холи нест .Мо чавонон намегузорем ки ин хоинони ватан бародарон ва додарони моро рахгум созанд. Мо зери соям пешвои миллат бар зидди хоинон мубориза мебарем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)