Бахшҳо
30 мар 2016 14:02Тоҷикистон / Акс / Тема дня

Дастури Э.Раҳмон барои камхарҷ кардани ҷашнҳои давлатӣ ва омодагӣ ба зимистон (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30 март дар ҷаласаи ҳукумат масъалаи омодагӣ ба зимистони оянда, камхарҷ гузарондани ҷашну чорабиниҳои давлатӣ ва бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияи Рӯшонро ба миён гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҳукумат таъкид гардид, ки имсол навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 мавриди истифода қарор дода мешавад: “Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то моҳи октябри соли 2016 тамоми иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои баландошёнаи пойтахт ба системаи гармидиҳӣ пайваст карда шавад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки аз ҳозир роҳбарони сохторҳои марбута баҳри захираю таъмини маводи сӯхт ва хӯрока, инчунин омода кардани муассисаҳои соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва зеристгоҳҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба иттилои манбаъ дар пайи баррасии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 ва шунидани гузориши раисони ноҳияҳои мазкур, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои давлатӣ барои пурра бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рӯшон ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Зимни ҷаласаи ҳукумат зикр шудааст, ки дар доираи нақша тайи соли 2016 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 20 корхона бо 195 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 70 корхона бо 3670 ҷойи корӣ, вилояти Суғд 55 корхона бо 880 ҷойи корӣ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 19 корхонаю коргоҳ бо 1300 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст: “Ғайр аз ин дар корхонаҳои амалкунандаи кишвар таъсиси коргоҳҳои нав ва марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо 3000 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст”.

Дар охири ҷаласаи ҳукумат раисиҷумҳури Тоҷикистон барои тезонидани корҳои саҳроӣ, содироти меваю сабзавот, вусъати корҳои ободонӣ, рушди туризм, омодагӣ ва дар сатҳи хуби ташкилию камхарҷ гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷашну идҳо супоришҳо додааст.

Мӯҳр
Рости гап аз эълонхо ташкили чойхои кори хар сол ки маълумот дода мешавад, ягон зара бовари надорам. Харсол ба ин эълонхо агар назар куни дар микёси Чумхури зиёда аз 1000 000 чойхои кори ташкил мегардад, аммо кучост он чойхои кори ки мардум онро намеёбанд. Як милион мухочир таи ин солхо бо ин элони чои кори бояд дар ватан бо кор таъмин мешуд, аммо микдори дар ватан мондаи шахрвандон чои кор намеёбанд. Оё хукумат аз чунин сабсатахо шармашон намеояд? Дар бораи камхарч шудани чорабинихо мегуянду аммо то рафт пурхарачот мегардад. Мисол наврузи имсола. Бародарон ин харочотхо аз кисаи мову шумо хаст, эрод нагиред. Бучаи давлат ин кисаи шахрвандонаш мебошад. Озодагон!

Аминчон Шукухи
омодагӣ ва дар сатҳи хуби ташкилию камхарҷ гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷашну идҳо супоришҳо додааст.
Гузаронидани чашни бошукухи Наврузи ба ин дохил намешавад.

Карим
пешвозгирии тантанавии худро дар ҳар як шаҳру ноҳия кам кунад, хуб мешуд

Аминчон Шукухи,
Чашну марсимхои давлатиро камхарчу бе даддабаи зиети гузарондан даркор. Хар гуна раксхои донишчуен чи даркор, онхо ба чои хондан 4-5 мох машки ракс мекунанд барои ракси 10 дакикаги дар хузури рохбарон. Барои хурду хуроки хар гуна мехмонхо миллионхо сарф мешавад, дар ин миен миллионхои дигар дар кисаи ин ташкилотчиен "гайб" мезананд. Пешниходи оли, вале амали шуданаш багумон, зеро чои дузди намемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)